Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чил дирам деҳ"


Абдулло Абдулов, мудири шӯъбаи нақлиёти ҳукумати шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, аз таърихи 10 апрели соли равон, тибқи як қарори шаҳрдорӣ, роҳкиро барои нақлиёти мусофирбари дохилишаҳрӣ, автобус, троллейбус ва нақлиёти хурди мусофирбар ё маршрутка, боло бурда шуд. Ҷаноби Абдулов афзуд, чунин як тадбир аз ҷониби ҳукумати пойтахт ба хотири то андозае беҳтар кардани вазъи ногувори хадамоти мусофирбарӣ андешида шудааст:

«Ин тадбирро барои каме беҳтар кардани хидматрасонӣ ва ҳавасмандии кормандони соҳа ҳукумати шаҳр андешидааст. Маоши ночизи ронандагон, гаронии қисмҳои эҳтиётӣ, сӯзишворӣ ва ғайра сабаби он шудааст, ки кормандони соҳа корро тарк карда ба Русия рафтаанд ва касе дар ин соҳа кор кардан намехоҳад.»

Дар сӯҳбатҳо бо радиои Озодӣ бахши аъзами сокинони Душанбе аз чунин иқдоми ҳукумати пойтахт изҳори норизоӣ карданд ва гуфтанд, ҳар бор, ки дар мавриди боло бурдани маоши ҳадди аққал, нафақа ё кӯмакпулии донишҷӯён қароре ба тасвиб мерасад, ҳанӯз ин маош ба дасти аҳолӣ нарасида, дар бозор нархи маводи хӯрданӣ ва ё арзиши газу барқу об ва нархи нақлиёти мусофирбар боло меравад. Як сокини Душанбе, ки худро Сумангул Рустамова муаррифӣ кард, мегӯяд, хонаводаи вай аз панҷ нафар иборат мебошад, шавҳараш барои дарёфти пул ба Русия рафтааст. Худаш танҳо кор мекунад ва 120 сомонӣ маош мегирад. Фарзандонаш ҳама донишҷӯянд. Манзилашон дар канори шаҳр воқеъ аст, ҳамарӯза аҳли хонаводаи ӯ ба 2 ва ё 3 нақлиёт бояд савор шаванд, то ба ҷойи кор ва донишгоҳ расанд:

«Маоши моро каме баланд карданд, аз ин чӣ фоида, ки нарху наво ин қадар боло рафтааст. Агар нархи роҳкиро чунин бошад, мо магарам ҳеҷ чиз нахӯрем ва танҳо барои роҳкиро масраф кунем. Чунки маоши ман намерасад.»

Мусоҳиби дигари мо Пӯлод Сангинов ном дошта бознишаста аст. Вай мегӯяд, 30 сомонӣ нафақапулӣ мегирад, агар ин пулашро ҳамчун роҳкиро истифода кунад, дигар чизе харида наметавонад:

«Ман ҳоло аз кор баромадам, маҷбурам, ки пиёда равам. Ман 72 сол дорам ва қуввати пиёдаравӣ надорам. Чӣ хел ман аз баланд кардани нафақаам миннатдор бошам вақте 30 сомони ҳам ба чизе намерасад?»

Коршиносон бар ин назаранд, ки баробари боло рафтани маошу нафақа ва стипендияи донишҷуён, ғолибан боло рафтани нархи нақлиёт ва маводи хӯрданӣ ва хадамоти коммуналӣ, чунин иқдомоти ҳукумати кишварро дар роҳи беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ ночиз мегардонад. Адолати Мирзо, сардабири ҳафтаномаи мустақили «Миллат» дар робита ба ин мавзӯъ чунин ибрози назар кард:

«Ин болоравии нархи нақлиёт ба мардуми камбизоат, нафақахӯрон ва донишҷӯён бештар таъсири манфӣ мерасонад. Масалан, донишҷӯ маҷбур аст, ки бо ин кӯмакпулии ночиз танҳо ба донишгоҳ ва хона равуой кунад, зеро барои рафтани китобхона ё ҷойҳое, ки маънавиёту ҷаҳонбинии ӯро ғанӣ мегардонад, намерасад.»

Ба ин тартиб, аз таърихи 10 апрели соли равон, мутобиқи қарори ҳукумати шаҳри Душанбе, нархи нақлиёти мусофирабар 30 дар сад боло рафт. Роҳкирои нақлиёти хурди мусофирбар, ё маршруткаҳои дохилишаҳрӣ ва автобус 40 дирам муқаррар шуд, ки қаблан маршрутка 30 ва автобус 20 дирам нарх дошт. Роҳкиро барои тролейбус 30 дирам, ки қаблан 10 дирам будааст. Нархи билетҳои моҳона барои донишҷӯён 12 сомонӣ ва барои истифодаи ҳамагонӣ 15 сомонӣ муқаррар шуд.
XS
SM
MD
LG