Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯробҳои бадахшӣ, ҳушдори Путин ва обистании Бритни


Дориюш Аз ин ҷову он ҷо

Беҳрӯз Имомов, як ҷавони 23 солаи тоҷик дар ҷашнвораи байнулмилалии "Губернский стиль" ё "Cабки шаҳристонӣ" дар шаҳри Воронежи Русия мақоми дуввумро касб кардааст. Беҳрӯз Имомов як тарроҳи либос аст ва дар ин озмун ҷӯробҳои бадахшии тоҷикӣ рӯи тасмими доварон нақши вижае доштааст. Беҳрӯз мегӯяд, ки ширкаташ дар ин озмун ғайримунтазира будааст. Як рӯз вай дар шабакаи ҷаҳонии Интернет огаҳиеро дид, ки тарроҳони либосро ба Воронеж барои ширкат дар ҷашнвора даъват мекард. Ӯ ҳам дархости ширкат фиристод ва пас аз як ҳафта даъватномаи созмондиҳандагони ҷашнвораро дарёфт кард. Дар ин ҷашнвора тарроҳони либос аз Русия, Укроин, Эстуни ва чанд кишвари дигар ширкат доштаанд. Пас аз дарёфти даъватнома Беҳрӯз шитобон тайи як моҳ ду колексиюни либос ҷамъоварӣ кард ва роҳ уфтод. Либосҳое, ки Беҳрӯз Имомовро дар ин ҷашнвора соҳибном кард, Аскар ва Найсон унвон доранд, ки яке ба либоси низомӣ мемонад ва дуввумӣ омезаест аз Ғарбу Шарқ. Талоши мукаррари мо барои пайдо кардани Беҳрӯз барои ширкат дар барномаи имрӯзамон ба натиҷае наанҷомид. Ҳар ду телефуни Беҳрӯз дар Душанбе буғи ишғол мезаданд, шояд теъдоди хоҳишмандони муъошират бо ӯ дар ин рӯзҳо андак нест. Аммо мо ҳам ки ба ин осонӣ навмед намешавем ва боз ҳам талош хоҳем кард, ӯро пои суҳбати Ояндасоз бикашем. Ба умеди дидору гуфтор, Беҳрӯз.


Рӯзи сешанбе ҳудуди 1500 донишҷӯи лаҳистонӣ ба хиёбонҳои шаҳри Варшав рехтанд ва алайҳи пайвастани Лиги Хонаводаҳои Лаҳистонӣ ба эътилофи ҳоким, ки як созмони рости ифротист, эътироз карданд. Ангезаи дигари онҳо барои ин эътироз пайвастани ҳизби Самооборона ба эътилофи ҳоким буд. Дар ин тазоҳуроти донишҷӯён чандин ҳизбу созмони чапгаро низ ширкат карданд. Яке аз мавориди умдаи эътирози донишҷӯён таъйини Роман Гйиртих, раҳбари Лиги Хонаводаҳои Лаҳистонӣ ба мақоми вазорати омӯзишу парвариш буд.


Владимир Путин, раисиҷумҳурии Русия дар суханронии худ ба муносибати рӯзи пирӯзӣ бар Олмони фошистӣ гуфт: "Ононе, ки талош мекунанд парчами уфтодаи фошистҳоро дубора баланд кунанд, онҳое, ки тухми нафрат, ифротгароӣ ва бегонаситезиро дар ҷомеъа мекоранд, бояд бидонанд, ки рӯ ба бунбаст доранд ва ба самти хунрезии бемаънӣ ва хушунат ҷилав мераванд". Ба гуфтаи вай, шикасти фошисм бояд барои дигарон дарси ибрат бошад. Дар Русия теъдоди ҷавонони неу-фошист ва бегонаситез ба ҳамроҳи мавориди ҳамла ба атбоъи бегона дар он кишвар рӯ ба афзоиш аст. Шумори зиёде аз муҳоҷирони тоҷик низ ҳадафи ин ҳамалот воқеъ шудаанд.


Аз ҷаҳони мусиқӣ. Бритни Спирз, овозхони попи омрикоӣ, дар як барномаи телевизюнӣ ба Дейвид Леттерман, муҷрии барнома гуфтааст, ки ҳомила аст. Пас аз дидани ҳолати шук ва шигифтӣ дар сурати Дейвиди бечора Бритни гуфт: "Нигарон набош, Дейв. Обистании ман кори дасти ту нест". Дейвид ҳам бедиранг аз ҳолати даступочагӣ берун омад ва гуфт: "Хуб аст. Фикр мекунам барои ҳар дуи мо ин як хабари хубест". Бритни Спирз, ки 24 сол дорад ба ҳамроҳи шавҳараш Кевин Федерлайн як писар дорад, бо номи Шон Престон, ки моҳи сентябри соли гузашта зода шуд. Федерлайн ба навиа худ аз дӯстдухтари қаблиаш ду кӯдаки дигар дорад. Бо ин васф, интизор меравад, ки пас аз муддате Бриттни зери бори гарони модарӣ, андак-андак ҳирфаи модариро бар ҳирфаи овозхонӣ тарҷеҳ диҳад ва моро аз дидану шунидани садову симои хубаш бенасиб созад. Як фарзияи берабт буд, албатта.
XS
SM
MD
LG