Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андешаҳо атрофи "Ватан"


Матолиби шумораҳои тозаи нашрияҳои чопи Душанбе

Ҳафтаномаи «Миллат» дар саҳафоти худ мактуби ҷиноҳи тозатаъсисе дар Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки муассисонаш онро «Ватан» ном гузоштаанд, чоп карда ва сӯҳбате бо сарвари ин ҷиноҳ, Масъуд Собиров анҷом додааст. Масъуд Собиров гуфтааст, танҳо ҳадаф аз таъсиси ин ҷиноҳ - фаъол сохтани Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ҷомеа аст, на бештар аз ин. Дар посух ба суоли хабарнигор дар мавриди муносабати ҷиноҳи «Ватан» бо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари маҳбуси Ҳизби демократ, Масъуд Собиров гуфтааст, ҳарфҳои ҷаноби Собировро мехонам, «Шахсан ман бо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров муносабати хуб доштам, ӯ як бародари мо аст, ки имрӯз дар маҳбас ба сар мебарад. Вале як нафар бояд имрӯз ҳизбро раҳбарӣ кунад. Аз маҳбас ҳизбро идора ва роҳбарӣ карда намешавад». Поёни иқтибос.

«Миллат» дар ҳамин бастагӣ назари Ойниҳол Бобоназарова, яке аз муассисони Ҳизби демократ дар оғози солҳои навадро дар мавриди ташкили ҷиноҳи «Ватан» дар канори Ҳизби демократ пурсидааст. Хонум Бобоназарова гуфтааст, ҳарчанд, ин як амалӣ демократӣ аст, ва аммо дар шароити феълии Тоҷикистон беҳтар мебуд, инҳо дар як пайкар ба ҳам меомаданд ва фаъолият мекарданд.

Як мусоҳабае дигар аз ҳафтаномаи «Наҷот», ки бо Муҳиддин Кабирӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пас як сафари ӯ ба Амрикову Аврупо анҷом шудааст. Ҷаноби Кабирӣ гуфтааст, Тоҷикистон ниёз ба инқилоби кӯчагӣ надорад, балки ба инқилоби дилҳо ва мағзҳо эҳтиёҷ дорад. Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, инқилоби кӯчагӣ ҳокимонро иваз мекунад, ки на ҳама вақт ба некӣ меанҷомад, вале инқилоби мағзҳо ба ҳокимон кор надорад. Инқилоби ба истилоҳи ҷаноби Кабирӣ, мағзҳо ҷомеаро тағйир медиҳад, мафкураи ҷамъиятиро ба сатҳи нав мебарорад ва ин ҳама боис мегардад, ки ҳокимият худаш даст ба ислоҳот ва дигаргунӣ занад, то худро ба афкори ҷамъиятӣ мувофиқ созад.

Ҳафтаномаи «Азия -Плюс» як саҳифаи вижае боз кардааст, ки пурра ба фаъолияти ширкати русии «РусАЛ» бахшида шудааст. Дар ин саҳфа дар ин ҳафта ахборе дар мавриди бунёди майдонҳои бозӣ барои атфол дар Тоҷикистон, нашри як китоби наве ва фаъолияти ин ширкати русӣ дар кишварҳои дигар чоп шудааст.

Нашрияи «Миллат» ҳам матлабе дар бораи «Русал» чоп карда ва навиштааст, ин ширкат, ки бо иддаои сохтмони нерӯгоҳи Роғун вориди Тоҷикистон шуда буд, ва аммо кунун тарҳҳои иҷтимоиро рӯи даст гирифтаву ҳамзамон дар Тоҷикистон «Суруди сол» доир мекунад. Дар матлаб омадааст, бояд мавриди омӯзиш бошад, ки густариши якҷонибаи доманаи фаъолияти ширкатҳои русӣ дар бозори Тоҷикистон ва додани имтиёзоте ба онон дар кӯтоҳмуддат чӣ нафъе меораду дар дарозмуддат чӣ суду зиёне хоҳад дошт.

Мавзӯъи дигаре, ки дар чанд нашрияи чопи Душанбе дар ин ҳафта матраҳ буд, суханронии Ричард Ҳоугленд, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе буд, ки дар маркази пажӯҳишоти стротежии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳарф зада буд.

«Вечерний Душанбе», «Азия-Плюс» ва «Миллат» дар саҳафоти худ ин суханрониро қисман ва ё пурра нашр кардаанд. Аз ҷумлаи ҳарфҳои сафири Амрико ин буда, ки гуфтааст, агар дахолати ҳукумат ба фаъолияти тоҷирону соҳибкорон маҳдуд гардад ва дар ҳар соҳа дастуру низомномаи рӯшану возеҳ таҳия шавад, он гоҳ савдову тиҷроат пеш меравад, ҷамъоварии андоз беҳ мегардад ва ин чиз ба ҳукумат имкон медиҳад, ки маошро боло бибарад, ва фасод кам бишавад. Ричард Ҳоугленд бо ишора ба мавзӯъи эҳтимоли таъсиси нуқтаи воҳиди коммутатсионӣ дар бозори мухобироти Тоҷикистон гуфтааст, он метавонад оқибатҳои манфӣ оварад, ба мисли коҳиши сифат, эҳтимоли қатъи иртибот дар саросари кишвар дар сурати нуқси фанние дар нуқтаи мазкур ва имкони шикастани рақобати солим дар бозори мухобиротии кишвар.

Мавзӯъи дигар дар шумораҳои тозаи ҳафтаномаҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта муҳоҷират ва муҳоҷирон буд.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» матлабе чоп кардааст дар ин бора ва гуфтааст, Русия имрӯз ба ботлоқи демографӣ, ин исми матлаб ва истилоҳи муаллиф аст ботлоқи демографӣ, хулоса, навишта шудааст, Русия имрӯз ба ботлоқи демографӣ фурӯ рафта ва ҳамакнун талошҳое барои раҳоӣ аз ин мушкилот дорад. Зеро дар кишваре, ки ниёз ба нерӯи корӣ дорад, вале кафолати меҳнати сазовор ва риояи оддитарин ҳуқуқи инсониро дода наметавонад, ҳалли машокилаш саҳл нахоҳад буд.

«Вечерний Душанбе» ҳам дар ҳамин мавзӯъ навиштае нашр карда аз Бахтиёр Сатторӣ, як сиёсатшиноси тоҷики муқими Маскав, ки гуфтааст, матлаби навиштаашро аввал ба чанд нашрияи маскавӣ бурдаву посухи рад гирифтааст. Оқои Сатторӣ, муаллифи матлаби нашркардаи «Вечерний Душанбе» навиштааст, пас аз вокуниши хунсардонаи ҷомеаи Русия ба ҳукми додгоҳ нисбат ба қотилони духтарчаи нӯҳсолаи тоҷик, агар боз ҳам хомӯш буд, пас тоҷиконро дар Русия боз ҳам хоҳанд кушт ва ғорату таҳқир хоҳанд кард.

Матлабе фарҳангӣ аз ҳафтаномаи «Миллат», ки сӯҳбати вижа бо овозхони эронӣ, Саттор анҷом дода ва дар пасманзари ин сӯҳбат матлабе нашр карда, ки консерти Саттор, овозхони ҳамзабони тоҷикон, ки ба Тоҷикистон бино бар навиштаи муаллиф бидуни даромади молӣ омадаву овозхонӣ кардааст, аз тарафи ҳеҷ расонаи давлатӣ таблиғе нашуд ва ҳатто сазовор ба як хабари кӯтоҳ ҳам дониста нашуд.
XS
SM
MD
LG