Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз хиёбон то ба зиндон як қадам?


Бо ҳадафи дарёфти роҳи ҳалли ин қазия созмони иҷтимоии "Аврора", ки бо пажуҳиши мушкили кӯдакони душвортарбия машғул аст, тасмим гирифт мулоқоти кормандони ҳукуматҳои чаҳор ноҳияи пойтахтро доир кунад. Сабоҳат Олимова, раиси созмони "Аврора", бо такя бар назарсанҷии маркази "Шарқ" мегӯяд, аксари ин кӯдакон аз хонаводаҳои бенаво ва муҳоҷиринанд:

Барои ман хушоянд буд, ки мақомоти маҳаллӣ омори дақиқи ин гурӯҳи кӯдаконро доранд ва дар ин маврид бонги изтироб мезананд. Чун ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ин мушкил дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ва онро бояд ба зудӣ рафъ кард. Аммо дар ин замина дар сурате метавон комёб шуд, ки ҳукумати кишвар бо созмонҳои иҷтимоъӣ дар иртибот бошад, то ба иттифоқи ҳам дар ин росто талош кунем.

Аммо ҳангоме, ки мо худ бо ин кӯдакон ҳамсӯҳбат мешавем ва сабаби аслии рӯ ба бозор овардани онҳоро ҷӯё мешавем, посухи бештари онҳо як аст: вазъи нобасомони иқтисодии хонавода:

...Вақте ки фурӯшандаҳо борҳояшонро меоранд, мо бо аробаҳоямон борҳояшонро мебарем. Як хел рӯз мешавад 10 сомонӣ - 20 сомонӣ кор мекунем. Ман пулҳои ба даст овардаамро ба модарам медиҳам ва ӯ ба ман 20 ё 50 дирам медиҳад...
...Ман аслан мошин мешӯям. Субҳ кор мекунаму нисфирӯзӣ ба мактаб меравам. Хайр дар ҳавои сард хунук мехурему мешӯем...


Аммо раиси созмони "Аврора" изҳори таассуф мекунад, ки аксаран худи падару модарон дар ҷалби кӯдакон ба кори сангин даст доранд ва манфиатдоранд, ки фарзандони хурдсоли онҳо дар пешбурди зиндагӣ ва беҳбуди вазъи молии хонавода саҳм дошта бошанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Сабоҳат Олимова, кӯдакону навҷавонон бо рӯ овардан ба бозори кор ба тадриҷ аз омӯзишу парвариш канор мемонанд ва аз ҳисоби онҳо теъдоди бесаводону камсаводон афзоиш меёбад. Дар Эъломияи ҳуқуқи кӯдак омадааст, ки кӯдак ҳаққи кор дорад, аммо ин ҳақ набояд монеъ аз омӯзиши ӯ шавад ва ба саломатии ҷисмонию равонияш латма занад. Тоҷикистон низ ин Эъломияро имзо кардааст ва мутааҳҳид аст, ки ин нуктаро риъоят кунад.

Мо ба давлат тарҳеро барои коҳиши мизони фақр миёни кӯдакон арза кардем. Бино бар он барнома, нахуст бояд санҷид, ки даромади миёнаи ин кӯдакон аз корашон чанд аст ва бар пояи он бояд ба коргарони ноболиғ кӯмакпулӣ ихтисос дод, то онҳо дубора ба омӯзиш рӯ оваранд.

Аз сӯи дигар Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, фаъолияти зудҳангоми корӣ дар сиришти кӯдак хӯи дарюзагариро ба вуҷуд меорад. Ҳар боре, ки онҳо бо пешниҳоди хидмати худ ба муштариҳои билқувва наздик мешаванд, аксари мардум ба онҳо бо нафрат менигаранд.

Тайи чанд соли ахир як падидаи наве пайдо шудааст, ки аз ноҳияҳо кӯдаконро ба шаҳри Душанбе оварда, дар ягон хона ба номаш ичора мемонанд. Он хона метавонад сарой бошад, метавонад анбор бошад ва кӯдакон шабона дар он ҷо мехобанду рӯзона дар бозорҳо мардикорӣ мекунанд. Дар охири ҳафта падару модарашон аз ноҳия омада , маблағи коркардаи кӯдаконро гирифта ба рӯзгори худашон сарф мекунанд.

Хонум Марям афзуд, чунин кӯдакон наметавонанд ояндаи солими кишвар бошанд. Шояд як қисми онҳо дар оянда сафи муздурон ё мардикоронро барои ҳамеша ишғол кунанд ва бахше дигар аз сӯи гурӯҳҳои табаҳкор ба аъмоли ҷиноӣ ҷалб шаванд. Зеро ин кӯдакон, аз назорати волидон ва мактаб дур мондаанд ва унсурхои табаҳкор маъмулан аз миёни ҳамин қабил навҷавонон ҳампешагони ояндаи худро пайдо мекунанд.
XS
SM
MD
LG