Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бистумин солгарди фоҷиаи ҳастаии Чернубил


Бунгоҳи байнулмилалии нирӯи ҳастаӣ рӯзи чоршанбе дар изҳороте дар гиромидошти хотираи қурбониёни Чернубил ин фалокатро аз бузургтарин фоҷиаҳои дунё номид, ки то ҳанӯз ҷони одамонро мерабояд, зиндагии ҳазорон нафарро талх мекунад ва ҳатто ҳазорон тифли бегуноҳро ба саратон гирифтор мекунад. Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки созмонҳои зистмуҳитии монанди Гринпис ва коршиносони маъруфи ҳастаӣ, монанди Иан Фейли дар Бритониё ва ё Ребека Ҳармс дар Олмон Бунгоҳи байнулмилалии нирӯи ҳастаиро дар махфӣ доштани ҳақиқати фоҷиаи Чернубил айбдор мекунанд. Дар ҳоле ки бунгоҳи Созмони Милали Муттаҳид шумораи қурбониёни фалокати ҳастаиро аз 50 000 то 100 000 нафар шумурдааст, Созмони пизишкони зидди ҷанги ҳастаӣ дар Берлин, ин ададро чизе дар байни 540 000 то 900 000 нафар эълон мекунад.
Бисёре аз созмонҳои ҳуқуқи башар ва иттиҳодияҳои собиқадорони Чернубил ҳукуматҳоро айбдор мекунанд, ки натавонистаанд, осебзадагони фоҷиаро наҷот диҳанд, ба афроде ки дар рафъи паёмадҳои фалокат ширкат кардаву ба бемориҳои ташаъшӯӣ гирифтор шуданд, мадад расонанд.
Чунин ҳол ба ҳазорон нафаре ки аз Тоҷикистон барои кӯмак ба офатрасидагон ба маҳалли фалокат фиристода шуданд, низ хос аст. Бо лағви имтиёзҳое, ки ҳукумати шӯравии собиқ барои онҳо муайян карда буд, собиқадорони Чернубил дар Тоҷикистон ба кӯмакҳои якдафъагии ҳокимиятҳои маҳаллӣ зор шуданд.
Фалокати Чернубил ҷаҳонро такон дод. На танҳо аз он сабаб, ки пеш аз он чунин фоҷиае рӯй надода буд, балки боз аз он сабаб, ки ҳукумати шӯравӣ дар мавриди он сукутро дар пеш гирифта буд. Танҳо пас аз ду рӯзи фалокат, телевизиони шӯравӣ маҷбур буд, дар ин бора хабар диҳад.
Аммо дар ин хабар ҳам гуфта намешуд, ки бар асари таркиш дар нирӯгоҳи ҳастаии Чернубил 1 000 тонна сӯхти ҳастаӣ аз реактори сеюми нирӯгоҳ ба берун партоб шуда, садҳо нафар ба ҳалокат расид ва абри бузурге аз радиация осмони Аврупоро фаро гирифт. Бахше аз Украина, Белорус ва Русия ба минтақаи мамнӯъ табдил ёфт. Ҳақиқати рӯйдод танҳо бо шурӯъи давраи ошкорбаёнии горбачевӣ кам-кам ошкор шуд ва маълумоти нав то ҳанӯз тадриҷан рӯиоб мебарояд.
Нависандаи маъруфи белорус Светлана Алексиевич, муаллифи китоби "Дуои Чернубил" мегӯяд, нирӯгоҳ дар ҳоли сӯхтан буду Михоил Горбачев дар ҳоли фиристодани қувваҳои нав ба нав барои рафъи офат. Онҳое ки аз гӯшаю канори Иттиҳоди шӯравӣ меомаданд, ягон василаи ҳимоятӣ надоштанд ва низоми шӯравӣ кӯшиш мекард, тамоми ҷиддияти ҳодисаро пинҳон дорад. Вай мегӯяд: "Ба ақидаи ман, ин яке аз бузургтарин фалокатҳои садаи бистум аст, дар ҳоле ки садаи бистум худ саропо фалокат буд. Ончи ин фалокатро бузург кард, ин буд, ки инсон берун аз маҳдудаи дониши худ қадам гузошт. Ин ҳодиса пешдоварии мо, ҷойгоҳи инсон дар ҷаҳон, низом ва арзишҳои мо ва омодагии мо ба мухолифат, хуллас ҳама чиро ба зери шубҳа афканд."
Дар байни онҳое ки беш аз ҳама аз фалокати Чернубил осеб диданд, қишре бо номи ликвидаторҳо машҳур аст. Инҳо сарбозон, коргарон, ронандагон, олимон ва ҷавонон, аъзои комсомол аз сартосари Иттиҳоди шӯравӣ буданд, ки бо фармони ватан, он вақт Иттиҳоди шӯравӣ, ба рафъи паёмадҳои фоюиа сафарбар шуданд. Афсари қазоқ Талъат Суюнбоев он вақт дар Белорус хидмат мекард ва вақте ӯро ба ҷойи воқеа офарданд, аслан намедонист, ки чӣ шудааст. Талъат мегӯяд, аввалин манзарае ки вай дар Чернубил дид, якумрӣ дар хотираш нақш бастааст. Ҷангалҳои сӯхтаву сиёҳ, лошаи сиёҳи гову гӯсфандон ва ҳатто хоки сӯхта...
Дар рӯзҳои бистсолагии фалокати Чернубил донишмандон аз ду фароянд изҳори нигаронӣ мекунанд. Яке ин ки мероси Чернубил, иборат аз 200 тонна маводи радиоактив дар зери қабати ғафси оҳану соруҷ ҳамоно сарзинда аст ва дар зери ин тахтаи сангин, ки солона хӯрда мешавад, омезишу таҷзияи аносири радиоактив идома дорад ва ин ҳол ба тамоми Аврупо таҳдид мекунад.
Мояи дуюми нигаронӣ ин аст, ки чунин нирӯгоҳҳо дар Украина, Русия ва Арманистон боқӣ мондаанд ва бо гузашти замон фарсудаву осебпазиртар мешаванд. Дар рӯзи ёдбуди қурбониёни Чернубил, попи Рум ба рӯҳи шаҳидони фоҷиаи ҳастаӣ дуо фиристод ва аз таммои ҷаҳон хост, нирӯи ҳастаиро танҳо бо мақсади осоишта истифода кунанд.
XS
SM
MD
LG