Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лорд Паттен дар мавриди Узбакистон ҳушдор медиҳад


Рӯзномаи "Ҳеролд Трибйуни Байналмилалӣ" чопи Ландан дар яке аз шумораҳои ахири худ матлаберо мунташир кардааст зери унвони "Наҷоти Осиёи Миёна аз дасти Узбакистон" ба қалами лорд Крис Паттен.

Вай дар оғози мақолаи худ менависад: "Ба феҳрести кишварҳои шадидан саркӯбгаре, ки дар ниҳоят ба худ осеб ворид мекунанд, як номи дигарро бояд афзуд, ки маъмулан нодида мемонад: Узбакистон". Ба бовари Лорд Паттен, мардуми Узбакистон низ ба монанди мардуми Куреи Шимолӣ ва Зимбобве аз системи бераҳму худкомаи давлати худ ранҷ мебаранд ва бенавотар мешаванд. Ин режим на танҳо ҳуқуқи мардуми худро нодида мегирад, балки минтақаро низ бо густариши доманаи бесарусомонӣ таҳдид мекунад. Аз ин рӯ нависандаи мақола пешниҳод мекунад, ки ҷомеъаи байналмилалӣ роҳкори тозае барои муқобила бо ин хатар таҳия кунад.

Дар идомаи ин навишта мехонем: Дуруст аст, ки Узбакистон мустақиман амнияти Урупо ё Иёлоти Муттаҳидаи Омрикоро таҳдид намекунад. Аммо истиқрори дерпои давлати феълии Узбакистон саранҷом метавонад рӯи манофеъи Ғарб низ таъсир бигзорад, Русияро даргири моҷарое тоза дар минтақа кунад ва дар натиҷа боъиси таҳрики нирӯҳои тундрави исломӣ дар Осиёи Миёна шавад.

Крис Паттен иддаъо мекунад, ки аз замони касби истиқлол дар соли 1991 то кунун дар Узбакистон ҳаргиз машъали озодӣ шуълавар нашудааст ва давлати Ислом Каримов ба таври физоянда рӯ ба худкомагии муфрат овардааст.

Дар паи ҳамлаи нирӯҳои амниятии давлат ба тазоҳуроти умдатан ғайримусаллаҳ дар Андиҷон рӯзи 13 маи соли 2005, ки ба марги садҳо нафар анҷомид, гароиши давлати Ислом Каримов ба худкомагӣ беш аз пеш афзоиш ёфт. Куштори мардум мавҷи тозае аз таъқибу фишори бозмондагони ҳодисаро доман зад ва давлати Узбакистон ба ҳамсоягони худ фишор ворид овард, то паноҳҷӯёни узбакро мустарад кунанд.

Крис Паттен дар идомаи мақолааш ба пасларзаҳои ҳаводиси Андиҷон дар саросари Осиёи Миёна ва ба вижа фирори бархе аз бозмондагони куштори Андиҷон ба Қирғизистон ишора мекунад ва ин ки сели паноҳҷӯёни узбак давлати мутазилзил ва заъифи Қирғизистонро беш аз пеш такон дод.

Вай менависад: "Бо таваҷҷуҳ ба даҳҳо соли сайтараи Шӯравӣ дар минтақа ва талошҳо барои ҳамгароӣ пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои Осиёи Миёна ба ҳамдигар вобастагии шадиди мутақобил доранд ва аз ин рӯ, кишварҳои ҳамсояи Узбакистон дар баробари ҳар навъ бесуботӣ дар Узбакистон осебпазир ҳастанд".Кишварҳои заъифе ба монанди Қирғизистон ва Тоҷикистон ба таври малмусе ба энержӣ ва роҳҳои иртиботии Узбакистон вобастаанд. Ҳатто кишвари нисбатан шукуфое ба монанди Қазоқистон дар сурати паноҳ бурдани узбакҳо аз хушунатҳои кишварашон ба Қазоқистон метавонад суботи худро аз даст бидиҳад.

Крис Паттен мегӯяд, ки талоши Ғарб барои ташвиқи Тошканд ба анҷоми ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ ба нокомӣ мунҷар шуд ва Иттиҳодияи Урупо, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва диҳишгарон (кумакккунандагон)-е аз қабили Жопун бояд эътироф кунанд, ки тақрибан аз ҳич нуфузе дар Узбакистон бархурдор нестанд. Оқои Паттен пешниҳод мекунад, ки таъкиди ин кишварҳо бештар бояд рӯи тадбирҳои баландмуддат бошад ва ба вижа аз фаъъолиятҳои сиёсии мардум ва ҷомеъаи мадании Узбакистон ҳимоят шавад ва фурсатҳои омӯзишии бештаре барои мардуми он кишвар дода шавад ва дар ростои коҳиши таъсири бесуботии эҳтимолии Узбакистон бар ҳамсоягонаш талошҳое сурат бигирад.

Кишварҳои диҳишгар бояд ба тавсеъаи расонаҳои гурӯҳӣ дар Узбакистон таваҷҷуҳи вижа мабзул кунанд ва аз хориҷ барои мардуми Узбакистон барномаҳои бештаре пахш кунанд. Ба гуфтаи оқои Паттен, аз рӯзноманигорони мустақилли дохили кишвар, ки бо фаъъолияти худ зиндагишонро зери хатар мегузоранд, бояд ҳимоят шавад. Вай ҳамчунин аз ҷомеъаи байналмилалӣ мехоҳад, ки ба кишварҳои ҳамсояи Узбакистон, яъне Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон кумак кунанд, то қодир бошанд бо паёмадҳои суқути иқтисодӣ ва сиёсии эҳтимолии Узбакистон бо омодагии комил мувоҷеҳ шаванд ва аз манобеъе барои пазироӣ аз паноҳҷӯён ва таҳкими марзҳо бархурдор бошанд.

Лорд Крис Паттен дар поёни мақолаи худ менависад: "Шояд Узбакистон имрӯз мунфаҷир нашавад, аммо он ҳамоно ба як зарфи пур аз борут мемонад. Ҷаҳон бояд узбакҳо ва ҳамсоягони онҳоро ба нооромиҳои пешорӯяшон омода созад".

Давлати Узбакистон ба ин навиштаи лорд Паттен ҳанӯз ҳич вокуниши расмӣ нишон надодааст, аммо Ғулом Мирзоев, аз таҳлилгарони маркази таҳлилии "Политика" мустақар дар Тошканд, ки аз ниҳодҳои наздик ба давлат ба шумор меояд, дар ин бора дар сомонаи интернетии мавсум ба "Бошгоҳи интернетии рӯзноманигорон"-и Узбакистон матлабе мунташир кардааст. Оқои Мирзоев мақолаи Крис Паттенро "як ҳамлаи иттилоъотии дигар"-и Ғарб алайҳи Узбакистон номида ва Крис Паттенро ба ноогоҳӣ аз торихи муъосири ин кишвар муттаҳам кардааст. Тасаввури Ғулом Мирзоев аз Крис Паттен як сиёсатмадорест, ки саъй дар таҳрифи воқеъиятҳо барои омрикоиҳо дорад. Аммо Крис Паттен аз аъёни Бритониёст ва вопасин фармондори Бритониё дар Ҳонг Конг буда ва барои даврае ҳам (аз соли 2000 то 2004) аз сӯи Бритониё раёсати кумисериёи равобити хориҷии Кумисюни Урупоро ба уҳда доштааст.
XS
SM
MD
LG