Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти даступо бастаи Осиёи Марказӣ


Кристофер Волкер мудири дафтари пажуҳишоти созмони "Хонаи Озодӣ" "Freedom House" ҳангоми суханронӣ дар ин нишаст ба вазъи матбуот дар Озарбойҷон тавваҷӯҳи бештар дод. Вай гуфт, бузургтарин мушкили матбуоти Озарбойҷон дастрасии маҳдуди онҳо ба иттилоот аст. Ва тамоми матбуоти дигар аз кишварҳои собиқи шӯравӣ низ дар гирдоби ҳамин мушкили ба гуфтаи онҳо бузург ҳастанд.

Кристофер Волкер мегӯяд:
"Хабаргузории Тренд, Зеркало ва дигар аз нашрияҳои Озарбойҷон, ки мехоҳанд ҷанбаҳои мухталифи ҳодисаҳои кишварро инъикос кунанд, аммо ба онҳо иҷозаи ширкат дар нишастҳои хабарӣ намедиҳанд ва онҳо ба дастрасӣ ба хабарҳое надоранд, ки умдатан нашрияҳои давлатӣ онҳоро ба даст меоранд."

Аммо дастрасии маҳдуд танҳо оғози мушкилот аст, назорати давлат ба матбуот мушкили дигарест сахттар. Ба гуфтаи Кристофер Волкер, дар тамоми кишварҳои минтақа, ҳукуматҳо ба матбуот бо шеваҳои мухталифи норушан фишор меоранд ва онҳоро таввасути сохторҳои мухталифи давлатӣ буғӣ мекунанд.

Матбуот дар Осиёи Марказӣ низ гирифтори мушкилоти шабеҳ аст ва аммо вазъи ҳар яке аз панҷ кишвари минтақа аз ҳамдигар фарқ мекунад. Дар Қазоқистон метавон дар шаҳрҳои бузурги он рӯзномаҳои мустақилро пайдо кард, аммо дар дигар манотиқи кишвар мардум ба матбуоти мустақил дастрасии чандоне надоранд.

Дар Қирғизистони ҳамсоя сарнавишти матбуот мисли вазъи сиёсии ахири кишвар аст. Даниел Киммиҷ таҳлилгари Радиои Озодӣ мегӯяд, пас аз суқути ҳукумати Аскар Оқоев матбуоти кишвар нафаси тозае кашид, аммо ин рӯзҳои ширини матбуот зуд поён ёфтанд:

"Мо шоҳиди рукуди ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ шудем ва дастовардҳои аввалии фазои матбуотӣ таҳким бахшида нашуданд. Ва ҳамин гуна ман метавонам бигӯям, ки мо шоҳиди дахолати ҳукумат ба фаъолияти телевизион ҳастем, ки тавваҷӯҳи аввали ҳукумат аст, чаро ки аксарияти мардум иттилоотро аз телевизион мегирад."

Ба гуфтаи Даниел Киммиҷ доир ба вазъи матбуоти Тоҷикистон иттилои зиёде дастрас намешавад, аммо вази Туркманистон маълум аст:

"Ончӣ ки мо дарёфтем, ин аст, ки матбуоти Туркманистон оинаи раиси ҷумҳур Сафармурод Ниёзов мебошад. Ва он чӣ ки ин матбуот мекунад, ситоиши зиндагии хуши мардум дар қарни тиллоии Туркманистон аст ва матбуот доир ба он чӣ ки дар дохили режим иттифоқ меафтад бисёр кам мегӯяд."

Аммо дар Ӯзбакистон чӣ. Даниел Киммиҷ ин кишварро бо Ӯзбакистон муқоиса мекунад:

"Фарқ миёни Туркманистон ва Ӯзбакистон ин аст, ки дар матбуоти Ӯзбакистон ситоиши густурдаи раҳбари кишвар дида намешавад ва матбуот ӯро раҳбари олӣ тавсиф намекунад. Агар шумо як рӯзномаи Ӯзбакистонро боз кунед, дар он метавон мақолаҳои бисёре доир ба фасодкорӣ ва чизҳое доир ба мушкилоти иқтисодӣ пайдо намоед. Аммо дар тамоми онҳо ин афсона ҳаст, ки он ҳам шиори расмии ҳукумат аст, яъне Ӯзбакистон кишварест бо ояндаи дурахшон."

Дар хотима Даниел Киммиҷ гуфт, матбуотро дар Осиёи Марказӣ умдатан барои дасткориҳои сиёсӣ истифода шудааст, на барои иҷрои нақши мусбати худ барои ҷомеа, ки ин нақш паҳн кардани ахбори дурусту объективӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG