Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бачаҳо маро масхара мекунанд ва бо ман бозӣ намекунанд"


Орзӯи Бобоҷони 7 - сола ин аст, ки ба мисли атфоли солим пойи равон дошта бошаду дигар мавриди хандахариши ҳамсолонаш қарор нагирад:

«Бачаҳо маро дида масхара мекунанд, ки пойҳои ман каҷанд ва бо ман бозӣ намекунанд. Ман бошам, аз ин хеле зиқ мешавам. Барои ҳамин модарам ба ман иҷозаи ба берун баромаданро намедиҳад. Ман орзӯ дорам, ки бачаҳо ба мисли дигар кӯдакон бо ман низ бозӣ кунанд»

Ба қавли равоншинсон ва мутахассисоне, ки бевосита бо атфоли маълули кишвар сару кор доранд, имрӯз аксари кӯдакони ноқис дар зери фишори равонӣ ба воя мерасанд. Равоншиносон иллати аслии ин падидаро тамасхури ҳамсинну солони кӯдакони маълул медонанд. Шояд шумо ҳам гоҳе дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру рустои худатон шоҳидаш шуда бошед, ки кӯдак ё навҷавоне маълул чи гуна аз сӯи навҷавонони солим мавриди истеҳзо воқеъ мешавад.

Бо ҳадафи ислоҳи чунин муносибат созмони иҷтимоъии «Тандурустӣ» бо ҳамдастии чандин созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Комиссиюни ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва бунёди Сорос дар кӯдакистонҳои пойтахт дарсҳои меҳру шафақат баргузор мекунад. Дар чорчӯби ин барнома ба кӯдакон муносибати дурусту некхоҳона бо кӯдакони маълул омӯзонда мешавад. Венера Умарова, раиси созмони ғайридавлатии «Тандурустӣ» мегӯяд, атфоли ноқиси ҷисмонӣ имрӯз дар кишвар бо мушкилоти мухталиф мувоҷеҳанд. Аз ҷумла, аксари падару модарон аз ин ки дар хонавода кӯдаке маъюб доранд, хиҷолатзадаанд ва ин ҳақиқатро аз ҷомеъа пинҳон медоранд, чун метарсанд , ки бо ифшои ин воқеъият бархӯрди ҷомеъа бо хонаводаи онҳо тағйири манфӣ хоҳад кард.

«Аксари волидон мегӯянд, мо намехохем, ки фарзандони мо як умр мӯҳри маълулият бар пешонӣ дошта бошанд. Бигзор дар кишвар ба кӯдакони мо низ имконоти баробар дода шавад, то ин ки онҳо ба хотири маъюбият аз имконоти фароҳам барои ҳамсинну солонашон бебаҳра намонанд.»

Гуфта мешавад, имрӯз дар Тоҷикистон шумори кӯдакони маълул ба 30.000 нафар расидааст, ки яку ним ҳазор нафари онҳо дар пойтахти кишвар ба сар мебаранд ва аксарашон мутаъаллиқ ба хонаводаҳои бенавоанд. Кӯдакони маълуле, ки феълан дар мактаб - интернатҳо ва марказҳои рӯзона зиндагию таҳсил мекунанд, ғолибан норасоии ҷисмонӣ дошта, гирифтори бемориҳои асабӣ, фалаҷ ва силанд. Сиддиқ Раҳмонов, сарвари бунёди иҷтимоъии «Некӣ», ки аз 7 сол пеш бад-ин сӯ дар ин марказ кӯдакони маълулро мепарварад, мегӯяд, чунин кӯдакон феълан имкони рафтан ба кӯдакистонҳои маъмулиро надоранд.

«Аз назари мо кӯдакони маълул умуман аз ҷамъият дур мондааст. Ва ин гуна кӯдаконро дар баробари кӯдакони солим ба мактабҳо қабул намекунанд. Ҳатто дар кӯдакистонҳо низ чунин кӯдакон нестанд. Вақте ки мо сабаби ба кӯдакистонҳо қабул накардани кӯдакони маълулро пурсон мешавем, мегӯянд, иллаташ дар паст будани музди меҳнатӣ муррабиён аст. Чун нигоҳубини як кӯдаки маъюб баробар ба 10 - 12 тифли солим аст. Ва кор бурдан бо чунин кӯдакон хеле душвор аст.»

Аз сӯи дигар, Абдулваҳҳоб Миров, корманди ҳамин бунёд гуфт, дар хонаводаҳои тоҷик ғолибан кӯдакони маълул дар муҳите пӯшида тарбият мешаванд, аз ин рӯ, ин кӯдакон дар ҷомеа миёни афроди солим худро нобаҳинҷор ҳис мекунанд.

«Вақте, ки ба маркази мо кӯдакони маъюб оварда мешуданд, онҳо ба муддати ду ва ё 3 соат бо сари хам менишастанд ,шарм медоштанд, танҳо ба пеш нигоҳ мекарданд, худро беҳад бад ҳис менамуданд. Чун то ба ин лаҳза онҳо дар чунин ҷойҳо набудаанд. Вале дар муддати 3 ё 4 моҳ вақте, ки 2 ё 3 маротиба дар як ҳафта ба маркази мо меомаданд, ба оҳистагӣ онҳо иваз мешуданд. Дар лабонашон ханда медамид ва ба гирду атрофашон бо назари дигар менигаристанд ва бо кӯдакон бозӣ мекарданд.»

Хонум Нафиса Муродова, равоншинос мегӯяд, атфоли маълул нисбат ба кӯдакони солим бештар ба ғамхориву меҳрубонӣ ниёз доранд. Ва агар ҷомеъа онҳоро ба унвони узви тамомъайёри худ напазирад, мумкин аст, онҳо барои ҳамеша аз зиндагӣ дилсарду навмед шаванд.

«Табъиз, таъмин накардани кӯдакони ноқис ва ё тайёр набудани ҷомеа барои кор бурдан бо чунин кӯдакон албатта ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад.»

Мастураи 7 - сола як тифли солим аст, аммо наметавонад, дар баробари сарнавишти ҳамсинну солони маълулаш бетафовут бошад. Ӯ мегӯяд, чунин кӯдакон пеш аз ҳама ба меҳрубонии ҳамсолони солимашон ниёз доранд

«Бузургсолон бояд дар бораи кӯдакони маъюб андеша кунанд, чунки ин кӯдакон на ҳамеша сандалиҳои равони маълулӣ ва китобҳои махсуси худро доранд. Аммо мо, кӯдакон бо кадом роҳ ба онҳо метавонем ёрӣ расонем. Мо набояд аз онҳо рӯ тобем. Мо бояд бо онҳо дӯстӣ кунем, то ин ки онҳо эҳсоси танҳоӣ накунанд. Чунки маълулон низ мисли мо кӯдаканд, фақат андаке беморанд»

Нафиса Муродова, равоншинос, бар ин назар аст, ки падару модарон бояд беш аз пеш мутаваҷҷеҳи тарбияти фарзандони худ бошанд, то кӯдакон истеҳзои афроди маълулро айб бишморанд ва баръакс, бо кӯдакони маълул низ робита барқарор кунанд. То кӯдакони маълул низ дунёро зеботар бибинанд ва дар канори мо аз неъматҳои зиндагӣ файз бибаранд.
XS
SM
MD
LG