Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниёзҳои сармоягузории хурд дар Тоҷикистон


Дар як конфронси миллии сармоягузориҳои хурд, ки ахиран дар Душанбе бо ширкати ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва созмонҳои хурди молиявии дохилӣ ва мақомоти давлатии кишвар баргузор шуд, масоили рушди соҳибкории хурд ва афзоиши қарзҳои кӯчак ба ин соҳа аз мавзӯъҳои аслӣ буд. Толиб Ғайратов, мудири иҷроияи Анҷумани созмонҳои хурди молиявии Тоҷикистон мегӯяд, пас аз ба тасвиб расидани қонун дар мавриди созмонҳои хурди молиявӣ дар соли 2004 дар ин самт дигаргуниҳо ба гунаи мусбат ба амал омад. Бо таъсиси созмонҳои хурди моливии дохилӣ ва Анҷумани ин созмонҳо сармоягузорӣ ба соҳа шурӯъ шуда ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дар ин маврид таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карданд. Вале ба эътиқоди ӯ ҷиҳади рушди соҳибкории хурд Тоҷикистон ба сармояи бештар ниёз дорад:

«Феълан бар асоси ҳисобҳои мо рушди сармоягузории хурд дар Тоҷикистон ба ҳудуди 300 миллион доллари амрикоӣ дар сол ниёз дорад. Аммо дар маҷмӯъ ҳар сол 25 миллион доллар сармоягузорӣ мешавад. Яъне барои рушди ин соҳа ва расидан ба ҳадафҳои барномаи рушди ҳазора, ҳамчунин коҳиши сатҳи қашшоқӣ ва ҳалли масоили иқтисодӣ сармояи бузург зарур аст.»

Оқои Ғайратов мегӯяд, ин дар ҳолест, ки бар изофаи Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд, ки тасмим дорад, сармоягузорӣ ба соҳаи маблағгузории хурди Тоҷикистонро афзоиш диҳад, Ожонсии амрикоии рушди байналмилалӣ низ тарҳи стротежии панҷсолаи рушди ин соҳа дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Ва ман мутмаинам, ки ин ниҳод низ ба соҳаи сармоягузории хурд маблағҳои ҳангуфтро ирсол хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, Ҷумъа Эшов, муовини раиси бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, феълан, дар Бонки миллӣ шӯъбаи махсуси назорат ва танзими фаъолияти созмонҳои хурди моливӣ таъсис шудааст:

«Барои рушди соҳибкории хурд дар Тоҷкистон феълан аз сӯи Бонки миллӣ 24 созмони хурди молиявӣ ҷиҳати гузаронидани амалиётҳои қарзӣ ба қайд гирифта ва дар Вазорати адлияи кишвар сабти ном шудаанд.»

Ҳамзамон бо нишасти мазкур, намоишгоҳи тавлидоти соҳибкорони маҳаллӣ, ки бо пуштибонии созмонҳои хурди молиявӣ фаъол шудаанд, баргузор шуд. Ин намоишгоҳ, аслан аз ҳунари саноеъи дастӣ иборат буд ва дар зимн ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ нақша ва тартиби пешниҳод қарзҳо ва натоиҷи фаъолияти худ ҷиҳати рушди сармоягузориҳои хурд дар Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.
XS
SM
MD
LG