Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухҳои нави Сафири Тоҷикистон


Дар бахши гузашта ҷаноби Ҳамроҳхон Зарифов ба саволҳое посух дод, ки бештар ба робитаҳои миёни Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳида ва куллан фаъолиятҳои дипломатӣ дахл доштанд. Имрӯз бахши дуввуми посухҳои ӯро мехонед, ки таҳсили донишҷӯёнро дар Амрико меҳвар қарор додааст.

Мӯҳтарам сафир, мехостам оид ба ҳуқуқи донишҷӯёни бурунмарзӣ дар Амрико воқиф гардам. Фирдавс, донишҷӯ.

Донишҷӯи мӯҳтарам.
Аввал ин ки донишҷӯёни амрикоӣ аз ҳамсолони Тоҷикистонии худ фарқи зиёде надоранд, ҳамон шавқу завқи баланди донишомӯзӣ, ташнагиии дониш, кунҷковӣ ва интизориҳои зиёде аз оянда... Дар хусуси донишҷӯёни хориҷӣ бошад, онҳо дар Амрико аз тамоми ҳуқуқу манфиатҳои ҳамсолони амрикоии худ бархӯрдор ҳастанд. Ягона фарқе ҳаст, ин ҳам бошад аз рӯи кадом ҷадвал пардохт кардани маблағи таҳсил. Ҳар як аёлат ва ё ҳар як донишгоҳ нархнома дорад, ки барои шаҳрвандони ИМА ва хориҷиён ва ё ғайримуқимиҳо фарқ дорад. Барои мисол, агар як кредит (курси пурраи як фан) барои донишҷӯёни амрикои 300 доллар бошад, барои хориҷиён аз 500 то 2000 доллар аст. Вале, такрор ҳам шавад, ин вобаста аз донишгоҳ аст, барои он ки ҳар донишгоҳ нархномаашро худаш муайян мекунад.
Ногуфта намонад, ки донишгоҳҳои ИМА ба бисёр донишҷӯёни хориҷӣ бурс ва ё стипендия медиҳанд, ки тамоми хароҷоти онҳоро дар бар мегирад. Аз ин ҷиҳат донишҷӯёни хориҷӣ бартарӣ доранд, чунки барои амрикоиҳо, гирифтани бурс хеле мушкил аст. Дигар ин, ки дар Амрико системаи кредитдиҳӣ барои донишҷӯён вуҷуд дорад, ки аз он хориҷиён низ истифода мебаранд. Худи қарз барои хониш, бо суди хеле кам дода шуда, дар давоми 10-15 соли баъди хатми донишгоҳ баргардонида мешавад. Агар дар бораи донишҷӯён сухан ронем, ҳангоми қадам задан дар донишгоҳҳои Амрико ҳеч вақт намебинед, ки донишҷӯён гурӯҳ-гурӯҳ гирд омада, сӯҳбати дурудароз дошта бошанд. Ҳамеша ҳама дар такопуи дониш ҳастанд ва ростӣ, интизом дар донишгоҳҳо низ хеле сахт аст. Ба донишгоҳҳои Амрико дохил шудан мумкин осон бошад, вале таҳсил кардан хеле мушкил аст. Ҳуқуқи асосии донишҷӯи Амрико ин талаб кардани дарси баландсифат аз устодон аст, ки онҳо аз ин ба хубӣ истифода мебаранд. Дар охир гуфтаниам, ки ҳар сол аз хориҷа ба Амрико садҳо ҳазор донишҷӯ барои таҳсил меоянд, ки яке аз пурдаромадтарин намудҳои тиҷорат аст. Барои ҳамин, ИМА ҳамчун содиркунандаи бузуртарини дониш дар дунё, кӯшиш мекунад, ки тамоми шароитҳоро барои ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ таъмин намояд, аз он ҷумла ҳуқуқҳои баробар.

Чаро дипломатҳои тоҷик бо донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа робитаи хуб надоранд? Барои мисол, мо сафирони дигар кившарҳоро мебинем, ки ҳар моҳ бо донишҷӯён мулоқот мекунанд ва аз ҳолу таҳсили онҳо огоҳ мешаванд ва барои донишҷӯёни болаёқат тӯҳфаҳо медиҳанд, идҳои миллиро бо ҳам таҷлил мекунанд...

Дар хусуси дипломатҳои тоҷик ва мулоқотҳояшон бо донишҷӯён. Ростӣ, ки ҳаққи таҳлили вазъият дар дигар сафоратхонаҳоямонро надорам, вале дар атрофи сафорати Тоҷикистон дар ИМА сухан гуфта метавонам. Мувофиқи нақшаи кориам, мунтазам бо донишҷӯёни муқими Амрико мулоқоту сӯҳбатҳо барпо мекунам. Онҳое, ки дар гирду атрофи Вашингтон ҳастанд, меҳмони ҳамешагии мо мебошанд, дар маъракаҳоямон иштирок меварзанд ва ҳатто ба мо кӯмак ҳам мерасонанд. Ба донишгоҳҳое, ки дар онҷо донишҷӯёни тоҷик зиёд ҳастанд, сафарҳои хидматӣ карда, бо роҳбарият донишгоҳҳо ва худи донишҷӯён мулоқотҳо анҷом медиҳам. Албатта, агар дар яке аз аёлатҳои дурдаст танҳо як тоҷик бошад, ин корро мо карда наметавонем. Дар давоми ҳашт моҳи гузашта ба Донишгоҳи Небраска, Донишгоҳи Монтана, Донишгоҳи Мериланд, Донишгоҳи Мэримоунт, Донишгоҳи Канзас, Донишгоҳи Давлатии аёлати Канзас ва дигар мактабхои хурдтар сафарҳо карда, бо шаҳрвандонамон мулоқот доштам. Аз ин самти кори сафоратхона қаноатманд мебошам.

Коре, ки барои таҳсил ва таҳқиқоти ҷавонони худшинос IREX мекунад, ҳарчанд он низ ҳоло бо мушкили маъмули ҷомеаи мо рӯбарӯ шудааст, ҳамвора сазовори таҳсин аст. Оё мешавад аз чорчӯбаи ин барнома фаротар рафта, ба бастани созишномаи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Амрико танҳо бо Донишгоҳи Монтана маҳдуд нашуда, ин барномаро густариш диҳед? Бо арҷу сипос,
Дилшод


Мо аз барномаҳои омӯзишие, ки Амрико ва дигар давлатҳо дар Тоҷикистон пиёда кардаанд, пуштибонӣ мекунем. Ногуфта намонад, ки аз замони таъсиси Сафорати Тоҷикистон дар Амрико миқдори донишҷӯёни мо дар барномаҳои гуногун ба маротиб зиёд шудааст. Сафорат бо ҳамаи барномаҳо робитаи зич дошта, аз онҳо дастгирӣ мекунад ва ҳамкориро дар ин самт давом хоҳад дод. Дар чаҳорчӯбаи барномаҳои ғайридавлатии Амрико бошад, дуруст қайд кардед, ки сафорат пайвандҳои Донишгоҳи Монтанаро бо Вазорати маориф, Донишгоҳи миллии давлати ҶТ, Донишгоҳи давлатии ш. Қӯрғонтеппа ва Донишгоҳи давлатии ш. Кӯлоб ба миён овардааст. Дар натиҷа, донишҷӯёни Тоҷикистонӣ имрӯз аллакай дар якчанд риштаҳо дар аёлати Монтана хонишро давом дода истодаанд ва ин баҳор Донишгоҳи Монтана даври дуввуми донишҷӯёнро қабул кард, ки бояд тирамоҳи имсол ба хониш шурӯъ намоянд.
Ба ғайр аз ин, мо бо як қатор донишгоҳҳои дигари Амрико ҳамкорӣ дорем, аз он ҷумла имрӯз мо дар марҳилаи омодагии сафари намояндагони ду донишгоҳи аёлати Канзас ба Тоҷикистон ҳастем. Ин барнома тибқи созишнома бо Департаменти давлатии Амрико ва Сафорати Афғонистон дар Амрико сурат гирифта, дар оянда ба ҳамкории сеҷониба табдил хоҳад ёфт. Бар иловаи ин, ҳамчун сафири кишвар, мувофиқи барномаи кории солонаи 2006-ум, якчанд вохӯрӣ, суханрониҳо ва гуфтушунидҳо дар донишгоҳҳои мухталифи Амрико дорам. Рӯзҳои наздик ба Чикаго сафар карда, дар донишкадаи бузургтарини Амрико гуфтушунид оғоз хоҳем кард. Мо ният, дорем, ки на танҳо имконияти омадани донишҷӯёни Тоҷикистониро ба Амрико фароҳам оварем, балки чунин имкониятро барои донишҷӯёни амрикоӣ дар Тоҷикистон низ ташкил кунем. Барои мисол ба донишҷӯёни амрикоӣ, ки мехоҳанд забони форси-точикӣ омӯзанд имконияти расмии таҳсил дар Тоҷикистон, тавассути Вазорати маорифи Тоҷикистон фароҳам хоҳем кард. Ҳамчунин бо дигар донишкадаҳо дар шаҳрҳои Линкольн ва Омаҳа ҳамкории хуб дорем ва дар он ҷо теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд.
Дар охир гуфтаниам, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз якчанд барномаҳои амрикоӣ баҳрабардор шуда метавонанд, аз қабили барнома IREX, Fulbright Program, Cochran Program, SABIT Program ва бисёр дигар барномаҳо, ки имкониятҳои зиёдро фароҳам овардаанд. Ва албата, онҳо метавонанд бо саволҳои худ ба Сафорати Тоҷикистон дар Амрико муроҷиат кунанд ва мо ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ҳастем.

Салом, сафири мӯҳтарам.
Ман як савол додам, зоҳиран ба завқи "Озодӣ ва озодбаёнҳо" мувофиқ наомад.
Саволи дигари ман ин аст, ки мегӯянд, дар пайи ҳар шаб субҳе ҳаст ва ҳар субҳеро шоми тор ё тибқи формулаҳои физика ҳар чиз ба ҳар сурат ки боло равад, ба ҳамон сурат суқут хоҳад кард. Истисмогарии Англия поён ёфт, фашизми Олмон аз байн рафт, империяи Шӯравӣ суқут кард...Ба назари Шумо, оё Амрико суқут хоҳад кард? Манзурам, дар оянда иқтидор ва яккатозияш поён хоҳад ёфт? Агар ҷавоб мусбат аст ба пешбинӣ ва таҳлили Шумо навбати кадом кишвар аст, ки ҷаҳонро бибалъад?
Амриддин


Салом Амриддин, ман ки худ маълумоти олии физикаро дорам аз саволатон хушам омад, аммо фикр мекунам, ки шумо "формулаҳои физикӣ" гуфта, қонунҳои физикиро дар назар доред Албатта таърих шоҳиди болову поёнравиҳои империяҳои бузург буд. Вале инро таъкид бояд кард, ки таърих хосияти айнан такроршавиро надорад, чуноне, ки ба як об ду бор даромадан мумкин нест. Дигар нуктаи муҳим ин аст, ки дар ҳеч давру замон давлату миллатҳо ба дараҷае, ки имрӯз ҳаст, вобастаи ҳам набудаанд. Мо дар олами глобалӣ зиндагӣ мекунем ва маҳз барои ҳамин ҳам дар бораи суқуте ба осонӣ сухан гуфтан мушкил аст. Яке аз сабабҳои он тараққиёти илму техника аст, ки ҳаҷми дунёро чуноне "хурд" ва аз ҳам манфиатдору вобаста кардааст, ки ғайри имкони тасаввур мебошад. Мисол, агар дар Амрико барои пурсидани мушкилии техникӣ, ба ширкатҳои кӯмакрасон занг занед, беихтиёр фарқе дар лаҳҷаи гуфтори шахси он сари сим ба назар мерасад. Агар аз он кас пурсон шавед, ки ӯ аз куҷо ба Шумо посух медиҳад, мегӯяд, ки аз Ҳиндустон ва ё дигар давлати Шарқ. Барои ҳамин, имрӯз мо ба он дараҷаи вобастагӣ расидаем, ки беихтиёр, мисраъҳои Саъдии бузург ба ёд меоянд, ки гуфта буд,

«Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.»


Вале, ман имрӯз мехоҳам, на дар бораи суқути минтақае ва давлате сухан ронам, балки дар бораи баландшавии мавқеи баъзе давлатҳои дунё. Мову шумо шоҳиди зуҳури назарияи бисёрқутбӣ ҳастем. Хуб аст ва ё бад, баҳояшро таърих хоҳад дод, вале муҳимаш ин аст, ки дар ҳамсоягии мо ду давлати бузург дар арсаҳои иқтисодӣ ва сиесии олам торафт ҷойгоҳи баландтар касб мекунанд. Имрӯз Хитой (Чин) ва Ҳиндустон рушди хеле босуръат доранд, ки на танҳо ба минтақа, балки ба тамоми дунё таъсир мегузорад. Ва агар ҷавоби саволи Шуморо аз шаҳрвандони ин давлатҳо ҷӯё шавем, ки аз рӯи мантиқ "бояд ва шояд" ҷонибдори суқути Амрико бошанд, ҳатман ҷавоби қатъиян мухолиф мегирем, чунки оромии Амрико дар замони мо маънои оромии ҳар як гӯшаи оламро дорад. Барои мо, тоҷикистониён, ки бо яке аз ин давлатҳо ҳамсарҳад ҳастему бо дигаре аз тариқи таърих ва адабиёт наздикӣ дорем, пешравиашон манфиатнок ҳаст, албатта, ба шарте, ки аз он истифода бурда тавонем. Барои дарки бештари ин гуна масъалаҳо, мехоҳам китоберо ба Шумо барои мутолиа пешниҳод кунам, ки аз қалами Томас Фридман баромада «Дунёи ҳамвор» ном дорад (Tomas Friedman "The World is Flat").

Ассалому алейкум, ҷаноби сафир.
Ман донишҷӯ ҳастам ва мехоҳам аз Шумо дар бораи қабул шудан ба донишгоҳҳои Амрико пурсон шавам. Оё мо, шаҳрвандони Тоҷикистон агар хоҳем, ки дар Амрико таҳсил кунем, чӣ кореро бояд анҷом диҳем? Оё "квотае" ҳам вуҷуд дорад? Нақши сафорат дар ин ҷо чӣ буда метавонад? Раҳмат


Саволи хуб додед. Қадами аввалин барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Амрико ин аз интернет пайдо кардани саҳифаи интенертии онҳост. Ҳамаи донишгоҳҳои Амрико саҳифаи худро доранд, ки он ҷо Шумо маълумоти муфассал пайдо карда метавонед. Муҳим аст, ки довталабони тоҷик бидонанд ба кадом донишгоҳ дохил шуданианд, оё он соҳиби обрӯю эътибори лозима аст ё на, барномаҳои пуштибонии донишҷӯёни хориҷӣ дорад ё не, ва оё саҳифаи итернетии хуб дорад. Ногуфта намонад, ки дар Амрико қабул шудааст, ки дар охири номи саҳифаи интернетии донишгоҳи расмӣ ва баобрӯй ҳатман бояд чунин ҳарфҳо бошанд .edu Мисол www.umt.edu e www.ksu.edu www.harvard.edu Яъне, агар нишони интернетӣ бо се ҳарфи номбурда тамом нашавад, донишгоҳ шояд донишгоҳи хуб набошад. Албатта, дар байни он мактабҳое, ки ин се ҳарфро доранд, низ ҳар гуна донишгоҳҳо буда метавонанд ва бояд ҳушёриро аз даст надод.
Дар хусуси квота, чунин мафҳум вуҷуд надорад, вале агар донишҷӯи тоҷик тавонад афзалияти худро дар назди донишгоҳ нишон диҳад, онҳо омода ҳастанд, ки ё маблағи омӯзишро кам кунанд ва ё умуман ба он кас бурс диҳанд. Дигар имконият, ин барномаҳои давлатии Амрико дар Тоҷикистон мебошад, ки маълумоти муфассал дар саҳифаи интернетии Департаменти давлатии Амрико www.state.gov оварда шудаааст. Инчунин, дар саҳифаи Донишгохи Монтана www.umt.edu низ маълумот пайдо карда метавонед. Бар иловаи ин, бо саволҳои худ метавонед аз тарики суроғаи электронии сафорат, ки дар саҳифаи интернетии мо www.tjus.org аст, муроҷиат намоед. Барори кор ба Шумо!

Ассалом, ҷаноби сафир. пеш аз ҳама барои чунин ҳаракататон аз самими дил муташаккирам. Ман як шаҳрванди Тоҷикистонам, ки як моҳ шуд тавассути "Green Card" ба Амрико омадам. Ман ки фокултаи равобити байнулмилалӣ хатм кардаам, ба қадри ҳол дар хусуси таъсири "лоббиҳо"-е ба монанди яҳудиён, юнониён, арманиҳо ва ҳатто туркҳоро дар сиёсати Амрико маълумот дорам. Ба ақидаи ман, имиҷи як давлат дар Амрико чӣ хеле ки бошад, дар ҷаҳон ҳам ҳамин хел аст. Пас барои мустаҳкам кардани пояи миллати тоҷик бо бояд бо Амрико робитаи хуб ва дар Амрико фаъолияти нағз дошта бошем. Саволи ман ин аст, ки мо ҳамчун давлат бо кадом лоббиҳо ҳамкорӣ дорем? Ва барои шиносоии Тоҷикистон дар Амрикочӣ фаъолиятҳое пеш мебарем? Ман медонам, ки роҳбарони ҳозираи мо бо вуҷуди танқисиҳои моддӣ дар пайи андешаи миллатанд. Ин андеша дар Амрико дар кадом савия аст?
Бори дигар ташаккур.
Бо эҳтиром Эраҷ Бобоев, Ню Йорк



Пеш аз ҳама, Шуморо ба Амрико хушомадед гуфта, хоҳишмандам, ки ба сафорат муроҷиат карда (www.tjus.org), аз қайди шӯъбаи консулгарии сафорат гузаред, ки ба манфиататон мебошад.
Дар хусуси лобби: Ин мавзӯест, ки дар атрофии он дар чаҳорчӯбаи як савол ҷавоб додан мушкил аст, чунки нозукиҳо ва ҷузъиёти зиёде дорад. Шумо бояд хуб хабардор бошед, ки ин масъала яке аз масъалаҳои муҳими рӯз дар Амрико буда, атрофи он баҳсу муноқишаи зиёде ҳаст. Зиёда аз ин, мақомоти дахлдори Амрико гирди ин фаъолият як чанд кори ҷиноятӣ оғоз кардаанд, ки боиси истеъфои баъзе аз аъзои Конгресси Амрико ҳам шуд. Хонандаи мӯҳтарам бояд бидонад, ки байни лобби ва ришвахорӣ як хатти ниҳоят зариф мегузарад, ки алоқаро бо он гурӯҳҳо ниҳоят мушкил ва ҳатто хафнок мекунад. Ба гайр аз ин, қимати худи хизмати лобби хеле гарон буда, имрӯз камтарин давлатҳо аз он истифода бурда метавонанд. Барои ҳалли он ва ё он масъала, лоббистҳо барои ҳар як соати кориашон, навиштани мактуб, фиристодани имейлу факс ва ҳатто гуфтугӯҳои телефониашонро дохил мекунанд, ки даҳҳо ҳазор доллари амрикоиро ташкил карда, барои мо он имконноппазир аст. Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон беҳтарин "лобби" ин худи намояндагони дипломатии тоҷик ҳастанд, ки дар чаҳорчӯбаи вазифаҳои худ, хоҳ дар назди идораҳои давлатӣ ва хоҳ дар назди шахсони алоҳида кор бурда, аз хоҳишу дархостҳои ҷумуҳурӣ ба онхо хабар дода, дар атрофи обрӯю эътибори давлат кор мебаранд. Дар хотима гуфтаниам, ки имрӯз ҷомеъаи Амрико хоҳони маҳдуд ва ҳатто манъ кардани ин намуди фаъолият аст, чунки лобби сабаби фисқу фасоди зиёд байни мансабдорони ИМА шудааст.

Салому алейкум.
Аз сафири мӯҳтарам пурсиданӣ ҳастам, ки чаро дар Амрико ягон ташкилот ё ҷамъияти тоҷикон мавҷуд нест. Намешавад, ки бо сарварии кормандони сафорат ҳамаи донишҷӯёнро сарҷамъ кард, то ҳамкорӣ кунанд ва аз ҳоли ҳамдигар бохабар бошанд? Бобоҷон


Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки қисми зиёди тоҷикистониёнро дар Амрико донишҷӯён ташкил медиҳанд, ки бо сабабҳои ба ҳама маълум (дарс, нақшаи бозгашт ба ватан, имкониятҳои маҳдуди молӣ, набуди таҳдид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандиашон ва ҳоказо) дар фикри таъсиси ҷамъиятҳо нестанд. Вале, дар Ню-Йорк ҷамъияти тоҷикон вуҷуд дорад, ки сафорат чанд бор дар атрофи эҳёи фаъолияти он сӯҳбатҳо дошт. Гурӯҳи мутташакили тоҷикон дар ш. Линколни Небраска бо роҳбарии Қосимҷон Исломов вуҷуд дорад. Дар вақти сафарам ва мулоқот бо тоҷикони Небраска, пешниҳод карда будам, ки дар асоси ҷамъияти тоҷикони ш.Линколн ва тоҷикони муқими Омаха як ҷамъияти тоҷикони аёлати Небраскаро ташкил диҳем. То андозае хабар дорам, онҳо дар ин самт кор мекунанд ва умед дорем, ки онҳо ба мақсад хоҳанд расид. Ногуфта намонад, ки мо бо ҷамъиятҳои яҳудиёни бухорӣ равобити хуб дорем. Саҳми онҳо дар ҳифз ва пешбурди адабиёту фарҳанги тоҷикон дар Амрико хеле зиёд аст. Имрӯз маҳз ба шарофатии онҳо оҳанги "Шашмақом" дар Амрико танинандоз аст. Моҳи гузашта, ифтихор доштам, ки консерти якҷояи ансамбли «Мақом"-и Тоҷикистон ва ансамбли «Шашмақом"-и бухориёнро дар Ню Йорк ифтитоҳ бахшам.
Умуман дар мавзӯи ҷамъиятҳо гуфтаниам, ки созмонҳои миллӣ дар хориҷа қувваи бузурги шаҳрвандӣ буда, барои мо намояндагони дипломатӣ, онҳо кӯмакрасон ва дастгирони бебаҳо шуда метавонанд.

Бо дуруд бар Шумо, сафири мӯҳтарам,
мехостам бидонам, ки теъдоди тоҷикони муқими Амрико чӣ қадар аст ва дар кадом иёлат бештар.
Бо сипос,
Шаҳзода


Салом Шаҳзода,
Теъдоди тоҷикони Амрико то ҳанӯз дақиқ нашудааст ва ин чанд сабаб дорад. Сабаби асосӣ ин аст, ки тоҷикон ба Амрико бо сафарҳои ҷудогона ва шахсӣ меоянд ва муқим мешаванд. Дигар ин, ки хушбахтона, тоҷикони Амрико мисли ҳамватанонамони мо дар баъзе аз мамлакатҳои ИДМ мушкили поймол шудани ҳуқуқҳояшонро надоранд, ки боиси ба сафорат кам муроҷиат кардани онҳо мешавад. Дигар ин ки, ҳатто агар мо донем, ки дар фалон донишгоҳе точикистоние ҳаст, дар бораи ӯ маълумот гирифтан мушкил аст, чунки ба муқаррароти донишгоҳҳо, ингуна маълумот маҳрамона буда, танҳо бо ичозати он кас дода мешавад… То имрӯз, чи қадар шаҳрванде, ки дар сафорати мо аз қайд гузоштааст, ҳатман бо коре муроҷиат мекунанд ва ё ниёзаш ӯро ба сафорат меорад. Мо ҳатман ҳар як шаҳрвандро, ки аз ӯ хабардор ҳастем, дар шӯъбаи консулгариамон номнавис мекунем ва бо онҳо дар тамос мебошем. Вале мо набояд фаромӯш кунем, ки яҳудиёни бухорӣ низ худро тоҷикистони муаарифӣ мекунанд ва дар шаҳрҳои мухталифи Амрико диаспораҳои бузург доранд. Тоҷикистониён ба шакли ҷамъ танҳо дар аёлати Небраска, шаҳрҳои Линкол ва Омаха мебошанд.

Дар охир, шояд ҷаноби сафир шунидаанд, ки ширкатҳои "Адмирол" ва "Ориён Медиа" аз Тоҷикистон дидан намудани овозхонҳоеро мисли Саттор ва Лайло созмон доданд. Аз онҳо хабари омадани Ораш ва Мӯин ҳам расидааст. Ҳоло як хоҳиш: Меҳрубонӣ кунед ва ба омадани ... Гугуш созгорӣ намоед. Он ҳангом, эҳтимол шодравон Муҳиддини Олимпур низ ба Шумо офарин мегуфтанд...

Бале, мо дар Амрико на танҳо бо тоҷикон муносибатҳои хуб дорем, инчунин бо эрониён ва афғонҳо низ равобити хуб дорем. Дар худи Вашингтон ва атрофи он ҳудуди 70 ҳазор афғону ва 400 ҳазор эронӣ зиндагӣ мекунанд, ки қувваи бузурги сиёсӣ ва маданӣ мебошад. Аз он ҷумла, сафорат бо Маркази форсишиносии Донишгоҳи Мериланд ва дигар ниҳодҳои ғайрисиёсии эрониёни муқими Амрико равобити мустаҳкам ба роҳ мондааст.
Дар хусуси ҳунармандони эронӣ ва афғон бошад, гуфтаниам, ки камина бисёр аз онҳо миннатдорам, ки ҳамеша бо сафорат дар тамос буда, аз мо оиди сафарҳои ҳунарии худ ба Тоҷикистон маслиҳат мепурсанд. Зиёда аз ин, дар ҳама консертҳои худ моро даъват карда, ҳатман аз иштирокамон дар толор сухан меронанд. Соли гузашта дар шаҳраки Венаи аёлати Виржиния бо хонум Гугуш низ сӯҳбат доштам ва аз эшон даъват кардам, ки бо сафари ҳунари ба Тоҷикистон қадам ранҷа фармоянд. Гугуш майли хеле зиёд дорад, ки ба Тоҷикистон равад ва даъвати моро бо хушнудӣ пазируфт. Мо хоҳиши ӯро ба шахсони муттасадӣ дар Тоҷикистон расонидаем, вале бояд гуфт, ки омодосозии сафарҳои ҳунарии ин ва ё он ҳунарманд, бояд аз ҷониби сармоягузорони алоҳида ва ё ширкатҳои ғайридавлатӣ сурат гирад, зеро ки буҷаи давлат, ки аз андози мову Шумо ба ҳам омадааст, ин гуна харҷҳоро дар назар надорад. Вале, сафоратхона омодаи ҳамкорӣ дар ташкили ин сафар аст ва агар дар Тоҷикистон консертгузоре бошад, ки чунин имконият ва хоҳишро дошта бошад, ба ҳам овардани консертгузорони хонум Гугуш ва консертгузорони тоҷик тани мост. Ташаккур!
XS
SM
MD
LG