Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хирси сафедро наҷот диҳед


Муассисаи боэътибори ҳифзи муҳити зист иброз доштааст, ки хирси сафед, каркаданг ва баъзе намудҳои моҳиҳои обҳои ширин бо маҳви комил рӯ ба рӯ мебошанд.
Иттиҳодияи Ҷаҳонии Муҳофизат мегӯяд, ки аз сабаби тағйири иқлим, шикор ва таҳдидҳои аз дасти инсон ба амал омада беш аз 16000 анвои ҳайвоноту наботот бо хатари маҳви бебозгашт мувоҷеҳ шудаанд.
Ба қавли ин муассиса аз се як ҳиссаи ҳайвоноти хушкиву обӣ, аз чор як ҳиссаи ҳайвоноти ширхӯр ва аз ҳашт як ҳиссаи паррандаҳо бо хатари маҳв рӯ ба рӯ ҳастанд.
Аз ҷумла гармшавии саросарии ҳаво ва обшавии яхҳо хирси сафедро ба ҳайвони осебпазир табдил дод. Аз сӯе ҳам шикори бемаҳдудият боис шуд, ки шумораи каркадангҳои кишвари Африқоии Конго 95 дар сад коҳиш ёфтааст. 81 кишвари олам, 850 муассисаи ғайридавлатӣ ва наздик ба 10000 донишманди саросари олам дар Иттиҳодияи ҷаҳонии Муҳофизат, ки марказаш дар Швейцария аст, узвият доранд.
XS
SM
MD
LG