Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Шӯравӣ чӣ мерос гирифт?


Шумораҳои тозаи нашрияҳо

Ҳафтаномаи «Азия – Плюс» дар саҳифаи аввали худ навиштааст, раҳбарони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ҷониби Узбакистонро ба дурӣ ҷустан аз ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистон муттаҳам мекунанд. Ҳафтанома афзудааст, ин изҳорот дар пешорӯи нишасти вазирони умури дохилаи кишварҳои муштаракулманофеъ дар Душанбе садо медиҳад. Ду рӯзи қабл, вазири умури дохила ва додситони кулли Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки дар ҷиноятҳое дар хоки Тоҷикистон шаҳрвандони Узбакистон даст доранд. Додситони кулли Тоҷикистон гуфта буд, ҷониби Узбакистон шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар ватан ба ҷиноятҳое гунаҳкор мешаванд, ба Тоҷикистон намедиҳад ва дар посух ба дархостҳои Душанбе дар мавриди боздошти он афрод хомӯширо пеша кардааст.

Ҳафтаномаи «Миллат» дар як матлабе фаъолияти ширкати «Русал» дар Тоҷикистонро зери суол бурда ва навиштааст, ки дар сурате, ки ҳанӯз ҳам шурӯъи бунёди нерӯгоҳи Роғун маълум нест, «Русал» ба Тоҷикистон барои чӣ омадааст? Ҳафтанома як мусоҳабаи Олег Дерипаска, раҳбари ин ширкати русиро бо як нашрияи интернетии русӣ овардааст, ки он ҷо Дерипаска гуфтааст, гуфтаҳои ӯро мехонам, «Дар Осиёи Марказӣ ҳукумат ҳамчун сохтори ташаккулёфтаи бизнес, иқтисод қариб дар ҳеҷ ҷой вуҷуд надорад ва мо омода ҳастем, дар ҳавзаи манфиатҳои худ чунин ҳукуматро таъсис бидиҳем. Поёни иқтибос.
Муалллифи матлаби «Миллат» навиштааст, агар ҳукуматҳои Осиёи Марказиро сохторҳои сиёсии Русия бисозанд, пас табиист, ки онҳо барои худ ҳукуматҳои муздуру аҷир месозанд, ки ин ҳукуматҳо зери навои дойраи Дерипаска хоҳанд рақсиду барои халқи худ хидмате нахоҳанд кард.

Ҳафтаномаи «Миллат» дар як матлаби дигар навиштааст, ба Тоҷикистон аз Шӯравӣ ҷанги дохилӣ ва иқтисоди фалаҷ ба мерос монд. Нависандаи ин матлаб афзудааст, даргириҳои дохилӣ дар бархе аз ҷамоҳири Шӯравӣ дар Маскав тарроҳӣ шуда буд, то фикри мерос пас аз пошхӯрии Шӯравӣ аз сари ин ҷумҳуриҳо дур бишавад. Ӯ навиштааст, дар Маскав қаблан медонистанд, ки Иттиҳод пош мехӯрад ва аз ин рӯ, тарҳҳое рехта шуд, то ҷамоҳири дигар талаби мерос надошта бошанд.

Як мавзӯъи дигар, ки дар ин ҳафта нашрияҳо атрофи он матолибе чоп карда буданд, барномаи ҳастаии Эрон буд.

Ҳафтаномаи «Наҷот» дар навиштае бо исми «Бӯҳрони атомӣ дар Эрон» навиштааст, моҷарои сиёсӣ дар масоили барномаи ҳастаии Эрон ба марҳилаи ҳассоси худ мерасад ва аммо ҳанӯз ҳам бино бар навиштаи ҳафтанома, дарҳои музокирот миёни Ғарб ва Эрон баста нашудаанд.

«Миллат» як мақолае аз рӯзномаи эронии «Кайҳон»-ро таҷдиди чоп карда ба ин унвон, ки «Ҷаноби Ал-Бародаӣ ба ҷашни мо хуш омадед!». Ин матлаб дар арафаи боздиди мудири кулли Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ аз Эрон нашр шуда буд, ва дар он аз Муҳаммад Ал Бародаӣ суолҳое мешуд, аз ҷумлаи он ки «Оё Эрон то кунун кадом аз бандҳои асосномаи Оҷонсии мазкурро нақз кардааст ва ин ки Амрикову Фаронса ва Бритониё кадом як аз мафоди ин муоҳадаро нақз накардаанд?»

Як мавзӯъи дигари шумораҳои тозаи ҳафтаномаҳои чопи Душанбе марбут ба расонаҳои хабарӣ ва вазъи озодии баён дар кишвар буд.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар як хабар навиштааст, ки дар баъзе маворид ба нишастҳои матбуотӣ танҳо журналистони расонаҳои ҳукуматӣ даъват мешаванд ва журналистони мустақилро роҳ намедиҳанд.

«Вечерний Душанбе» ҳам дар саҳафоти худ навиштааст, ҳанӯз ҳам масъулини ниҳодҳо аз расонаҳо мегурезанд ва бар навиштаҳо бепарво ҳастанд.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар як матлаби сесафҳаӣ раҳбарони соҳаи энержии кишварро ба бемасъулиятӣ ва ба ғайритахассусӣ муттаҳам карда ва навиштааст, бо ин иллат, ҷониби Тоҷикистон дар мавориди зиёди хариду фурӯши барқ бо Узбакистон хисороти бузургҳаҷми молӣ мебинад вале касе пайи ин кор нест. Нависандаи матлаб бо овардани чандин мисол аз ин муомалоти энержӣ миёни ду кишвар, ки бино бар навишта, ба Тоҷикистон зарароти молӣ расонида буданд, хостааст, ба гуфтаи худаш таваҷҷӯҳи раҳбарияти ҳукумат ва мақомоти ҳифзи қонунро ҷалб бикунад.
XS
SM
MD
LG