Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойгоҳи журналист дар ҷомеъа


Маъсуми Муҳамадраҷаб Ба назари журналистони тоҷик ва коршиносони умури васоити ахбори умум, шахси рӯзноманигор дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ба сурати дугона тасаввур мешавад.

Ба тасаввури аввал, рӯзноманигор фардест, ки болотар аз зинаҳои иҷтимоъӣ қарор дорад ва рисолати касбии ӯ инъикоси ҳақиқати зиндагӣ тавассути навиштаву гуфтаҳояш ҳаст. Аммо аз рӯи тасаввури дуввум, журналист аз ҷониби бархе аз аҳли ҷомеа як шахси фақир ва нодор ҳисобида мешавад. Аз рӯи ин ақида, рӯзноманигор аз пайи таъмини худ ва аҳли хонаводааш ногузир ба таълифи мақолаҳои фармудаи таърифӣ ё танқидӣ ва ё ҷустуҷӯи маводи реклама машғул аст.

Ба назари коршиносон, ақидаи аввал дар бораи мақом ва рисолати касбии журналист, яъне инъикоси ҳақиқати авзоъ дар ҷомеъа, бештар дар фаҳмиши табақаи оддии одамон бартарӣ дорад. Аммо ин ақида ҳанӯз дар зеҳни намояндагони мақомот ва курсинишинон ҷойгузин нашудааст. Ба ин маънӣ Алишер Охунов, як хабарнигори ҷавон аз Истаравшан меафзояд: «Ман фикр мекунам, ин сабабҳои молӣ дорад. Аз он сабаб журналистро дар зеҳни аҳли ҷомеа як шахси фақир ҳам тасаввур мекунанд, ки воқеан маоши як рӯзноманигори тоҷик хеле кам ва ночиз аст ва барои рӯзгузаронии онҳо кофӣ нест.»
Ба гуфтаи мусоҳибам, ҳоли ногувори рӯзноманигори имрӯзи тоҷик дар ҷомеа майл ва хоҳиши ҷавононро аз касби журналистӣ дур мебарад. Масалан, дар ҳоли ҳозир аз ноҳияи Истаравшан танҳо 8 нафар дар бахши рӯзноманигории донишгоҳи Хуҷанд таҳсил мекунанд ва дар Душанбе камтар аз ин.

Вале Саидмуҳаммадади Аваз, як хабарнигори ҷавон аз Хуҷанд мегӯяд, новобаста ба ин боз ҳам теъдоди касоне, ки мехоҳанд, тақдири худро бо касби рӯзноманигорӣ пайванд диҳанд, дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон кам нест. Ба бовари мусоҳибам, касб ва ё дарди рӯзноманигорӣ барои бархе на касби интихобӣ, балки фармудаи сарнавишт аст: «Ба фикри ман, журналист як нафар додрас, як инсоне ҳаст, ки дарди зиндагӣ дорад. Ӯ дарди як нафар ва мушкилоти вайро ба аҳли ҷомеа мерасонад. Ба назари ман, рисолати як журналист хабар расонидан, дарди ҷомеаро бозгӯӣ кардан аст.»

Аммо воқеист, ки журналисти расонаҳои Тоҷикистон дар шароити сахту сангин ба сар мебарад. Як хабарнигори расонаҳои чопиву электронии Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд барои як моҳи фаъолияти касбӣ аз 50 то 100 сомонӣ маош дарёб мекунад. Рӯзноманигор ба хотири таъмини маишати худ ва хонаводааш ногузир аст даст ба кору фаъолиятҳои дигар бизанад. Масалан, дар чанд идораву корхона адои вазифа кунад.

Дар ҳоле ки Ҷӯра Юсуфӣ - муовини сардабири ҳафтавори «Вароруд», чопи Хуҷанд, мегӯяд, маоши ночиз наметавонад, журналистони касбиро ба кори омӯзгорӣ дар факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи Хуҷанд ҷалб намояд : «Чунки он заҳмати зиёде, ки ба таълиму тарбияи журналистони оянда сарф мешавад, бо маблағи ночиз қадр мегардад. Аз ин рӯ, чанд бор, ки журналистони касбиро ба ин даргоҳи таълим даъват мекунанд, аммо дубора тарк мекунанд. Алҳол мутахассисони варзида, ки тавонанд илми журналистикаи муосирро амалан ба донишҷӯён биёмузанд, дар ин факулта ангуштшуморанд.»

Дар Суғд дидани ин ки масалан, як журналист рӯзҳои бозор ба фурӯши молу коло машғул аст ва ё бар ивази маблағе саргарми таълифи рисолаи докторӣ ва ё маърӯзаи расмии як мақом аст, як ҳодисаи муқаррарист. Теъдоди рӯзноманигороне ҳам, ки касби худро барои доимӣ ва ё як давраи муайян ба қасди мардикорӣ дар Русия канор гузоштаанд, кам нест.
XS
SM
MD
LG