Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифати мардум ба қарори ҳукумати Хуҷанд


Қарори шаҳрдории Хуҷанд дар бораи манъи фаъолияти фурӯшандаҳои кӯчагӣ, бо вуҷуди ин ки аз судури он тақрибан ду ҳафта сипарӣ мешавад, дигаргунии ҷиддие ба миён наовардааст. Новобаста ба манъи мақомот фурӯшандаҳо ба ҳоли пешин дар сари роҳу даромадгоҳи биноҳо, ба истилоҳ - дар ҷойҳои ҷамъиятӣ амволи худро ба маърази фурӯш гузоштаанд. Фурӯшандаҳо асосан кӯдакон ва пиронсолонанд - онҳое, ки як бурда нони худро аз савдои хурди чакана дар сари роҳ ба даст меоранд. Кӯшиши кормандони мақомот натавонистааст онҳоро аз сари шуғли ягонаашон дур андозад. Чаро?

Дар ин бора фурӯшандаҳое, ки дар назди чорроҳаи марказии Хуҷанд бо вуҷуди манъи мақомот ба савдои хурди чакана машғуланд, бе ифшои номашон ингуна изҳори назар карданд :

«Зиндагии мо аз паси ҳамин савдо. Ман дар ҳеҷ ҷо кор намекунам ва намехонам. Мо дар оила 5 фарзанд, падар надорем, шароити зиндагиамон вазнин. Аммо ҳар рӯз милисаҳо омада савдо кардан намемонанд, мегӯянд, ки чизҳотона ҷамъ кунед. Мо куҷо равем, дар куҷо савдо кунем? Кадом корхонаи давлатӣ коргар қабул мекунад, ки рафта кор кунем? ».
«Ман 60 солаам. Ман ду писар дорам, яке дар мардикории Русия кушта шуд, вайро гӯру чӯб карда, қарздор шудем. Писари дуюмам ду фарзанди кӯдакаша монда, ба мардикории Русия рафт, аммо баргаштан наметонад. Ягон даромад надорем, ягона роҳи нонёбамон ҳамин. Нафақаам 18 сомонӣ, бо он пули хонаю оба диҳам ё пули барқу газро намедонам. Мо худамонро базӯр ӯҳда карда истодаем, аммо хеле сарсон карда истодаанд. Мо чӣ кор кунем? Баромада гадоӣ кунем, ба калонҳо айб намешавад магар?»


Ба гуфтаи масъулини шаҳрдории Хуҷанд, қисмати бештари фурӯшандаҳои сарироҳӣ бидуни иҷозанома ба тиҷорат машғуланд. Вале Музаффар Тоҳиров - сардори бозрасии савдо дар идораи «Тоҷикстандарт» - и Суғд мегӯяд, амри шаҳрдорӣ аслан ба хотири таъмини беҳдошт ва ҷилавгирӣ аз коҳиши ҳусни шаҳр сурат гирифтааст:

«Қарори шаҳрдорӣ саривақт мебошад. Вақтҳои ахир дар ҳақиқат шаҳрамон рӯз то рӯз ифлостар мешуд. Савдои сарироҳӣ аз нигоҳи санитарӣ ҳам нодуруст аст. Бубинед, дар сари роҳи калон як одам болои миз сақичу тухми офтобпараст, сигору нос ва чизҳои дигари хӯрданиро ба фурӯш гузоштааст. Ҳамин чизҳоро одамон аз зери чангу хок харида истеъмол мекунанд. Ин хато аст. Мо бояд қарори раиси шаҳрро дар бораи манъи фурӯши сарироҳӣ ба иҷро расонему халос.»

Аммо коршиносони Суғд бар онанд, ки амру қарор ягона роҳи пешгирӣ аз фаъолияти фурӯшандаҳои сарироҳӣ нест. Ба хусус дар шароите, ки соҳибкории хурд мӯҳтоҷи дастгирӣ аз ҷониби ҳукумат аст. Аз сӯи дигар, мегӯяд Ҷовид Ниёзӣ - коршиноси Суғд, одамон барои хариди маводи ниёзи аввалия, ба мисли нону шакар ва гӯгирду шамъ ба фурӯшандаҳои сарироҳӣ ниёз доранд. Зеро дар бархе аз маҳаллаҳои Хуҷанд мағозаву фурӯшгоҳҳои замонавӣ вуҷуд надорад .

Ӯ меафзояд: "Лозим аст, ки барои танзими ин масъала ҳукумат ва ё масъулин барномаҳои мушаххасеро ҷиҳати дастгирии соҳибкории хурду миёна амалӣ кунанд ва ва аз роҳи ҳамин барномаҳо ҷиҳати фурӯши молу колои хеш ба низом дароранд."

Манъи фаъолияти савдои сарироҳӣ аввалин чунин як тасмими шаҳрдории Хуҷанд нест. Қаблан шаҳрдорӣ кӯшиш карда буд бензинфурӯшони кӯчагиро низ аз фаъолият боздорад, аммо ин амал самаре ба бор наовард, фурӯшандаҳо бо бушкаҳои пури бензинашон сари роҳҳои нақлиётиро тарк нагуфтанд.
XS
SM
MD
LG