Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медалҳои нави варзишгарони тоҷик


Рауф Ҳикматов, паҳлавони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ дар риштаи дзюдо барои дарёфти ҷоизаи хотираи Санҷар Ҷондосов, гуштигири маъруфи қазоқ медали биринҷӣ ба даст овард. Носир Бозоров, сармураббии тими мунтахаби гуштии дзюдои Тоҷикистон бо эъломи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқот, ки барои сездаҳумин бор дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор шуд, варзишгарони 25 кишвари олам ширкат варзиданд. Вай афзуд, Рауф Ҳикматов дар рақобатҳо дар вазни 81 кило бар гуштигирони қазоқ, қирғиз, рус ва муғул ғолиб омада, аз паҳлавони куриёӣ мағлуб гашт ва мақоми севвумро ишғол намуд.

Дастаи мунтахаби кикбоксинги Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Тошканди Узбакистон соҳиби 16 медал, минҷумла 5 медали тилло гардид. Бино ба иттилоъи Мирсаид Яҳёев, мураббии дастаи Тоҷикистон Манучеҳр Нозимов дар рақобатҳо дар вазни 60 кило ва Далер Сайфиддинов дар вазни 71 кило муваффақ ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ шуданд. Дар рақобатҳо миёни наврасон Парвизи Муродзод дар вазни 45 кило, байни духтарон Зӯҳро Холова дар вазни 45 кило ва Нигора Ҳамидова дар вазни 58 кило мақоми аввалро касб карданд. Эмомалӣ Малаев (54 кг), Дилшод Сайфиддинов (60 кг) ва Далер Тӯраев ( 86 кг) байни бузургсолон, Далер Шарифӣ (67 кг) ва Рустам Тухтаев (беш аз 67 кг) миёни наврасон бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд. Хурсанд Ҷамшедов ( 63,5 кг) ва Рустам Улмасов (67 кг) дар мақоми севвум қарор гирифтанд. Фирдавс Муҳиддинов (45 кг), Беҳзод Нормуродов (54 кг), Мақсуд Маҳмудов (57 кг) байни наврасон ва Зарина Икромова (54 кг) миёни духтарон медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Ҳамзамон дар Узбакистон мусобиқоти қаҳрамонии Осиёи Марказӣ дар риштаи каратэ-до байни наврасон баргузор шуд. Баҳром Ҳамидов, дабири кулли Федератсияи каратэ- дои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқот варзишгарони тоҷик нӯҳ медал ба даст оварданд. Комрон Пӯлодӣ, Сӯҳроб Абдуллоев, Фирӯз Темуров ва Сайёд Мирзобобоев бо медалҳои тилло, Умед Имомов ва Мухторшайх Файзуллоев бо медалҳои нуқра, Бадриддин Умедов, Аслиддин Нигоров ва Ҳайдаралӣ Сунатуллоев бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
XS
SM
MD
LG