Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Устодон ва донишҷӯён забони матбуотро баррасӣ мекунанд


Дар ин ҳамоиш, ки устодон ва донишҷӯён аз донишгоххои мухталифи кишвар ширкат менамуданд, роҷеъ ба вазъи забон ва риояи имлои он дар васоити ахбори омма маърӯза карданд. Доктор Баҳриддин Камолиддинов, устоди Донишгоҳи миллӣ дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, хатоиҳои имлоӣ ва коҳиш ёфтани ҳусни баён дар забони расонаҳои хабарӣ ба мушоҳида мерасад. Ӯ мегӯяд:

«Дар татбиқи қонуни забон матбуоти мо яке аз ташвиқгарон буда, хизмати бузург ҳам дорад . Бинобар ин, аз ин ҷиҳат аз забони матбуот мо норозигӣ надорем, лекин аз нигориши он ходимоне, ки дар рӯзномаҳо, дар барномаҳои радиову телевизион фаъолият мекунанд, норозигӣ дорем. Чунки воқеан ҳам онҳо ба ободии забони адабӣ, ба ҳусну малоҳати забони адабӣ, ба асолати забони тоҷикӣ кам эътибор медодагӣ шудаанд.»

Муаллим Камолиддинов афзуд, вақтҳои охир қаламкашон масъулиятро ба зиммаи худ намегиранд ва бепарвоӣ нисбат ба асолати забони адабӣ, дар матбуот маъмулан назаррас аст. Собирҷон Ҳошимов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мегӯяд, дар натиҷаи ба таври мутантан сохтани феълҳои таркибӣ ва ибораҳои феълӣ, як қатор феълҳои муравваҷи таркиби луғавӣ дар забони матбуот аз назари рӯзноманигорон то андозае дур мондааст ва ин гурӯҳи феълҳо ба шакли калимоти мураккаб гузаштаанд.

«Дар саҳифаҳои расонаҳо ибораҳои «ба рӯи кор омадан», « ба риштаи таҳқиқ кашидан», « мавриди баррасӣ қарор додан» ба дараҷае мустаъмал гардидаанд, ки феълҳои «ба амал омадан», «таҳқиқ кардан», «таҳлил намудан» қариб аз ёдҳо рафтааст. Ибораи «таҳқиқ кардан»-ро баъзан ба ибораи «ба пажӯҳиш гирифтан» иваз мекунанд, ки аз мазмуни баланд ва услуби гуворо орӣ мебошад.»

Иршод Сулаймонӣ, як донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ дар маърӯзаи худ баён дошт, ки мавзӯъи ислоҳи забони адабӣ, яке аз масъалаҳоест, ки матбуоти даврӣ барои беҳбуди он тамоми ҷомеаи Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад.

«Дар матбуоти муосири мо дар чанд моҳи ахир матолибе ки бештар масоили мубрамро баррасӣ мекарданд, инҳо масъалаҳое буданд, ки ба вазъи забон, ба фаъолият ва рушди баъзе ниҳодҳои ҷомеа аз нигоҳи забон баҳогузорӣ мекарданд. Аз баҳсҳое, ки перомуни забон дар расонаҳои хабарӣ нашр мешавад, маълум мешавад ки то кунун ҷанбаъҳои сиёсӣ ва баъзе паҳлӯҳои фалсафии забон дар ҷомеаи Тоҷикистон татбиқ нашудаанд ва инҳоро бояд забоншиносон ба назар гиранд»

Ин дар ҳолест, ки профессор Камолиддинов мегӯяд, ба хотири ҳифзи забони адабӣ ва риояи имло дар ояндаи наздик баргузории бардавоми ин гуна конфронсҳо дар назар аст. Дар ҳамоиши мазкур, маърӯзаҳои ирсолнамудаи устодон аз донишгоҳҳои Самарқанду Бухоро низ қироат шуд.
XS
SM
MD
LG