Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамаддуни Ориёно бо фашизм рабте дорад?


Абдулло Ғаффоров, раиси бахши таърихи муосири Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи аслии китоби мазбур рафъ кардани баҳсҳо перомуни вожаи «Ориёно», «Тамаддуни Ориёӣ» ва тафовут гузоштан миёни «Ориёно» ва «Фашизм» аст, ки зумрае аз таърихнигорон онро ба ҳамин ҷараён муғризона пайваст кардаанд:

«Усулан китоб мураттаб аст, аз баҳсҳои устод бо ду нафар олими Ӯзбакистон, академик Аскаров ва профессор Ахмедов, ки роҷеъ ба ориёно фикрҳои дигар доштанд ва онҳоро ҳатто туркзабон мехонданд»

Баҳси дигар сари «салиб» ё «свастика» аст. Раҳим Масов менависад, ки «Салиб рамзи хонаводагии Гитлер нест, балки тарсими ҷаҳонбинии эрониҳо ва ҳиндувони аҳди қадим аст».

Музаффар Азизӣ-таърихшинос, сардори бозрасии ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва ташхиси бадеии Вазорати фарҳанг дар бастагӣ ба мавзӯъ меафзояд:

«Салиби ориёӣ ҳам рамзи офтоб аст ва ҳам рамзи чархи зиндагӣ ва чархи марг: шохаҳое, ки аз рост ба чап нигаронида шудаанд, рамзи ҳаёт ва шохаҳое, ки аз чап ба рост мераванд, ин рамзи марг аст. Баъдтар ин тарсим ба дини буддоӣ ҳам дохил шуд ва дигар маъно гирифт.»

Дар китоби нави Раҳим Масов, ду мақола ва мусоҳибаи академики тоҷик, акнофи «Тамаддуни ориён» бо такмил аз сарчашмаҳои таърихӣ гирдоварӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG