Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳи навъҳои варзиш ва қиссаи талхи футболи тоҷик


ИМПЕРАТОРИ ВАРЗИШ
Футбол, ки таърихи беш аз садсола дорад, машҳуртарин ва маҳбубтарин навъи варзиш дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Барои футбол мухлисонаш ҷон додаанд ва ё барои он ҳатто одамонро куштаанд. Чаро ин қадар футбол дар ҷаҳон маъруфият дорад? Ҷавоби Ҷозеф Блаттер раҳбари ФИФА - Федератсиюни байналмилалии футбол ба ин суол агарчӣ муболиғаомез, вале ҷолиб аст:

"Ман мехоҳам ба бонувон муроҷиат кунам, ёд доред, вақте ҳомила будед, пеш аз он фарзандатон ба дунё ояд, нахустин ҳаракати тифл дар батни шумо чӣ буд. Фарқ надорад духтар ва ё писар. Ҳаракати аввали онҳо лагад задан, лагад задан буд. Маҳбубияти футбол маҳз аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад."

Ҳар мақомдор ва ё масъуле барои ситоиши ниҳоди зеридасти худ ва ё соҳае, ки дар он кор мекунад, далелҳои ҳайратовар меорад. Аммо умдатан афроди оддӣ доир ба масъалае далелҳои мунсифона ва ё воқеӣ доранд доранд. Аз Томаш Машек шаҳрванди Ҷумҳурии Чех, ки ватанаш ҳамеша дар зинаҳои болои рейтинги ФИФА аст, пурсидам, ки чаро футболро бештар дӯст медорад, магар дигар навъҳои варзиш, масалан теннис, баскетбол ва ё волейбол ягон камӣ доранд?

"Намедонам, ба футбол одамон аз хурдӣ дастрасӣ пайдо мекунанд. Барои бозӣ кардани он танҳо тӯб ва пойафзори варзишӣ лозим аст, ин як бозии дастрас барои тамоми калонсолону атфол мебошад."

Ҷозеф Блаттер, раҳбари ФИФА иддао мекунад , ки феълан аз шаш як ҳиссаи аҳолии саёраи Замин мустақим ва ғайримустақим ба футбол шуғл меварзанд:

«Дар 207 иттиҳодияҳои миллии футбол ҳудуди 250 миллион нафар ба шумули тамоми аъзои хонаводаҳои футбол, бозигарон, мураббиён, доварон, табибон дар бозиҳои мо фаъолона ширкат мекунанд. Ин 250 миллион нафар бино ба таҳқиқоти Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ бо чаҳор нафар аз хонаводаҳои худ иртибот доранд. Ҳамин гуна агар ман рақами 250 миллион нафарро бо 3 ва ё чаҳор зарб занам, чунин ҳосил мешавад, ки 1 миллиард нафар мустақиман ва ё ғайримустақим бо бозие, ки футболаш меномем, иштиғол меварзанд."

Ба гуфтаи Пеле, як навраси шармгини бразилиягӣ, ки ба маъруфтарин ситораи футбол дар ҷаҳон табдил ёфта ва ҳоло футболбозони хурдсолро тарбия мекунад, ҳар ҳафтае як бор дар ҷаҳон чаҳор бозии футбол сурат мегирад. Ҷоми Ҷаҳонии Футбол аз сермухлистарин мусобиқоти варзишии дунёст. Мусобиқоти футболи Аврупо, аз қабили Ҷоми УЕФА, Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон бинандаҳои зиёд дорад. Футбол дар ин минтақа то андозае рушд кардааст, ки бархе аз тимҳо, аз ҷумла дастаҳои Итолиё ва Испониё барои харидани як бозигари пурқувват 40-50 миллион долларро масраф мекунанд.

ҲИКОЯТИ ТАЛХИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

Чун футболу футболбозони Аврупо ниёзе барои муаррифӣ надоранд, мегузарем аз ҳикояти онҳо ва ҳикояти футболи Тоҷикистонро мешунавем:

«Баъди анҷоми бозии дастаҳои футболи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ барои Ҷоми Осиё футболбозони араб пешниҳод мекунанд, ки барои хотира футболкаҳояшонро иваз кунанд. Сардори дастаи Тоҷикистон мегӯяд: «Баъд мо дар бозии оянда чӣ мепӯшем?»

Ин танз гӯяндаи ҳоли футболи Тоҷикистон аст, ки дар гузашта барои тими шӯравии собиқ ду бозигар тарбия кардааст ва бархе аз футболбозони он дар тимҳои кишварҳои аврупоӣ низ бозӣ кардаанд. Нарзуллои Латиф шореҳи шинохтаи футболи Тоҷикистон мегӯяд, дастовардҳои футболи тоҷик дар соли гузашта назар ба муввафақияту мушкилоташ даҳҳо маротиба камтар будааст:

«Тими Регар ТадАзи Турсунзода нахустин баррандаи Ҷоми раиси Конфедератсияи Футболи Осиё шуд. Дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола ва ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2006 дар гурӯҳҳои худ мақоми аввалро ишғол карда, барои ширкат дар давраи ниҳоии мусобиқот роҳ ёфтанд.»

Аммо шикастҳои зиёди футболбозони тоҷик, аз ҷумла тими миллии Тоҷикистон дар чандин мусобиқаҳои минтақавии Осиё, мутахассисону мухлисони футболро бисёр маъюс кард. Гузашта аз ин бинобар таъхир дар супурдани дархост барои ширкат дар Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, тими миллии Тоҷикистон аз ин мусобиқаи соли оянда канор мемонад.

Агарчӣ ҳамасола дар Тоҷикистон мусобиқоти ҷумҳуриявӣ доир ба футбол баргузор мешавад, аммо ба гуфтаи мураббиёну доварони тоҷик дар онҳо танҳо се чаҳор дастаи пурқувват бозӣ мекунанду тамом, ки пурқувваттарини онҳо Регар Тадази ноҳияи Турсунзода, ва Вахши Қӯрғонтеппа мебошанд. Бархе аз дастаҳо бинобар напардохтани ҳаққи ночизи ширкат дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ берун мемонанд ва ё ҳатто баъдан пароканда мешаванд.

РОҲҲОИ ДАРМОНИ ФУТБОЛИ ТОҶИК

Модари футболи тоҷик обастани ҳазору як мушкили дигар будааст ва ду мушкили асливу роҳи ҳалли онҳоро мураббии тоҷик Боим Эгамбердиев мегӯяд:

"Мо мутаххасисонро ду масъала нигарон кардааст, ки яке адами майдонҳои босифати футбол ва дигарӣ кадрҳост. Бо вуҷуди хоҳиш кас наметавонад дар майдонҳои футболи мо бозӣ кунад. Майдонҳои футболи мо барои баргузор кардани тамринҳои низомӣ бо истифода аз техникаи ҳарбӣ мувофиқанд. Ба андешаи ман раҳбарони футболи ҷумҳуриро мебояд ба вазъи майдонҳо ва сохтмони майдонҳои футболи хуб аҳамият диҳанд, то ки насли ҷавон битавонад, дар майдонҳои футболи босифат ҳунару малакаи хуби футболбозӣ биёмӯзад ва ин ба мо имкон диҳад, сатҳи футболи тоҷикро боло барем."

Дамир Камолиддинов собиқ футболбози маъруфи Тоҷикистон ва мураббии варзида дигар аз заминаҳои рушд накардани футболи ин кишварро дар камтаваҷӯҳи ба футболи бачагона мебинад:

"Пеш аз ҳама бояд ба футболи бачагона аҳамияти зиёд дод. Низоми доир кардани мусобиқот миёни атфол ва ҷалби атфол ба варзишу футбол мелангад. Тавре бояд кор кард, ки тамоми наврасон футбол бозӣ кунанд. Масалан дар мактабҳои шаҳр даҳ мураббиву даҳ тим ҳаст, аммо ба мусобиқоти шаҳрӣ танҳо се чаҳор даста роҳ меёбанд. Бояд тамоми дастаҳоро ба мусобиқот ҷалб кард, чӣ заиф ва чӣ тавоно, то ки аз миёни онҳо бозигарони бомаҳорат кафш шаванд. Барои ҳамин мо ҳоло ба рушди футболи наврасон аҳамияти зиёд медиҳем. "

ДАР ЯКЕ АЗ ЗИНАҲОИ ПОЁН

Тоҷикистон феълан дар рейтинги ФИФА Федератсиюни байналмилалии футбол дар байни 205 кишвари олам дар мақоми 125-ум қарор дорад. Кишваре дар ин зина қарор дорад, ки наврасонаш пойи урён дар хиёбонҳову сабзазорҳои деҳот бо тӯбҳои мухталиф ва ҳатто баъзан худсохт футбол бозӣ мекунанд, пиронсолонаш мунтазири рақобати дастаҳои аврупоӣ мешаванд, вале майдонҳои футболи камсабзаи ин кишвар муштоқи давидани футболбозон ҳастанд ва курсиҳои варзишгоҳҳо чашми чор ба сӯи мухлисони футбол доранд.

Қарни тиллоии варзиш ва Тоҷикистон
XS
SM
MD
LG