Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози баланди «Парвоз»


Ин даста дар даври севвуми мусобиқот низ дар меҳмонӣ бар «Динамо»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 0 пирӯз шуд.

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ҳам дар сафар СSKA-и Душанберо бо натиҷаи 3 бар 0 шикаст дод ва бо шаш имтиёз дар ҷойи дуввум аст. Ва аммо футболболзони шаҳри Турсунзода як бозӣ камтар анҷом додаанд.

Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар севвумин дидори худ дар меҳмонӣ боз як имтиёз ба даст овард. Бозии хуҷандиҳо бо тими «Ориёно»-и Душанбе, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор шуд, бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт.

Бо чунин натиҷа дидори «Саройкамар»- и Панҷ бо тими меҳмон -- «Олими Каримзод»-и Мастчоҳ ба поён расид.

Ба ин тартиб, «Хуҷанд» бо панҷ имтиёз дар ҷойи севвум, «Олими Каримзод» ва «Ориёно» бо чаҳор имтиёзӣ дар ҷадвали бозиҳо мутаносибан дар ҷойҳои чаҳоруму панҷум қарор доранд.

Дастаи «Хима»-и Душанбе, ки аз бозиҳои ду даври аввали мусобиқот озод буд, дар нахустин дидори худ бар СКА «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 4 бар 1 ғолиб омад. «Хима» чун дастаи «Вахш» дар як бозӣ се имтиёз ба даст овардааст.

CSКA низ се имтиёз дорад, вале ду бозӣ анҷом додааст. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо «Хима» дар ҷойи шашум, «Вахш» дар ҷойи ҳафтум ва CSKA дар ҷойи ҳаштум қарор гирифтаанд.

«Саройкамар» ва «Динамо» бо як имтиёзӣ дар зинаҳои нӯҳуму даҳум ҷойгир шудаанд. Вале СКА «Помир» ва «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бидуни имтиёз зинаҳои ахири ҷадвали бозиҳоро ишғол мекунанд.
XS
SM
MD
LG