Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи се шохаи қудрат дар Тоҷикистон


Абдуқаюми Қаюмзода Дар ҳоле ки замони баргузории интихоботи раёсатиҷумҳурӣ дар Тоҷикистон наздик мешавад, бархе дар маҳфиҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии кишвар аз афзоиши нуфузи қувваи иҷроия бар ду шохаи дигари қудрат -- қувои қонунгузорӣ ва қазоӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Ва ин ҳам дар ҳолест,ки номзадии Эмомалӣ Раҳмонов -- раиси давлат ба эҳтимоли қавӣ аз сӯи Ҳизби халқию демократии Тоҷикистон дар ин интихобот пешбарӣ хоҳад шуд.

Ба эътиқоди коршиносон таъйини салоҳияти шохаҳои қудрат дар Тоҷикистон бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ва усули демократӣ сурат нагирифта ва қувваи иҷроия дар баробари Маҷлис -- ниҳоди олии қонунгузор ва Додгоҳ -- қувваи олии қазоия аз салоҳият ва ваколатҳои ба маротиб бештаре бархурдор аст.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бар ин назар аст, ки Қонуни асосӣ ва қавонини дигари кишвар ба гунае таҳия шудааст, ки заминаи эъмоли нуфузи қувваи иҷроия бар шохаҳои дигари қудратро фароҳам кардааст. Ҳакимов дар таъйиди ин иддаъои худ ба мавориди барканорӣ ва баргумоштагии масъулон дар ниҳодҳои давлатӣ ва маҳаллӣ ба дастури раиси давлат ишора кард. Вай афзуд, дар ҳоле ки раиси ноҳия, раиси вилоят ва раиси Додгоҳи Олӣ, Додгоҳи Олии иқтисодӣ ва Додгоҳи Қонуни асосӣ танҳо ба фармони раиси давлат мансуб мешаванд ва мардум аз ҳаққи интихоб маҳруманд, наметавон аз тақсими дурусти қудрат ва истиқлоли амал дар дигар шохаҳои қудрат ҳарф зад: "Агар ба тартиби ба кор таъин кардан ва аз кор озод кардани раисони Додгоҳи Олӣ, Додгоҳи олии Иқтисодӣ, Додгоҳи қонуни асосиро баррасӣ кунем, пас ҳамаи ин бо пешниҳоди раиси ҷумҳур аз ҷониби Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ сурат мегирад,ки ин ҳам нодуруст аст. Зеро ҳайъати сифатии Маҷлиси Миллӣ асосан аз намояндагони раиси ҷумҳур дар маҳалҳо иборат аст. Аниқтараш ҳамаи раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ инчунин дигар роҳбарони мақомоти иҷроия дар Маҷлиси Миллӣ интихоб шудаанд .Аслан онҳо интихоб ҳам не таъин гардидаанд. Натиҷа он аст ки воқиан дар низоми ҳокимият дар бораи мавҷудияти додгоҳи мустақилу озод ҳарф задан номумкин аст."

Аммо Шерхон Салимов, раиси Кумитаи қонунгузории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ин назар мувофиқ нест. Ӯ мегӯяд, тавозун дар тақсими қудрат тибқи меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифта ва дар қонунгузории кишвар салоҳияти ҳар як аз се шохаи қудрат ба таври дурусту дақиқ таъйин шудааст: "Қарори мақомоти додгоҳро ба ғайр аз додгоҳ ягон мақомоти дигар салоҳият надорад дигар кунад, тағйир диҳад, бекор кунад. Додгоҳи Қонуни асосӣ метавонад дилхоҳ ҳатто қонун, фармони президент, қарори ҳукумат ва дигар қарору санадҳои ҳуқуқии шахсони мансабдор ва мақомотҳои давлатиро, ки ба Қонуни асосӣ хилоф аст, бекор кунад. Ман ба он ақида ҳеҷ гоҳ розӣ шуда наметавонам, ки дар давлати Тоҷикистон тавозуни салоҳиятҳо байни ин шохаҳои ҳокимият гӯё, ки чандон дуруст ба роҳ монда нашуда бошад."

Ҳикматулло Сайфуллозода, мудири Маркази таҳлилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тағйироти ворида ба Қонуни асосии кишвар дар тобистони ду сол пешро далели рӯшани нуфузи қувваи иҷроия бар дигар шохаҳои қудрат арзёбӣ кард. Ӯ гуфт барои ҷомеъаи кишвар иллат ва далоили ин тағйирот ва бахусус тамдиди давраи раёсати ҷумҳурӣ аз як ҳафтсола ба ду ҳафтсолаи пайдарпай номаълум боқӣ монд. Вале Маҷлиси Намояндагон ва Додгоҳ , аз ҷумла додгоҳи Қонуни асосӣ ҳеҷ гуна тавзеҳ надоданд, ки чаро як чунин зарурат пеш омадааст. Сайфуллозода мегӯяд, то кунун ёд надорад, ки Маҷлиси намояндагон ба унвони қувваи олии қонунгузор кадом тарҳ ё барномаи ҳукуматро зери суол бурда ва пас фиристода ё мустақилона қонуне таҳия карда бошад: "Аз назари қонунӣ ҳам дар мавриди салоҳиятҳои ҳокимияти иҷроия ба хусус дар мавриди салоҳияти президенти ҷумҳурии Тоҷикистон бартарият эҳсос мешавад. Ва эҳтимол ҳамин чизҳо бошад, ки дар амал тобеияти ду шохаи дигари ҳокимият ба ҳокимияти иҷроия эҳсос мешавад. Ҳоло мо аз таҷриба дида истодаем, ки ҳеҷ як қонуне -- қонуни ҷиддӣ барои ҷомиаи кишвар аз ҷониби порлумон таҳия наёфтааст ва ҳар пешниҳоде, ки ҳаст, аз ҷониби ҳокимияти иҷроия ҳаст."

Аз сӯи дигар, ба эътиқоди Алиризо Нуризода, таҳлилгари умури минтақаӣ аз Маркази мутолиоти Ховари Миёна дар Лондон вақте қувваи иҷроия бо истифода аз салоҳиятҳои беҳадду ҳаср бар коҳиши нақш ва манзалати шохаҳои дигари қудрат мепардозад, ҷомеъа гирифтори режиме мустабиду худкома мешавад: "Агар аз қудрати раиси қувваи иҷроия коста нашавад, табиатан ҷомиа ба сӯи диктотурӣ бармегардад. Дар Фаронса ҳам ду давраи раёсатҷумҳурии ҳафтсола буд.Вале омадан алъон камаш карданд. Ба панҷ сол таъвил доданд. Ба ҷиҳати инки худи ин тавлиди истибдод мекунад. Яъне инсоне чаҳордаҳ сол дар сари қудрат буд ба сахтӣ мехоҳад қудратро раҳо кунад. Вале агар панҷ сол буд баъди панҷ сол каси дигаре ҷои ӯ омад дар натиҷа ин тасалсул давом пайдо мекунад ба сурати мусбат ва на ба сурати манфӣ. Дар Ингилистон нахуствазир наметавонад бо кори додгоҳ дахолат кунад. Аммо ҳаминҷо ҳам вақте хонуми Тетчер ( Маргарет Тетчер-нахуствазири пешини ин кишвар) се давраи мутаволӣ нахуствазир шуд, ҳолати истибдодӣ пайдо карда буд. Ин аст, ки қудрат усулан вақте тадовум пайдо кард, истибдод эҷод мешавад."

Дар ҷараёни таҳияи ин гузориши таҳқиқотӣ аз раиси Кумитаи қонунгузории Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон хостам, ки намунае аз радди дастуру тарҳҳои давлат тавассути маҷлисро биёварад, аммо намунае ба даст наёмад. Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси тоҷик, мегӯяд, дар ҳоле ки дар ҳамаи ҷавомеъи демократик танҳо додгоҳи Қонуни асосист, ки салоҳияти тафсири қонунҳоро дорад, аммо ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон ин салоҳият ба порлумон дода шудааст. Вай меафзояд, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки аксари курсиҳои порлумонро намояндагони Ҳизби халқию демократӣ ишғол кардаанд ва раёсати он ҳизбро раиси давлати Тоҷикистон дар ӯҳда дорад, истиқлоли се шохаи қудрат дар ин кишвар зери суол меравад.
XS
SM
MD
LG