Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мағзҳо аз Тоҷикистон фирор мекунанд?


Интихоботи Белорусро ҳафтаномаи «Наҷот» муҳимтарин рӯйдоди ҷаҳонии ҳафтаи гузашта унвон карда навиштааст, ин кишвар аз ҷумлаи мамоликест, ки дар он манфиатҳои Русияву Амрико ба ҳам мехӯрад. Ҳафтанома навиштааст, ҳарчанд Лукашенко барои Русия низ чандон одами худӣ нест, вале Кремл дар ин кишвар нафари дигареро намедонад, ки ба он такя бикунад ва аз ин рӯ, боз ҳам сари раисҷумҳури феълӣ эътимод мекунад. «Наҷот» навиштааст, бо суқути Лукашенко низом дар Белорус ба дасти нафаре мегузарад, ки рӯ сӯи Ғарб хоҳад овард. Ва аммо дар мавриди низомҳо дар хоки собиқ Шраӯвӣ ҳафтанома навиштааст, демократия дар ин кишварҳо танҳо рӯи коғаз ҳасту бас.

Ҳафтаномаи «Миллат» дар бораи раиси ҷумҳури феълии Белорус навиштааст, ки ӯ тайи дувоздаҳ соли гузашта сиёсати саркӯбро дунбол карда ва ҳарчанд тавониста, ки суботи кишварро ҳифз намояд, аммо монеъ аз истиқрори ниҳодҳои демократӣ дар ин кишвар шудааст.

Ҳафтаномаи «Миллат» ҳамчунин дар ду сафҳа дар бораи солгарди инқилоби ба истилоҳ лолаии Қирғизистон матолиб нашр карда ва мушкилоти иҷтимоиву ришвахориро аз авомили аслии суқути низоми Аскар Оқоев унвон кардааст. Дар сӯҳбате дар ин бора донишманди тоҷик Тоҳири Абдуҷаббор, ки муддате дар Бишкек ба сар мебурд, гуфтааст, ҳамсояҳои Қирғизистон бояд аз воқеаҳои он кишвар сабақ бигиранд ва аммо сабақе лозима нагирифтаанд. Тоҳири Абдуҷаббор гуфтааст, ҳукуматдорон бояд машокилро ҳал бикунанд, то мардум норозӣ набошад ва аз Аврупо бояд сабақ бигиранд, ки наздики як аср аст, рӯи инқилобро надидааст.

«Наҷот», нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гузорише аз дидори раҳбари ҳизб, Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо Ян Кубиш, намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи марказӣ чоп кардааст. Дар сӯҳбат бо Кубиш, Саид Абдуллоҳи Нурӣ гуфтааст, дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурӣ гурӯҳҳое мехоҳанд, ба амнияти Тоҷикистон халал ворид созанд, аммо гуфтааст ҷаноби Нурӣ, онҳо омода ҳастанд, то ҳамроҳ бо давлат аз ин аъмол ҷилавгирӣ намоянд. Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар мавриди интихобот ҳамчунин гуфтааст, раъйи мардум он гуна, ки ҳаст, шумориш намешавад ва тақаллубкорӣ ба чашм мерасад. Раҳбари ҲНИТ ҳамчунин гуфтааст, ӯ зидди инқилобҳои ранга мебошад, зеро ин инқилобҳо барои мардум харобиву мушкилот меоранд.

«Азия-Плюс» натоиҷи як пажӯҳиши маркази тадқиқотии стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дар мавриди сатҳи фасод дар кишвар нашр кардааст. Мувофиқи ин пажӯҳиш, хадамоти андозу гумрук, додгоҳҳову додситониҳо аз фасодзадатарин ниҳодҳои Тоҷикистон будаанд. Сӯҳроб Шарифов, сарвари маркази пажӯҳишоти стратегӣ гуфтааст, бо он миқёсе, ки ришвахорӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, барои аз байн бурдани он солҳо лозим аст. Ва аммо ҷаноби Шарифов изҳори хушнудӣ кардааст, ки дар ин маврид иродаи қавии сиёсии давлат вуҷуд дорад, ки омили муҳимме барои рӯфтани фасод аз долонҳои ниҳодҳои ҳукматӣ будааст.

Ҳафтаномаи «Миллат» навиштае бо номи «Фирори мағзҳо» чоп карда ва аз ҳиҷрати мутахассисин аз Тоҷикистон бонги изтироб задааст. Ҳафтанома навиштааст, мувофиқи иттилоъи расмӣ чаҳорсад пизишки тоҷик ба наздикӣ ба Русия кор мераванд ва ҳам, Муғулистон хоҳони даҳ ҳазор мутахассиси роҳу сохтмон аз Тоҷикистон шудааст. Муаллифи матлаб навиштааст, бо шурӯъи бунёди нерӯгоҳҳои Роғуну ду Сангтӯда ва нақбҳои Шар-шару Шаҳристон, Тоҷикистон ба 50.000 мутахассис ниёз хоҳад дошт ва вазорати меҳнат гуфтааст, ин мутахассисонро аз Русия хоҳад овард. Дар матлаб омадааст, кадрҳои имрӯзи Тоҷикистон ҳамагӣ парвардаи низоми таълимии Шӯравӣ аст ва дар шароити имрӯз, дар он сатҳи қаблӣ омода кардани мутахассис хеле душвор хоҳад буд.

Мавзӯъи дигаре, ки ин ҳафта чанд расонаи чопии Душанбе саҳафоти аввали худро ба он бахшида буданд, боз шудани тоннели ҳаводиҳандаи Анзоб буд.

Хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар 18 дақиқа аз марказ тавассути ин нақб ба шимоли кишвар рафта ва дар ҳамин қадар вақти дигар баргаштааст.

«Зиндагӣ» навиштааст, дарозии тоннел тақрибан панҷ ҳазор метр аст.

Ва як матлаби дигар аз «Вечерний Душанбе», ки навиштааст, Бонки ҷаҳонӣ ва кишвари Русия эълом кардаанд, омода ҳастанд, ки ба ҷамоҳири Осиёи марказӣ барои пешгирӣ аз вуруди зукоми парранда маболиғ ихтисос бидиҳанд. Хабар ҳокӣ аз он аст, ки Вазорати беҳдошти Тоҷикистон як тарҳе омода карда ва ба Русия пешниҳод кардааст. Тоҷикистон аз моҳи октябри соли гузашта вуруди маҳсулоти парранда аз Туркияву Чин ва Русияву Қазоқистонро мамнӯъ эълон карда буд.
XS
SM
MD
LG