Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибон мунтазири футболбозони тоҷик


Дастаи мунтахаби футзоли Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Дамир Камолиддинов ба давраи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки аз 21 то 28 май дар пойтахти Узбакистон -- шаҳри Тошканд баргузор мешавад, омодагӣ мегирад.

Дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Ҷопон, Ироқ ва Ҳонконг рақобат мекунад. Дамир Камолиддинов ба Радиои Озодӣ гуфт, ба андешаи ман гурӯҳи мо аз ҳама пурқувваттарин аст.
Вай афзуд: "Дастаи мунтахаби футзоли Тоҷикистон, ки соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни ҳафт тими зӯртарини қора ҷой гирифт, бидуни бозиҳои интихобӣ барои ширкат дар давраи ниҳоии чемпионати Осиё - 2006 роҳ ёфтааст. Ва мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар мусобиқоти имсола ҳадди аққал байни панҷ тими беҳтарини қора ҷойгир шавем. Имрӯз ба ҷамъомади навбатии таълимию тимринӣ бо шумули шонздаҳ бозигар оғоз кардем. Сездаҳ нафар дар ҳайати тими миллии футзали кишвар дар давраи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Тошканд ширкат хоҳанд кард."

Ва як хабари дигар. Даври севвуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо дидори ду тими шаҳри Душанбе - «Хима» ва «Динамо» ба поён расид. Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи «Спартак»-и пойтахти кишвар баргузор шуд, бо пирӯзии «Хима» бо натиҷаи 6 бар 0 хотима ёфт. Ба ин тартиб баъди ҷамъбасти се даври мусобиқот тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо нӯҳ имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифтааст. Дастаҳои «Хима», «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки нисбати тими пешсаф «Парвоз» як бозӣ камтар анҷом додаанд, шаш имтиёзӣ ба даст овардаанд.

Бо назардошти таносуби тӯбҳо «Хима» ҷойи дуввум, «Регар» ТадАЗ ҷойи севвум ва «Вахш» ҷойи чаҳорумро ишғол мекунанд. Даври чаҳоруми мусобиқот рӯзи панҷшанбеи 4 май бо дидори дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо СSKA-и Душанбе ва «Олими Каримзод»-и Мастчоҳ бо «Регар» ТадАЗ оғоз мешавад. Рӯзи 5 май «Парвоз» бо «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа ва «Ориёно»-и Душанбе бо СКА «Помир»-и Душанбе рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG