Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифоъи Амрико истеъфо доданӣ нест


Доналд Рамсфелд солҳои ахир борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст, ба вижа аз ҷониби мухолифони ҷанги Ироқ. Вале ин бор танқид аз ҷониби чанд мақоми пешини баландпояи ҳарбӣ садо медиҳад.
Ахиран, фармондеҳи собиқи фирқаи пиёданизоми Амрико дар Ироқ Ҷон Батист дар ин бора чунин изҳори назар намуд:

Роҳи ҳалли беҳтарин ин аст, ки вазири дифоъ мақоми худро тарк кунад ва мо дар Пентанон хуни тоза бигирем, яъне раҳбарияти наве сари кор ояд, ки ҳамкориро дарк кунад ва дар раҳбарӣ аз таҳдид ва такаббур кор нагирад.

Генералҳои пешин Рамсфелдро танқид мекунанд, ки ӯ машваратҳои ҳарбиро сарфи назар мекунад. Ба гуфтаи онҳо, се сол қабл Рамсфелд барои идомаи кор баъди ишғоли Ироқ барномаи дақиқе надошт.
Рамсфелд дар мусоҳиба ба телевизиони Ал-Арабия ин танқидҳоро рад намуд:

Ин ки ду, се ё чаҳор шахси бознишаста назари дигар доранд, ман ақидаи онҳоро эҳтиром мекунам. Вале аз ҳазорон ҳазор генералҳову адмиралҳо ҳар гоҳе як ё ду нафар назари мухолиф иброз кунанд ва мо тибқи танқиди онҳо вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳидаро дигар кунем, ин мисли як бозӣ хоҳад буд.

Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш низ ба ин ибрози назарҳо ворид шуд ва гуфт, ки аз Рамсфелд пурра пуштибонӣ ва ба таври амиқ ӯро қадрдонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG