Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоии "Барқи Тоҷик" ва ... 2000 сомонӣ ҷарима! Аммо барои чӣ?


Бар асоси барномаи ислоҳоти сохтории корхонаҳову таъсисоти бузург ва инҳисорӣ, ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" аз тобеъияти вазорати энержии Тоҷикистон берун оварда шуд. Ҳамзамон раиси пешини ноҳияи Фирдавсии пойтахт Шарифхон Самиев дар ивази Абдукарим Ниёзов раҳбари нави "Барқи Тоҷик" таъйин шудааст. Барномаи ислоҳоти сохтории корхонаҳои бузург ва инҳисорӣ, қарор аст, 37 корхона, бо шумули ширкатҳои "Барқи Тоҷик"-у "Гази Тоҷик" ва корхонаи алюминсозии Регарро дар бар гирифта ва то поёни соли ҷорӣ анҷом шавад.

Ширкати чехии "Инекон Групп" қасд доштааст, дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон як корхонаи нави семент бино кунад. Ин корхона дар навбати аввал дар сол то ним миллион тонна хокаи семент тавлид мекунад ва қарор аст, баъдан иқтидори тавлидотиаш ба дувуним миллион тонна расонда шавад. Феълан ширкати "Инекон" бар пояи 8,5 миллион доллар қарзи ҳукумати Чехия ва 1,5 миллион доллар маблағгузории худи ҳукумати Тоҷикистон ба бозсозии хутути тавлидотии корхонаи сементи Душанбе шурӯъ кардааст.

Идораи обу корези Душанбе мехоҳад таъарруфаҳои истифода аз оби ошомиданиро дар пойтахти Тоҷикистон қариб 5 маротиба боло барад. Идораи обу корез ба ин манзур ба бахши душанбегии ожонсии давлатии сиёсати зиддиинҳисоргароӣ муроҷиъат кардааст. Феълан мардуми Душанбе барои ҳар метри мукааби об 11 дирам мепардозанд. Акбар Хоҷаев, раҳбари идораи сиёсати зиддимонополии пойтахти Тоҷикистон гуфтааст, ки идораи обу корез мехоҳад арзиши ин миқбори обро ба 50 дирам бирасонад.

Аз 1 апрел дар Тоҷикистон мавсими киштукори баҳорӣ шурӯъ мешавад. Тоҷикистон имсол замини кишти пахтаашро 38 000 гектар коҳиш дода, мехоҳад аз 255 000 гектар замини кишт 550 000 тонна пахта ба даст биорад. Соли гузашта ҳосили пахтаи Тоҷикистон 447 000 тоннаро ташкил дод. Бо ин ҳол, Абдусаттор Саъдуллоев, намояндаи биржаи молу ашёи хоми Тоҷикистон ба "Азия Плюс" гуфтааст, ки имсол нархи миёна фурӯши нахи пахта ба 161 доллар афзуда, ба 1127 доллар расид. Ба ҳисоби оқои Саъдуллоев, Тоҷикистон аз аввали сол ба хориҷ 24 500 тонна нахи пахта фурӯхта, аз ин ҳисоб беш аз 27 миллион доллар ба даст овардааст.

Ва Акбар Хоҷаев, раҳбари бахши минтақавии ожонсии сиёсати зиддимонополӣ гуфтааст, тоҷирон акнун танҳо барои овехтани эълони ин ки дӯкон моли фурӯхтаашро пас намегирад, ба маблағи 100 маоши ҳадди ақалл, муодили 2000 сомонӣ ҷарима андохта хоҳанд шуд. Оқои Хоҷаев гуфта, чунин ҳаққ ба ниҳодҳои назоратӣ бар асоси тарҳи нави қонуни ҳимоят аз ҳуқуқи харидорон дода шудааст. Тарҳи нави ин қонун аз моҳи декабри соли гузашта дар маърази иҷро гузошта шуд.
XS
SM
MD
LG