Таҳлилгарони ғарбӣ мегӯянд, ки аз ҳоло нишонаҳои таъсири бади вазъияти Ӯзбакистон ба соири минтақа эҳсос мешаванд. Анет Боҳр аз Пажӯҳишгоҳи Шоҳии Масоили Байналмилалии Британия мегӯяд, ки набояд дар ин маврид бонги изтироб зад, вале худ чунин ҳушдор медиҳад: "Аз ҳоло заъфи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Ӯзбакистон ба кишварҳои ҳамсояи он таъсир гузоштааст."
Ба гуфтаи ин коршинос, масалан, Қирғизистонро зарур омад, ки як муддат масъулияти фирориёни андиҷониро ба дӯш дошта бошад. Масъалаи муҳоҷирони андиҷонӣ Бишкекро дар рӯ ба рӯи интихоби душвор қарор дода буд: аз як тараф, Тошканд талаб мекард, ки Қирғизистон ҳамаи фирориёнро ба Ӯзбакистон пас диҳад. Аз сӯи дигар, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таъкиди ӯҳдадориҳои байналмилалии Қирғизистон ва хатари шиканҷаи боздоштшудагон дар Ӯзбакистон, аз Бишкек дархост мекард, ки паноҳандагонро ба ватанашон пас нафиристад.
Боҳр, меафзояд, кишвари дигари ҳамсоя, Қазоқистон ба дар навбати худ ба мавҷи муҳоҷирони кории Ӯзбакистон рӯ ба рӯ мебошад. Соли ҷорӣ Қазоқистон ҳудуди 50 муҳоҷирро водор кард ба Ӯзбакистон баргарданд. Ба гуфтаи ин коршинос, Тоҷикистон, ки худ ҳанӯз аз таъсироти харобиовари ҷанги шаҳрвандӣ пурра берун наомадааст, дар муқобили ҳама гуна фишор аз ҷониби кишварҳои ҳамсоя осебпазир аст.
Таҳлилгари дигари муқими Лондон Юрий Фёдоров дар мавриди ояндаи ҳукумати кунунии Ӯзбакистон чунин мегӯяд: "Таҳаввулоти дохилии Ӯзбакистон дар воқеъ қобили ташвиш мебошад. Режими ҳоким қудрати худро тавассути саркӯбии мардум ҳифз кардааст. Бисёриҳо дар Ӯзбакистон бовар доранд, ки чунин саркӯбӣ наметавонад, то охир режими кунуниро аз суқут наҷот диҳад ва чунин ҳолат метавонад боиси нооромии умумӣ дар Ӯзбакистон ва ҳамаи минтақа шавад."
Фёдоров мегӯяд, агар дар қисмати Ӯзбакистонии водии Фарғона, кадом нооромии дигаре рух диҳад, он дар навбати аввал ба соири ин водӣ, ки дар байни Тоҷикистону Қирғизистон низ тақсим шудааст, паёмади нохуш хоҳад дошт.
Таҳлилгари англис, Ҷеймс Никсей, ки ба ҳайси мутахассиси умури Осиёи Марказӣ борҳо ба Ӯзбакистон ва дигар кишварҳои минтақа сафар кардааст, аз марзҳои ноустувори водии Фарғона изҳори ташвиш мекунад: "Он чӣ марбути водии Фарғона мешавад, ин аст, ки марзҳо дар ин минтақа мустаҳкам нестанд ва ба қадри кофӣ нигаҳбонӣ намешаванд. Аз ин сабаб, равуои тундравон дар ин ҷо, дар муқоиса бо гаштузор тавассути гузаргоҳҳои расмӣ хеле осонтар мебошад."
Ба назари Ҷеймс Никсей, Туркманистон ва Қазоқистон ҳукуматҳои қавитар доранд ва дар муқоиса бо Тоҷикистону Қирғизистон, дар муқобили нооромиҳои эҳтимолии Ӯзбакистон камтар осебпазир мебошанд.
Оё чӣ гуна мешавад хатари бесуботиҳои Осиёи Марказиро коҳиш дод? Баъди он, ки Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида саркӯбии тазоҳуроти Андиҷонро танқид карданд, робитаҳои дуҷонибаи Тошканд ва кишварҳои ғарбӣ заъиф шуд ва аз ин сабаб, ҳоло зоҳиран Ғарб рӯи Ӯзбакистон таъсири чандоне надорад. Коршинос Никсей мегӯяд, дар ҳоле, ки нуфузи Ғарб болои Тошканд коҳиш меёбад, таъсири Русия ба Ӯзбакистон боло рафтааст, аз ин сабаб, Ғарб бояд тавассути гурӯҳҳое, чун ҳаштгонаи саноатӣ Маскавро ташвиқ намояд, то ҳукумати Ӯзбакистонро ба гирифтани мавқеъи мӯътадил водор кунад.
Собиқ комисионери корҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Крис Паттен мегӯяд, Ғарб бояд стратегияи дарозмуддати кӯмак ба мардуми Ӯзбакистонро бо роҳи таҳким бахшидани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин кишвар тарҳрезӣ кунад. Паттен аз ҷумла, ба пуштибонӣ аз расонаҳои мустақили хабарӣ дар дохили Ӯзбакистон ва пахши барномаҳои радио аз берун ба ин кишвар даъват намуд.

Мардум Киргизистонро демократи мегуянд аммо банда ин кишварро бехокимияти мехисобад.
Дар ДМТ мора дарс додагияяя...Худо умрша дароз кна малими хоксор бд
Абдунабӣ Сатторзода, донишманди сермаҳсул, инсони комил ва хирадманд, шахси хоксор ва баобруйро бо зӯдрӯзашон табрик мекунам. Орзумандам,ки на танҳо саломатии ҷисмонӣ, боз инчунин саломатии фитрияшон ҳамеша мисли ҳозир пойдор бошанд, умри бобаракаташон ҳамеша дар иҳотаи аҳли илму адаб гузарад ва осори заҳмати зиёда аз нимасриашон ва баъдина эҷод мекардаашон ба асрҳо дастрас ва манбаъи омӯзиши толибилмон боқӣ монад.
Ин амали куҳна ҳаст дар ҳукумати амрико дар оғози кор трамп ҳам мушукҳои (тамагафка) партоб карда буд ба Сурия як пойгоҳи низоми. Ин амалҳоро вақташон гузашт. Қудрати инҳоро мо бо Толибон дидем 20сол натиҷа Қатар Доха.
Ба шумо барори кор мехохем ва осмони софу бехубор.зинда бошед курбони Алимардон