Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон биёбон мешавад?


Яраш Пӯлодов, раҳбари пажӯҳишгоҳи хокшиносии назди Вазорати оби Тоҷикистон мегӯяд, фарсоиш ва ё эрозияи заминҳои кишт солҳои қабл низ ба мушоҳида мерасид, аммо на ба андозае, ки имрӯз дар манотиқи мухталифи кишвар ба назар мерасад. Ва аммо чаро тайи 15 соли охир заминҳои обёришавандаи Тоҷикистон гирифтори таназзули хок шудаанд? Оқои Пӯлодов равиши нодурусти обёрии заминҳои кишт дар Тоҷикистонро яке аз авомили аслии гирифтории майдонҳои кишт ба таназзули хок медонад.

Ба назари Ҳукуматулло Аҳмадов, доктори илмҳои кишоварзӣ густариши таназзули назарраси хок дар киштзорҳои Тоҷикистон дар чанд соли охир ба ду масъалаи аз назари ӯ бисёр муҳим, шӯршавии муҷаддади заминҳо ва боло баромадани обҳои зеризаминӣ пайванд мехӯрад. Оқои Аҳмадов меафзояд, давлати Тоҷикистон ҷиҳати ислоҳи вазъи мелиоративии заминҳои кишт як барномаи махсусе бо номи тарҳи зидди биёбоншавӣ рӯи даст гирифтааст. Аммо, илова менамояд, зарур аст, то барои муқобила бо таназзули хок ва беҳбуди вазъи мелиоративии заминҳои кишт барномаи ҷудогонаи миллӣ қабул шавад.

Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон низ ба ин нукта таъкид менамояд ва мӯътақид аст, ки бидуни дармони заминҳои гирифтор ба фарсоиши хок наметавон дар соҳаи кишоварзӣ ҳосили фаровон ба даст овард.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати оби Тоҷикистон ҳамакнун бо мусоидати молии Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд шаш тарҳи бозсозии иншоот ва зербиноҳои обрасониро дар кишвар рӯи даст гирифтааст. Аммо, гуфта мешавад, ба манзури ислоҳи вазъи обёрии заминҳои кишт то кунун вазорати мазкур иқдом ба иҷрои тарҳи вижае накардааст.

Тибқи омори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ин кишвар барои ислоҳи вазъи обёрии заминҳои кишт дар маҷмӯъ ба беш аз 500 миллион доллари амрикоӣ ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG