Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ ба София меравад?


Дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи таэквон-до миёни наврасони то 18-сола хотима ёфт. Дар рақобатҳо беш аз 200 варзишгар аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар сабқат миёни духтарон мувофиқи вазни худ варзишгарони душанбегӣ хоҳарон Фотима ва Зӯҳро Холоваҳо, Заррина Икромова ва Нигора Ҳомидова мақоми аввалро соҳиб шуданд. Варзишгарони навраси пойтахти кишвар - Парвиз Муродов, Манучеҳр Давлатов, Масрур Сатторов, Хушмуҳаммад Пиров, Далер Шарифӣ ва таэквондочии истаравашанӣ Хуршеди Салоҳиддин миёни писарон дар вазнҳои худ ба дарёфти унвони қаҳрамони Тоҷикистон муваффақ шуданд. Мирсаид Яҳёев, раиси Федератсиони таэквон-до ITF-и Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, беҳтарин варзишгарони тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 26 то 31 июли соли равон дар пойтахти Булғористон - шаҳри София баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

ФУТБОЛ. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 15-солагии истиқлоли Тоҷикистон, ки бо ширкати 16 дастаи лигаҳои олӣ ва якум дар варзишгоҳҳои шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Турсунзода ва навоҳии Ҳисору Шаҳринав идома дорад, пас аз натиҷагирии ду даври аввал дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва СКА «Помир»-и Душанбе бо шашимтиёзӣ ва CSKA-и Душанбе бо чаҳор имтиёз дар ҷадвали радабандии рақобатҳои гурӯҳӣ садрнишинанд.
XS
SM
MD
LG