Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои армрестлинги Тоҷикистон


Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи армрестлинг ё дастхобонӣ бо пирӯзии варзишгарони вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе ба поён расид. Ин мусобиқот бо ширкати ҳудуди 100 варзишгар аз манотиқи мухталифи ин кишвар дар толори бозиҳои дастии пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд. Дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон аъзои дастаи мунтахаби вилояти Суғд --Фаррух Дӯстматов дар вазни то 55 кило, Мансур Шокиров дар вазни то 60 кило, Мурод Тоҷибоев дар вазни то 75 кило, Тоҳир Тоҳиров дар вазни то 80 кило ва Акмал Қодиров дар вазни беш аз 110 кило, варзишгарони душанбегӣ Бахтиёр Азизов дар вазни то 65 кило, Сироҷ Азизов дар вазни то 70 кило, Амришер Собиров дар вазни то 90 кило ва Фирӯз Бурҳонов дар вазни то 110 кило ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ мушарраф шуданд.

Сардовари ин мусобиқот Нодир Дареғӣ, раиси Федератсиони армспорти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ба мусобиқоти имсола бонувони тоҷик низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карданд. Вай мегӯяд, дар рақобатҳо 35 нафар занон ширкат доштанд. Шаш нафар намояндаи вилояти Суғд -- Таҳмина Қаробоева дар вазни то 50 кило, Парвина Юлдошева дар вазни то 55 кило, Саида Одинаева дар вазни то 60 кило, Мунира Қурбонова дар вазни то 65 кило, Маргарита Казакова дар вазни то 80 кило ва Дилбар Рустамова дар вазни беш аз 80 кило мақоми аввалро касб карданд. Танҳо як варзишгари Душанбе Мавзуна Бобохонова дар вазни то 70 кило соҳиби медали тиллои мусобиқот гардид. Ба гуфтаи раҳбари Федератсиони армспорти Тоҷикистон ғолибони ин мусобиқот дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки аз 16 то 21 август дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG