Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналистиро дар куҷо меомӯзанд?


Барои як ҷавони тоҷик, ки дар дил ҳаваси рӯзноманигорӣ дорад, таҳсил дар ин соҳа дар Тоҷикистон кори душвор нест. Аммо танҳо дар назари аввал чунин менамояд. Дар асл дар Тоҷикистон бо роҳи таҳсил дар макотиби олӣ ба даст овардани маълумоти касбии журналистӣ кори саҳл нест. Ба гуфтаи муҳассилини риштаи рӯзноманигорӣ ва сардабирони бархе аз расонаҳои Тоҷикистон, чанд факулта ва бахшҳои рӯзноманигории макотиби олии кишвар дар ҳоли кунунӣ қодир нест рӯзноманигорони ояндаро бо донишҳои назариву амалии журналистикаи муосир мусаллаҳ гардонад. Аксари хатмкардаҳои риштаи рӯзноманигорӣ дар ҷойи кори худ дар ҳоле ҳозир мешаванд, ки ба фаъолияти касбӣ омода нестанд. Аз чанд хатмкунандаи бахши рӯзноманигории донишгоҳи давлатии Хуҷанд пурсидам, оё дониш ва малакаи дар муддати таҳсил ҳосилкардаи онҳо имкон медиҳад пас аз итмоми таҳсил ба ҳайси журналист дар ягон расона ба кор сар бикунанд?

Шоҳсанам Қосимова, донишҷӯи соли панҷум: "Таҷриба нишон дод, бисёр чизҳое, ки дар донишгоҳ омӯхтем, ба талаботи соҳаи журналистика ҷавоб дода наметавонад. То даме ки нозукиҳои касби журналистиро бо роҳи таҷриба наомӯзам, ҳамчун журналист кор карда наметавонам. Масалан, дар бораи кор дар телевизион ва радио, аз жанрҳои он тасаввуроти дуруст надоштам, танҳо вақти таҷрибаомӯзӣ дар соли чоруми таҳсил дидам, ки чи тавр ба навор мегиранд, чи тавр сужет ва матни онро тайёр кардан даркор аст.»

Хиромон Қаҳҳорова, донишҷӯи соли панҷум: "Дар донишгоҳ бештар дарсҳои ғайриихтисосӣ меомӯхтем. Акнун танҳо ба таҷрибаомӯзӣ (ба нашрияи «Вароруд») омада, навиштани хабару мақоларо машқ карда истодаам."

Коршиносони тоҷик дар умури журналистикаи касбӣ, набудани як барномаи мукаммали рӯзноманигорӣ ва утоқу студияҳои муҷаҳҳази таълимӣ дар риштаҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои Тоҷикистон, ҷорӣ набудани дарсҳои амалии журналистика, камбуди устодон аз ҳисоби журналистони касбӣ ва адабиёт ба забони тоҷикиро омилҳои муҳиме медонанд, ки омода намудани журналисти касбиро дар таълимгоҳҳо душвор сохтааст.

Журналисти шинохтаи тоҷик Хуршеди Атоулло, сарвари Маркази пажӯҳиши журналистӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, новобаста ба ин аз макотиби олии кишвар журналистони омода низ берун меоянд, аммо шумораи онҳо ангуштшумор буда, бештар бо кӯшиши шахсии худ ба сӯи журналистикаи касбӣ роҳ кушодаанд. Ӯ меафзояд: "Бояд гуфт, ки ки солҳои охир факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба пешравиҳое ҳам ноил шуд. Бо кӯмаки баъзе аз сафоратхонаҳо ва созмонҳои хориҷӣ ин факулта тавонист пойгоҳи фаннии омӯзишии худро мустаҳкам намояд. Вале дастрасии пайваста ба интернет ин ҷо нест. Ҳамчунин, як роҳнамоӣ ба донишҷӯён нест, ки онҳо бояд аз кадом сайтҳои интернет истифода кунанд барояшон беҳтар аст. Ҳамчунин усули таълим дар донишгоҳ қонеъкунанда нест ва бояд як барномаи мукаммали таълим таҳия гардад.»
Ба назари Хуршеди Атоулло, мувофиқ набудани раёсати Донишгоҳи миллӣ ба ин ки хабарнигорони касбии расонаҳои мустақили кишвар ба кори тадрис ва тарбияи журналистони оянда ҷалб гарданд, дигар аз авомилест, ки тайёр кардани мутахассисини рӯзноманигорро дар ин таълимгоҳ сангин гардонидааст.

Дар шароите, ки факулта ва бахшҳои рӯзноманигории Донишгоҳҳои Тоҷикистон наметавонад расонаҳои кишварро ба журналистони касбӣ таъмин кунад, бозомӯзии рӯзноманигорони навкор аз ҷониби худи расонаҳо ва созмонҳои журналистии кишвар сурат мегирад. Дар шаҳри Кӯлоб, ки Донишгоҳаш аслан факулта ва ё бахши рӯзноманигорӣ надорад, маркази иттилоъотии Хатлон-Пресс ба журналистшавандаҳои минтақа курси омӯзишӣ ҷорӣ кардааст. Аслидин Достиев, журналисти мустақил аз Кӯлоб дар ин маврид мегӯяд : «Журналистони касбие, ки дар ин марказ гирд омадаанд, як курси шашмоҳаи омӯзишӣ барои хабарнигорони расонаҳои маҳаллӣ кушоданд. Дар аввал гумон доштем ба ин курс 10-12 нафар ҷамъ меоянд, аммо аъди эълон шумораи хоҳишмандон ба 60 расид. Сабаби асосӣ ин буд, ки дар Донишгоҳи Кӯлоб шуъбаи журналистика вуҷуд надорад. Дар ин давраи омӯзишӣ ду журналисти касбӣ бо истифода аз Интернет нозукиҳои касби журналистика дар расонаҳои чопӣ ва радиову телевизион, аз ҷумла журналистикаи ғарбро ба рӯзноманигорони ҷавон таълим доданд."

Ҳамчунин дар назди Маркази пажуҳиши журналистӣ дар шаҳри Душанбе 20 донишҷӯи факултаҳои рӯзноманигорӣ журналистикаи амалӣ меомӯзанд. Аммо Хуршеди Атоулло, сарвари ин марказ мегӯяд, нақши омода кардани журналистони ҷавони ҷавобгӯ ба талаботи журналистикаи муосирро метавонад дар Тоҷикистон танҳо як донишкада ё институти вижаи мустақили рӯзноманигорӣ бар ӯҳда дошта бошад. Ба назари вай, дар ҳоли ҳозир вақти дар кишвар таъсис додани чунин як донишкадаи журналистӣ аст.
XS
SM
MD
LG