Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал қаҳрамон шуд


Дар ин мусобиқот, ки дар пойгоҳи мотосиклронии Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон -- Учқул, даҳкилометрии ғарби Душанбе баргузор шуд, 34 варзишгар дар ҳайати ҳафт даста ҳунарнамоӣ карданд. Дастаи мунтахаби шаҳри Турсунзода мақоми дуввумро касб кард. Дастаи дуввуми бошгоҳи ҷумҳуриявии варзишию техникӣ дар мақоми саввум қарор гирифт.

Дар рақобатҳои инфиродӣ устоди шоистаи варзиш Сафаралӣ Раҷабови 55-сола, генерал-майор, муовини аввали раиси Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон дар пойгаи мотосикли ҳаҷми муҳаррикаш 500 сантиметри мукааб муваффақ ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ шуд. Уктам Хуррамови душанбегӣ мақоми дуввум ва Валӣ Давлатови кӯлобӣ мақоми саввумро ишғол карданд.

Дар навъи дигари рақобатҳо -- пойгаи мотосикли ҳаҷми муҳаррикаш 250 сантиметри мукааб Анатолий Крюков аз шаҳри Турсунзода ғолиб омад. Нуралӣ Назаров аз шаҳри Қӯрғонтеппа дар мақоми дуввум ва Ҳусейн Маҳмадалиев аз Ёвон дар мақоми саввум қарор гирифтанд.

Варзишгарони ҷавон дар пойгаи мотосикли ҳаҷми муҳаррикаш 125 сантиметри мукааб ширкат карданд. Руслан Юлдошеви душанбегӣ бо медали тилло, ҳамшаҳрии вай Дилшод Раҷабов бо медали нуқра ва Манучеҳр Тӯйчиев аз шаҳри Турсунзода бо медали биринҷӣ сарфароз шуданд.

Ба гуфтаи Шариф Азизов, корманди масъули Ташкилоти мададгори мудофиаи мамлакат беҳтарин мотосиклронони ҷумҳурӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии кишварҳои Ҷомеаи муштаракулманофеъ, ки моҳи май дар пойтахти Беларус -- шаҳри Минск баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG