Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушоиши "Уштур", ваъдаи "Al-Jazeera" ва даъвои BFI бо "РусАл"


Дар ин ҳафта маросими ифтитоҳи нақби Уштур баргузор шуд. Нақби тақрибан панҷкилометрии Уштур аз зери гарданаи Анзоб кашида шуда, акнун манотиқи ишимол ва марказу ҷануби Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад. Давлати Эрон барои бунёди нақби Уштур 31 миллион доллар ихтисос дода, ки 10 миллионаш кӯмаки билоиваз аст. Сохтмони нақби мазкурро ширкати эронии "Собир" анҷом додааст.

Ширкати амрикоии BFI Divino Corporation аз ширкати "Русский Алюминий" ба додгоҳ шикоят бурда, 2 миллиарду 800 миллион доллар даъвои ҷуброн кардааст.Ин ширкат "Русский Алюминий"-ро муттаҳам ба он мекунад, ки бо мақомоти олии раҳбарии кишвари африқоии Найҷерия забон як карда, натоиҷи музоядаи фурӯши корхонаи алюминсозии Alscon-ро ба фоидаи худ гардондааст. "РусАл" барои 77 дарсади саҳмияҳои ин корхона 250 миллион доллар пардохтааст, дар ҳоле ки BFI мегӯяд, ки барои ин миқдор саҳмияи Alscon 410 миллион доллар ваъда супурда буд.

Корхонаи бофандагии Қӯрғонтеппаро ширкати мисрии Al-Jazeera ба иҷора гирифт. Бар асоси қарордод, ширкати Al-Jazeera мукаллаф шуда, ки барои навсозии хаттҳои тавлидотии ин корхона аз 15 то 20 миллион доллар ҷудо кунад. Корхонаи Ресандаи соли гузашта ба маблағи ҳамагӣ 127 000 сомонӣ, ё худ наздики 40 000 доллар мол баровардааст.

Раисиҷумҳури Амрико тарҳи қонун дар бораи ба 9 триллион доллар боло бурдани лимити қарзҳои хориҷии кишварашро имзо кард. Ин назар ба лимити қаблӣ тақрибан 800 миллиард доллар бештар буда, эҳтимоли барои нахустин бор дар таърихаш дар мавриди пардохти қарзҳояш ба дефолт рӯбарӯ шудани Амрикоро замин мекунад.

Ва аз 1 апрел маош ва нафақаи ҳадди ақал дар Тоҷикистон 66 дарсад афзуда, 20 сомониро ташкил хоҳад дод. Бар асоси фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов, маоши кормандони соҳоти илму маорифу тибб низ аз 1 апрел 40 дарсад хоҳад афзуд.
XS
SM
MD
LG