Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари Шумо ба кори пизишкон


Cалими Аюбзод Оё ба кори онҳо чӣ баҳо медиҳед? Дуруст аст, ки пизишкони тоҷик ворисони ҳақиқии Синоянд ва ё шумо ба ин ақида розӣ нестед?

Системи беҳдошти Тоҷикистон аслан нокоромад аст. Ҳоло зери нуфузи сиёсатҳои маҳалгароёна пруфессурҳое, ки дар замони Шуравӣ дониши худ гирифта ва таҷрубаи зиёд ҳам доштанд, дар тамоми бемористонҳо муъовин шуда ва шогирдони навкор ва бедониши онҳо, ки намояндагони як минтақаи ҳоким ҳастанд, раёсати ҳамаи бемористонҳо ва бахшҳои гуногуни онҳоро дар даст доранд. Вале касе ин сиёсати табъизомез ва зидди-инсониро маҳкум намекунад! Пас ояндаи пизишкӣ дар Тоҷикистон "рӯшан" аст.

Фаромарз
----------------------------------------

Дӯстон салом!
Акаи Салим, ҳама вақт дар хусуси эътибори олии пизишкони гузаштаамон ва кунунии мо дар хориҷ фикр мекунам. Вале аз гуфтаҳои шумо, ки айнан ба нақлхои мӯйсафеди бобоям шабоҳат доранд, ҳеч хулосаи мантиқӣ бароварда наметавонам. Фикр мекунам пайдо кардани решаи дард барои табиб сар аз Сино то холаи Мушкинисо "бе ягон ғалат", мустаҳил аст. Сино худодод буд, вале дар ҳар миллат чунинҳо буданд. Масалан, як пизишки чехро низ медонам (мутаасифона номаш дар хотирам нест), ки чунин қудрат дошт. Яъне, ҳар қавму миллатҳо нобиғаҳои соҳавии худро доштанд. Ва онҳоро, ки ангуштшуморанд мо танҳо худодҳо мегӯем. Хуб аст, ки пизишкони аз лиҳози касбият пешрафтаи мо дар Русия ва дигар нуқоти ҷаҳон кору фаъолият доранд ва номбардори миллати тоҷиканд. Ва агар шиками табибоне, ки дар худи Тоҷикистон кор ва зиндагӣ доранд аз ҳисоби ҳукумат "сер" мешуд, шояд он вақт ба узви дардноки бемор менигаристанд на ба ҷайбаш. Фаразан, шикам сер шуд, бо чашм чи кор бояд кард?

Умед аз Маскав
-----------------------------------
Бародарони азиз!
Пизишкони мо ҳам чун устодони мактабҳои таҳсилоти умумиву олӣ вобаста ба маоши моҳонаашон кор мекунанд. Агар маоши лозимаи барои зисти онҳо таъмин гардад, итминон дорам, ки вориси воқеии Сино буданашонро исбот мекунанд, вале алҳол оид ба ин мавзӯъ сухан гуфтан шояд барвақт бошад.

Илҳомҷон Ҳамидов
-------------------------------------
Салом.
Мехостам фикри худро оиди фаъоълияти пизишкони тоҷик баен намоям. Дар ҳақиқат дар замони Шӯравӣ, пизишкони тоҷик яке аз байрақбардорони тибби мамлакат буданд. Бисёр табибони тоҷикро номбар кардан мумкин аст,ки дар миқёси Шӯравӣ обрӯи хеле баланд доштанд. Имрӯз ҳам дар Тоҷикистон чунин табибон ҳастанд ва новобаста ба душвориҳои замон софдилона ва беғараз ба мардум хизмат карда истодаанд. Ба сифати мисол мехостам дар ин ҷо номи табиби номдор узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон директори Институти гастроэнтрологияи АФ Тоҷикистон Меҳроҷов Ғиёсиддин ва вазири тандурустии кишвар мӯҳтарам Нусратулло Файзуллоевро биёрам.
Ман дар яке аз шаҳракҳои Россия кор ва зиндагӣ мекунам. Духтарчаам тирамоҳи соли гузашта бемор шуд. Якчанд моҳ ба поликлинаки шаҳрӣ рафта, аз назари табибони гуногун гузаштем. Вале мутаасифона, касе дардашро муайян карда натавонист. Маҷбур шуда духтарчаамро ба Ватан фиристодам. Бо дастгирии бевоситаи бародарамон Салими Аюбзод ва вазири мӯҳтарам Нусратулло Файзуллоев духтарчаамро дар клиникаи институти гастроэнтрология хобонданд. Дар муддати кӯтоҳ бо роҳбарии бевоситаи мӯҳтарам Ғиёсиддин Меҳроҷов касалии духтарчаамро муайян намуда ба муолиҷа сар карданд. Баъде чанде он кас сиҳату саломат ба хона баргаштанд. Бинобар ҳамин ман аз фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳам ба бародари азизам Аюбзод, вазири мӯҳтарам Нусратулло Файзуллоев ва пизишки номӣ, акои Ғиёсиддин Меҳроҷов миннатдории худро баён намоям. Аҳли оилаи мо ҳеч гоҳ некии Шумоёнро фаромӯш намекунад.

Бо камоли эҳтиром Муҳаммадраҳим.
-------------------------------------------
Пизишкони мо мутахссисони хеле хубанд, аммо система (низом)-и тандурустии кишвармон ҳамчун як мероси замони гузашта наметавонад вазифаҳои навро иҷро кунад. Мутаассифона, кӯшишҳои ислоҳот дар ин соҳа ба самти нодруруст равонаанд ва биноан ба ин зудиҳо хубиеро интизор будан мушкил аст.
Бо эҳтиром
Мӯҳсини Ҷаббориён
---------------------------------------
Бародарони азиз - Умед ва Салими Аюбзод!
Ҳар як ҷангал ҳам шер дорад ва ҳам рӯбоҳ. Ба фикри ман хатои Шумо, бародарони олиқадр, дар ҳамин аст, ки як тарафи масъаларо дидаед.
Мо сарфи назар аз кӣ буданамон хоҳ ориф ва хоҳ авбош ворисони Сомониён ва пизишкони мо ворисони Сино мебошанд. Ман чунин андеша дорам, ки пизишкони мо гавҳари илми синоиро дар дил доранд ва дар натиҷаи азму кӯшиш ин гавҳар обутоб хоҳад ёфт.Вале барои рушди чунин пизишкон бояд он монеаҳоеро, ки пеши роҳи ворисонро мегирад, ҳал кунем. Охир худи Сино ҳам олими дарбор буд на маҳкуми пули маризону ёрии "гуманитарӣ"-и аҷнабиён.
Умедворам барои тоҷикон садаи 21 беҳтарин сад ранги сад сол хоҳад буд.

Дипимпакт
-----------------------------------

Муҷрии баҳс (Салими Аюбзод): Умеди азиз! Оё фикр кардед, ки ҳамеша гуфта мешуд, пизишкони мо дар шуравии пешин эътибори баланд доранд ва акнун ҳам бархе дар Русия номдор мебошанд? Гуфта мешуд, онҳо умдатан решаи дард ва давои онро бе ягон ғалат пайдо мекунанд. Ба ин нукта чӣ назар доред?

--------------------------------------

Бародарон салом!
Медонед, ба нақл аз хешовандону наздиконам дар Тоҷикистон, пизишкони тоҷик дар айни ҳол мисли лошахӯрон менамоянд. Мегӯянд, ба Воллоҳ қасам як иддаашон аз дасти ҳаромхӯре мебошанд, ки нур дар рӯй надоранд. Вой бар ҳоли мардуми бебизоат!
Ман, ворисони ҳақиқии Сино будани онҳоро рад намекунам, вале агар имрӯз Синои бузург зинда мебуд, худи ӯ аз онҳо рӯй метофт. Вале боз наметавонам ҳамаи пизишконро маҳкум кунам.
Дар воқеъ, ҳастанд онҳое, ки касби хешро дӯст медоранд ва нони мехӯрдаашон аз меҳнати ҳалол аст.
Афсӯс, сад афсӯс, ки хеле каманд.

Умед аз Маскав
XS
SM
MD
LG