Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Корвон" месӯзад ва "82"-ро мекӯчонанд


Нашрияҳои Душанбе ин ҳафта чӣ навиштанд? Қазияи додгоҳии қатли Хуршеда Султонова мавзӯъи рақами як дар нашрияҳои чопи Душанбе буд ин ҳафта. Он ки ҳайати мунсифаи додгоҳи Санкт Петербург гумонбарон ба қатли духтарчаи нӯҳсолаи тоҷикро танҳо ба авбошӣ маҳкум кард, дар расонаҳои Тоҷикистон сару садое барангехтааст.

Ҳафтаномаи «Зиндагӣ» чунин ҳукмро пайки пирӯзии миллатгароёни Питери мутамаддин номидааст ва навиштааст, ҷомеаи ин кишвар ба фоҷеаи як саги русӣ нисбат ба тифли ғайрирус бештар вокуниш нишон медиҳад.

«А-П» аз қавли як додситони айбдоркунандаи Петербург навиштааст, гуноҳи гумонбарон комилан тасдиқ шуда буд ва аммо ба аъзои ҳайати мунсифаи додгоҳ ҷасорат нарасид, то ҳукми одилона барорад.

Давлати Худоназар як навиштаи худ дар бораи беҳуқуқиҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русияро низ аз ҳамин қазияи Хуршеда Султонова шурӯъ карда ва навиштааст, тоҷикон ба Русия қонунан ворид мешаванд, аммо сари ҳар қадам дар ин роҳи тӯлонӣ таҳқир мешаванд, аввал аз ҷониби тоҷикони худ, баъдан дар қатораву автобус, ҳангоми убури марз, дар ҳама ҷо... Матлаби навиштаи Давлати Худоназарро ҳафтаномаи «Миллат» чоп кардааст.

«Миллат» ҳамчунин як мақолаи дигаре дар бораи Ҳолокост нашр кардааст. Дар ин матлаб, ки «Ҳолокост: яҳудисӯзӣ ё тиҷорат» унвон шудааст, омадааст, ки мавориди зиёде аз ҳодисаҳои Ҳолокостро бархе аз уламо дар Ғарб зери суол бурдаанд, вале ҳар нафаре, ки ба Ҳолокост шубҳае зоҳир кардааст, таъқиб дидааст, навишта шудааст дар матлаб. Мунаққидони ақидаи яҳудисӯзӣ мегуфтаанд, дар солҳои ҷангҳои якуму дуввуми ҷаҳонӣ чандин миллатҳо садҳо ҳазор ва миллионҳо фарзандони худро аз даст додаанд ва азияти яҳудиён аз азияти ин мардумҳо чӣ бартарӣ дорад?

Сӯхтор дар Корвон, бозори бузургтарини Тоҷикистон ва тахриби бозори Роҳи абрешим, ки миёни мардум бо номи бозори 82 маъруф аст, аз мавзӯъҳои дигари матолиби нашрияҳои чопи Душанбе дар ҳафтаи нав буд.

«А-П» бо истинод ба маъмурини Корвон хабар додааст, оташсӯзии шаби якшанбе дар ин бозор тақрибан нӯҳ ҳазор сомонӣ хисорот гузоштааст.

«Миллат» дар ин мавзӯъ афзуда, ки хисороти сӯхтори соли гузашта дар фурӯшгоҳи Элеганти бозори Корвон қариб 80 миллион долларро ташкил дода буд, вале маълум нест, ки он хисорот ҷуброн шуд ва ин хисорот ҷуброн мешавад ё на?

«Зиндагӣ» аз қавли шаҳрдории Душанбе дар бораи бозори 82 навиштааст, ки соҳибкорони ин бозор дар марказҳои савдои Панҷшер ва Ганҷина ҷой дода мешаванд ва сару садоҳо атрофи бунёди бозори нави Роҳи абрешим ҳақиқат надорад.

Дар «Азия - Плюс» як навиштае чоп шудааст, дар бораи гази Афғонистон ва нигарониҳои ҳамсояҳои ин кишвар аз кашфи амокини истихроҷи газ дар Афғонистон. Навишта ҳокӣ аз он аст, ки кашфи ин амокин ширкати Газпроми Русияро нигарон сохтааст ва нақшаҳои ин ширкатро дар мавриди бо гази кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бозори Осиёи Ҷанубу Шарқ роҳ ёфтан барбод медиҳад.

«Вечерний Душанбе» хабаре интишор додааст дар бораи шурӯъи бунёди боғи зардолу дар Донишгоҳи кишоварзии Пекин, ки тақдим аз Тоҷикистон буда ва бунёди ин боғ як рамзи тақвияти ҳамкориҳо ва муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин унвон шудааст.

Ҳафтаномаи «Наҷот» дар идомаи ҷанҷоли Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси ҲНИТ бо корхонаи обу корези Душанбе як матлабе интишор дода ва сарчашмаи пайдоиши ин ҷанҷолро дар бозиҳои сиёсӣ дидааст.
XS
SM
MD
LG