Дар вилояти Суғд беш аз 2 миллион нафар ба сар мебарад ва агар буҷаи ҳифзи тандурустиро ба ҳар сари аҳолӣ тақсим кунем, ба ҳар як сокини вилоят солона 11 сомонӣ, маблағе камтар аз 4 доллари амрикоӣ рост меояд. Яъне барои ҳифзи сиҳати ҳар як сокин аз ҷониби буҷаи давлатӣ солона ба ҳисоби миёна 11 сомонӣ масраф хоҳад шуд. Ва ин яке аз нишондиҳандаҳои пасттарин дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.
Маҳмуд Рабеъҷонов - сардори идораи тандурустии вилоят буҷаи соҳаи тандурустии вилоятро барои ҳифзи сиҳати аҳолӣ ва рушди соҳаи тиб нокофӣ мехонад:
«Маблағи пешбинишуда ба соҳаи тиб нокифоя аст. Барои ҳамин аз ҷониби ҳукумати вилоят барои расонидани хидмати тиббии бепул ба се гурӯҳ ё табақаи аз ҳама ниёзманди аҳолӣ - кӯдакони то 3-сола, иштирокчиёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, занҳои ҳомила ва инчунин - таъмини бемористонҳо бо хуни донорӣ дар ҳудуди 100 ҳазор сомонӣ маблағи иловагӣ ҷудо карда шудааст.»
Ва аммо ба гуфтаи коршиносони бахши тандурустии Суғд, маблағҳои иловагии ҳукумати вилоят низ ранги авзоъро дар бахши ҳифзи сиҳати омма кам тағйир медиҳад. Муассисаҳои тиббии Суғд бо чунин маблағе, ки аз буҷа дарёфт мекунад, имкони расонидани хидмати ройгон ба аҳолиро надорад. Ҳарчанд ки расонидани хадамоти тиббӣ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон расман бепул эълон шудааст.
Дар ин ҳол , ба гуфтаи ду сокини Хуҷанд, ки бо онҳо суҳбати сарироҳӣ доштам, хадамоти тиббии бепул дар Суғд барои ҳадди аксари одамон ҳамчунон дастнорас аст:
«Ҳама вақт мешунавам, ки дар Тоҷикистон хизмати тиббӣ бепул, аммо инро ҳеҷ намебинам. Масалан, ман ба қарибӣ нотоб шуда, барои як шаб ба беморхонаи марказии шаҳр афтодам. Духтурон барои ин аз ман 30 сомонӣ гирифтанд. Барои мошини ёрии таъҷилӣ 10 сомон, барои якшаба ҷои хоб дар беморхона 4 сомонӣ ва маблағи боқимонда - барои се бор хун гирифтан барои ташхис..»
«Мегӯянд, ки хидмати табибон бепул, аммо ман барои шикастабандии дасти писари кӯдакам 120 сомонӣ сарф кардам. Фақат барои гипсбандӣ ва рентген. Дуруст, ки як бор не, 6-7 бор рентген карданд. Баъди ин чӣ хел бовар кунам, ки хидмати тиббӣ - бепул?»
Ба ҳамин тариқ, хидмати тиббӣ дар Суғд, чун дар манотиқи дигари Тоҷикистон ба ном ройгон ва бепул аст, вале амалан пулакист. Барои он ба ном бепул, ки пардохти маблағ аз ҷониби табобатшаванда дар ҳеҷ як санад сабт намешавад ва аз ин буҷаи давлат низ фоидае намебинад. Зеро маблағи табобат аз ҷониби табобатгиранда ба духтур пардохта мешавад.
Аммо на танҳо барои ин ки аз буҷаи давлатӣ ба соҳаи тиб маблағи кам ҷудо шудаву бемористонҳо бо доруву дармони зарурӣ таъмин нест. Балки берои он ки давлат ба кормандони соҳаи тиб, табибон хеле кам моҳона медиҳад 18 сомонӣ, камтар аз 7 доллари амрикоӣ барои як ставка ва ё меъёри кор. Ин ҳолат иддаи бештари табибонро водор мекунад ҳаққи хидмати худро аз кисаи бемор рӯёнанд.
Аммо қисмати аз ҳама нодори аҳолӣ дорувори зарурати аввалияро аз ҳисоби кӯмакҳои башардӯстонаи созмонҳои кӯмакрасони хориҷӣ дарёфт мекунад. Ба гуфтаи Маҳмуд Рабеъҷонов - сардори идораи тандурустии Суғд, бемористон ва дармонгоҳҳои вилоят дар семоҳаи аввали соли равон танҳо аз ҷониби Бунёди амрикоии «Hope», яъне «Мадад» наздики нӯҳу ним тон дорувори зарурӣ дарёфт кардаанд.
Инчунин, ба гуфтаи вай, ваксинзаниҳо ба табақаҳои аҳолӣ бар зидди бемориҳои сироятии ба мисли вараҷа ва домана низ бо кӯмаки созмонҳои хайрияи байналмилалӣ роҳандозӣ мешавад. Масалан, Бунёди кӯдаки Созмони Милал Юнисеф тамоми кӯдакони Суғдро бо ваксинҳои алайҳи бемориҳои вогир таъмин мекунад.