Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти теннисбозон аз Ҷоми Девис


Дастаи мунтахаби мардонаи тенниси Тоҷикистон дар ҳайати Дилшод Шарифӣ, Мирҳусейн Яҳёев, Раҳматуллоҳ Раҷабалиев ва Фарҳод Саидов дар рақобатҳои гурӯҳи чаҳоруми Ҷоми Девис дар Урдун ду пирӯзӣ ба даст оварда, дар ду дидор шикаст хӯрд.

Теннисбозони тоҷик бар дастаи Туркманистон бо натиҷаи 3 бар 0 ва бар тими Урдун бо натиҷаи 2 бар 1 ғолиб омада, аз дастаи Имороти Муттаҳидаи Араб бо натиҷаи 0 бар 3 ва тими Сурия 1 бар 2 мағлуб гаштанд. Ду тими беҳтарини гурӯҳи чаҳорум - Уммон ва Имороти Муттаҳидаи Араб барои ширкат дар сабқати гурӯҳи севвуми минтақаи Осиёву Уқёнус дар соли 2007 роҳхат гирифтанд.

Вале тими Тоҷикистон соли оянда низ дар сабқати гурӯҳи чаҳорум ширкат хоҳад кард. Мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Девис дар 7 минтақа ҷараён ёфта, 16 дастаи беҳтарин ба сабқати ниҳоии ҷаҳонӣ роҳхат мегирад.
XS
SM
MD
LG