Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзишҳои муқаддас


Мафҳуми муқаддас, ба андешаи донишмандон, дар асли худ қабл аз ҳама ҷанбаи динӣ дорад. Ба сурати анъанавӣ дар дарки мазҳабӣ ва динӣ меъёри покӣ ва муқаддас дониста мешавад. Назири арзишҳои исломӣ ва динӣ. Мафҳуми муқаддасоти динӣ ва мазҳабӣ ба сурати куллӣ ва собит дар тули асрҳо барои тоҷикон мондааст. Ҳатто дар замони султаи коммунистон, ки таълимоти мазҳабиро рад мекард, арзиши исломӣ барои мардуми тоҷик собит ва бебаҳс боқӣ монд. Имрӯз низ, ки Тоҷикистон аз қайди низоми идеолужик ва импературӣ раҳо шудааст, ин арзиши мазҳабӣ барои тоҷикон аз муқададсоти бебаҳс боқӣ монда. Вале таҳаввулоти чанд соли ахир чи мафҳумҳоеро ба ҷамъи муқаддасоти миллӣ афзудааст? Ба пойи сӯҳбати пажӯҳишгарон ва донишмандони тоҷик менишинам. Абдуллоҳи Раҳнамо, устоди ҷомеашиносӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд як навъ таҳаввули мафҳумҳо дар ҳоли ҷараён аст: "Дар 15 соли охир оддитарин мафҳумҳо маънии дигар гирифтанд. Чунончи "ватан", ки замоне шӯравӣ буд ба Тоҷикистон омад. "Давлат" низ дигар шуд ва маънии давлати миллиро гирфт. Ҳамчунин истиқлолият, эҳёи миллӣ аз мафҳумҳое мебошанд, ки давраи нави фарҳанги ҷомеаро ташкил медиҳанд."

Аммо Абдулло Қодирӣ, таҳлилгари дигари тоҷик дар Маркази мутолеъоти Осиёи Миёна мегӯяд, ки зарфи ин чанд соли охир табиист, ки чандин мафҳуми дигар ба унвони мафҳумҳои арзишманд падид омадааст. Аз ҷумлаи он арзиши истиқлол ва баъд ҳам арҷ гузоштан ба таърих ва сулолаи Сомонӣ ва номгузории пули миллӣ ба ифтихори ин хонадон аст.
Дар ҳамин ҳол Ғаюр Қаҳҳоров, мудири Маркази таҳқиқоти иҷтимоии "Сотсиолог" мегӯяд, муҳимтарин арзиш ва мафҳуми муқаддас, ки вориди таркиби луғавии мо шуд, ин "давлати миллӣ" мебошад.
Вале Абдувоҳид Шамолов, мудири шӯъбаи масоили рушди миллӣ ва барномаҳои иқтисодӣ дар Пажӯҳишгоҳи истротежики Тоҷикистон мегӯяд арзишҳо ва муқаддасот чизе нест, ки ҳар даҳ солу бист сол тағйир кунад ва ё ҳар рӯз як арзише ҳосил кунем. Бархилофи ӯ Раҳнамо мӯътақид аст, ки он чӣ ба унвони арзишҳои навин ва ё муқаддасоти навин мепиндорем, ҳанӯз фурсат мехоҳад то комилан ба сурати як арзиш дар ҷомеа ҷойгоҳ пайдо кунанд.
Аммо яке дигар аз мусоҳибони ман мегуфт, ки ҳамаи ин мафҳумҳо ва арзишҳо бо номи "озодӣ" пайванд мехӯрад ва ифодагари ҳамин мафҳум аст. Яъне муҳимтарини муқаддасот истиқлол аст, ки мафҳуми озодиро ройиҷ кард ва мутабоқӣ ҳама дар атрофии ин ду мафҳум мечархад.
XS
SM
MD
LG