Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарни тиллоии варзиш ва Тоҷикистон


ҚАРНИ ТИЛЛОИИ ВАРЗИШ

Ҳамакнун варзиш ба як бахши ҷудоинопазири ҳар ҷомеаву кишвар дар ҳар гӯшаҳои олам табдил ёфтааст. Ҳар як сокини сайёраи мо ба роҳҳои мухталиф ба риштаҳои варзиш печида аст, фарқе надорад, ки ӯ ба ягон навъи варзиш машғул аст ва ё мусобиқаи варзиширо тамошо мекунад.

Тавре Кофӣ Анон дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Форуми имсолаи Иқтисодии Давос ба хабарнигорон гуфтааст, варзиш забони умумиҷаҳониест, ки метавон онро ҳамчун василае барои ҳамдигарфаҳмӣ, таҳҳамулпазирӣ ва сулҳ дар ин ҷаҳони пур аз хатар истифода бурд.

Ба эътиқоди Жак Роге - раҳбари Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ, агарчӣ ҳанӯз ҳам масоили зиёде барои расидагӣ ба масъалаи варзиш мавҷуд аст, аммо метавон гуфт, ки ҷаҳониён имрӯз дар қарни тиллоии варзиш ба сар мебаранд. Жак Роге дар форуми ҷаҳонии иқтисодии Давос дар Швейтсария чунин таъриф карда буд:

"Ба эътиқоди ман, воқеан мо ҳоло дар қарни тиллоии варзиш зиндагӣ мекунем. Мо шоҳиди ширкати шумораи азими афрод дар варзиш дар саросари ҷаҳон ҳастем. Тибқи ҳисобҳо ҳудуди 800 миллион нафар пайваста машғули варзиш ҳастанд, ки ё барои худ ва ё барои ширкат дар мусобиқот варзиш мекунанд. Дар ҷаҳон ҳудуди 5 миллион клубҳои варзишӣ ҳаст. Мо ҳамчунин шоҳиди мухлисони зиёди мусобиқоти варзишӣ ҳастем. Тибқи ҳисобҳои Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ ва FIFA Федератсиюни Байналмилалии футбол, бозиҳои олимпӣ ва ҷоми ҷаҳонии футболро беш аз сеюним точор миллииард нафар тамошо мекунанд, ки ин низ манфиати молии зиёд меорад. Ҳам Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ ва ҳам FIFA ҳар ду беш аз чаҳор миллиард доллар даромад доранд."

ВАРЗИШ ТАШАККУЛДИҲАНДАИ ШАХСИЯТ

Иддае варзишро барои дилхушӣ ва иддае барои овардани фоидаи молӣ ва иддае барои ҳарду истифода мекунанд. Варзиш инсонҳоро ба ҳам меорад ва ҳамчунин дар муқобили ҳам менишонад.
Варзиш инсонро маъруф мекунад ва аз сиёсатмадорон низ маъруфтар ва манофеъи зиёди дигар ҳам дорад. Яке аз манофеъи он ба гуфтаи Настя Степунина ; мураббии фитнесс клуби Ворлд Класс дар шаҳри Маскав ташаккули шахсияти инсон аст:

"Варзиш инсонро бисёр хуб тарбия мекунад, инсонро ташаккул медиҳад. Варзиш а ташаккул ёфтани хислатҳои инсон, ҳамчун масъулиятшиносӣ, мусоидат мекунад. Агар аз нигоҳи ҷисмонӣ бигӯем, ҳар навъ фишори ҷисмонӣ бадани инсонро инкишоф медиҳад, ҳам мушакҳоро, ҳам роҳҳои нафас ва низоми хунгард ва қалбро. Агар доир ба шахсият бигӯем, ба андешаи ман дар маҷмӯъ варзиш рушди муназзами инсон аст. Варзиш ба тамоми ҷанбаҳои мафҳуми рушди шахсияти инсон таъсири мусбат мерасонад."

Зарбулмасали лотиние ҳаст, ки "Менс сана ин корпоре сано", яъне "Навои ақл дар навои бадан аст", соддатар бигӯем, агар бадан ҳар қадр солим бошад, пас ақли инсон низ ба ҳамон андоза солим аст. Настя Степунина ба ин гуфта мувофиқ аст.

"Бидуни шак варзиш иродаи инсонро низ қавӣ мекунад, чаро ки ӯ худро маҷбур мекунад, то барои машқ биравад, ки ин худ як баёнгари иродаи инсон аст. Агар мо доир ба инкишофи ақлонии инсон бигӯем, ба андешаи ман тамоми анвоъи варзиш, чӣ гуна ки он мушкил ва ё осон набошад ба рушди ақлонии инсон мусоидат мекунад. Масалан анвоъи варзише ҳаст, ки ҳаракатҳои ҳамоҳанги қотеъро талаб мекунад. Навъҳои варзише, ҳаст, ки истифодаи нерӯи мушакҳоро металабад, аммо дар ҳар сурат ва ҳар гуна навъи варзиш малакаи ақлониро талаб мекунад. Ҳамин гуна барои ба даст овардани натиҷаҳои хуб қобилиятҳои ақлонии инсон низ бояд рушд кунад, афзоиш ёбад ва беҳтар шавад. Аз ин сабаб варзиш дар ин самт танҳо таъсири мусбат дорад."

ТОҶИКИСТОН - ВАРЗИШГАРИ ХАСТА

Аммо вазъи варзиш дар кишварҳои ҷаҳонро ба дави марафонӣ шабоҳат диҳем ва Тоҷикистонро яке аз ширкаткунандагон дар ин мусобиқа, Тоҷикистон шояд варзишгаре бошад, ки аз давидани зиёд бисёор хаста шудааст ва аз паси варзишгарони зиёд ба оҳистагӣ вале ҳаракат мекунад. Ва ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов низ ба варзиш майли зиёд дорад ва то андозае, ки дар яке аз ҷашнҳои наврӯзӣ барои зӯрозмоӣ ба майдони гӯштӣ баромадааст.

Шояд рағбати зиёди раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба варзиш сабаб шуда бошад, ки ҳукумат дар ду соли ахир барои рушди варзиш дар кишвар сармояи бештар гузоштааст. Мирзосафар Шамсиддинов Шамсиддинов сухангӯи кумитаи варзиши Тоҷикистон:

"Вақтҳои ахир аз ҷониби ҳукумат буҷаи кумитаи варзиш ду маротиба бештар шуд. Мо дар як соли гузашта ба дастовардҳои ҷолиб ноил гаштем."

Аммо бо вуҷуди ин ҳама ҳанӯз ҳам ба гуфтаи варзишгарони тоҷик худои варзиш ба Тоҷикистон кам назар мекунад ва анвоъи варзишу варзишгаронро дар банди мушкилоти фаровон нигаҳ медорад. Сармояи нокофӣ, норасоии варзишгоҳҳои замонавӣ, муррабиёни варзида сабаби он шудааст, ки шумори ками варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат кунанд.

Камбизоатӣ, ки тамоми балоҳои дигарро дар худ дорад, иҷоза намедиҳад, то ки мардуми кишвар вақти холӣ ва тафреҳ ёбанд ва бо тамошои бозиҳои варзишӣ ба хазинаи варзишгарон сармоя афзоянд. Аммо варзишгарону мақомоти Тоҷикистон ноумед нестанд ва варзиши кишварро дар роҳ ба сӯи эҳё мебинанд.
Қабули барномаи нави миллии рушди варзиш, эҳёи мусобиқаҳои ҷумҳуриявии солҳо фаромӯшшуда, эҳёи федератсияҳои варзиш ва ифтитоҳи клубҳо нав ва майли фазояндаи мардум ба фитнессро мақомоту варзишгарони тоҷик аз нишонаҳои рушди варзиш дар Тоҷикистон медонанд. Рушди он чизе, ки метавонад, эътибори кишвари хурду ноошно чун Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боло барад ва баҳри коҳиши фақру камбизоатии он низ саҳми зиёд бигзорад.
XS
SM
MD
LG