Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт миллион $ қарзи корхонаҳои Хатлон аз нафақахӯрони вилоят


Қўрғонтеппа Корхонаҳои вилояти Хатлон аз бахши минтақавии Бунёди ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон беш аз 25 миллион сомонӣ, муодили зиёда аз 8 миллион доллари амрикоӣ қарздоранд.

Файзулло Шарифов, раиси Бунёди ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, насупоридани андози иҷтимоӣ барои саривақт таъмин намудани бознишастагон бо нафақа мушкил пеш меорад. Оқои Шарифов афзуд, танҳо дар соли гузашта беш аз 215 муассиса ва хоҷагии деҳқонӣ барои саркашӣ аз супоридани андоз ба додгоҳи иқтисодии вилоят кашида ва беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима баста шуд. Ў мегўяд, мақомоти ҳифзи иҷтимоии Хатлон азм доранд, соҳибкорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар берун аз кишвар фаъолият мекунанд, барои супоридани андози иҷтимоӣ ҷалб кунанд, то хазинаи ин Бунёд ғанӣ шуда ва худи соҳибкорон ва муҳоҷирон низ дар оянда бо маоши бознишастагӣ таъмин гарданд:

«Масъалаи соҳибкоронро мо баррасӣ карда ва онҳоро ҷалб мекунем. Имрўзҳо маболиғи иловагӣ аз ҳисоби онҳо ворид шуда истодааст. Вақте ки хоҳ соҳибкор бошад ва хоҳ каси дигар, агар ба буҷаи фонд маблағ ворид накунад, дар вақти ба нафақа баромадан ё ҳангоми бемориву бекорӣ аз ин имтиёзҳо бебаҳра мемонанд. Барои ҳамин мо корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ бурда истодаем, ки имрўз ҳама ҷалб шаванд, суғурта шаванд, ки дар оянда ин мардум дар кўчаҳо намонанд ё дар гардани давлат бор нашаванд.»

Дар ҳоли ҳозир, дар қаламрави вилояти Хатлон беш аз 175 ҳазор бознишаста, афроди маълул ва нодор ба қайд гирифта шудаанд. Ҳаҷми камтарини музди бознишастагӣ 4 сомонию 30 дирам ва баландтаринаш 120 сомонӣ муқаррар гардидааст. Ҳакимҷон Мирсаев, масъули идораи иҷтимоии ҳукумати вилояти Хатлон мегўяд, сар аз моҳи апрели соли равон қарор аст ҳаҷми маоши бознишастагӣ то 25 дар сад афзоиш ёбад:

«Соли гузашта бори аввал дар таърихи сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон ҳаҷми музди бознишастагӣ яку якбора ба 52 дар сад ва дар вилояти мо аз ин ҳам зиёдтар шуд. Инро сабаб ба тариқи диффиренсиалӣ нафақа афзун гардид, на ба тариқи фоиз. Ва ин ба ду ҳолати мусбат оварда расонид. Аввалан, мо бо истифода аз ин усул ҳаҷми нафақаро зиёд кардем ва дуюм ин ки фарқияти байни нафақаҳое, ки дар давраҳои гуногун таъин шуда буданд, ба баробар кам карда шуд. Вазорати кор ва таъмини иҷтимоӣ ҷонибдори он аст, ки минбаъд ҳам нафақаҳо ба тариқи диффиренсатсия баланд шаванд, на ба тариқи фоиз. Мо медонем, ки агар аз усули бо фоиз зиёд кардани нафақа истифода кунем, нафақаи баланд боз ҳамон миқдор баланд мешавад, яъне агар 200 сомонӣ бошад, 400 сомонӣ мешавад, аммо агар 20 сомонӣ бошад, ҳамагӣ 40 сомонӣ мешавад.»

Масъули идораи иҷтимоии ҳукумати вилояти Хатлон Ҳакимҷон Мирсаев инчунин хабар дод, ки дар соли ҷорӣ дар шаҳри Қўрғонтеппа як парваришгоҳи ҷадид барои кўдакони маълул ва бесаробон бунёд мегардад. Феълан дар қаламрави вилояти Хатлон танҳо ду парваришгоҳ барои ноболиғони маълул - дар навоҳии Восеъ ва Ёвон мавҷуданд, ки дар онҳо 230 нафар парасторӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG