Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабабҳои густариши ришвахорӣ


шореҳи меҳмон Пӯшида нест, ки ришвахорӣ дар Тоҷикистон як падидаи фарогир шудааст. Дар идораҳои давлатӣ, корхонаву муассисаҳо, мактабу донишгоҳ, ҳатто дар ниҳодҳои ҳифзи қонун ришва меситонанд. Мегӯянд, дар кишвар ҳеч мушкиле бидуни ришва ҳал намешавад.

Албатта, ришвахорӣ дар замони шӯравӣ ҳам буд, вале на ба ин андоза. Ҳоло дар бештари кишварҳои шӯравии пешин, ба вижа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ришваситонӣ авҷ гирифтааст. Бино бар гузориши Созмони байналмиллалии Шаффофият (Transparency International), ин кишварҳо дар сархатти кишварҳои фасодзада ҷой гирифтаанд ва Тоҷикистон аз ҷумлаи даҳ кишвари фосидтарини ҷаҳон аст.

Равшан аст, ки ришвахорӣ боиси боло рафтани қимати колоҳо ва пойин омадани рақобатпазирии онҳо мегардад. Ин амр соҳибкоронро аз сармоягузорӣ ва густариши тавлидот боз медорад ва ба ин тартиб садди пешрафти иқтисод мегардад. Ҳамчунон рушди солими иҷтимоию фарҳангӣ ва суботи сиёсии кишварро ба хатар меандозад.
Ҳукумати Тоҷикистон муборизаро бар зидди фасод оғоз кардааст. Даҳҳо нафар аз кормандони идораҳою муассисоти давлатӣ ба ҷурми ришвахорӣ боздошту маҳкум шудаанд. Вале аз роҳи боздошту маҳкум кардани чанде аз ришвахорон наметавон фасодро решакан кард, зеро мубориза бо фарҷоми фасодкорӣ иллатҳои онро аз байн намебарад. Барои пок кардани ҷомеа аз фасод лозим аст, ки авомилу сабабҳои он аз байн бурда шаванд.
Яке аз муҳимтарин сабабҳои фасод фақр аст. Музди кори мардум, аз ҷумла кормандони давлат хеле ночиз аст. Бинобар ин, онҳо барои бароварда сохтани эҳтиёҷоти худ ва аҳли хонаводаашон даст ба аъмоли ғайриқонунӣ, аз љумла ришваситонию ришвадеҳӣ мезананд. Сабаби муҳими дигар он аст, ки сатҳи маърифат ва фарҳангии мардум, ба вижа кормандони идороти давлатӣ хеле пойин аст. Аз ин рӯ, онҳо наметавонанд нафси худро маҳор ва ба нони ҳалол қаноат кунанд.

Дар замони шӯравӣ музди кор, агарчи чандон зиёд набуд, вале ба маротиб бештар аз имрӯз буд. Бо он ҳам дар шароити ҷомеаи баста ва идеоложии коммунистӣ, мардум наметавонистанд ҳамаи эҳтиёҷоти худро бароварда созанд. Аз ин рӯ, бахше аз эҳтиёҷоти онҳо мавқуф гузошта мешуд. Ҳоло ки идеоложии коммунистӣ аз байн рафтааст ва ҳама чиз ҳатто виждону шарафи одамӣ хариду фурӯш мешавад, ҳама дар пайи ба даст овардани пули бештар мегарданд, то ҳам эҳтиёҷоти имрӯз ва ҳам эҳтиёҷоти аз замони шӯравӣ мавқуфмондаро бароварда созанд. Афзун бар ин, тамоюл ба меъёрҳои масрафи кишварҳои пешрафта бештар шудааст. Дар ҳоле ки музди миёнаи кор барои як ҳафта зиндагии фақирона намерасад, бисёриҳо мекӯшанд хонаҳои бошукӯҳу муҷаҳҳаз бо тамоми ашёю абзори рӯзгор, телевизору видео, компютару дивиди, телефонҳои сайёр, мошинҳои гаронқимат ва дигар васоили майишатро дошта бошанд. Онҳое, ки маърифати чандоне надоранд ва, бинобар ин, пойбанди виждону қонун ва ахлоқи инсонӣ нестанд, барои ба даст овардани пулу мол аз ришвахорӣ ва дигар аъмоли ғайриқонунӣ парҳез намекунанд.

Сабаби дигари густариши фасод набудани адолати иљтимоӣ дар ҷомеа аст. Дар ҷое ки камтар аз 10% аҳолӣ ҳиссаи бузурги даромаду сарвати кишварро соҳиб мешавад ва ҳукуматдорон шадидан олудаи фасод мебошанд, ин ба ҳолати равонӣ ва рафтори мардум таъсири манфӣ мерасонад ва худдорӣ кардан аз аъмоли ношоистаро мушкилтар месозад.
Як омили муҳими дигаре, ки заминаро барои густариши фасод мусойид месозад, шеваи коргузории идораҳои давлат аст. Ҳукуматдорони Тоҷикистон, ки асосан аз намояндагони табақаи ҳокими замони шӯравӣ иборатанд, имрӯз ҳам бо шеваҳои амру фармондеҳӣ кор мекунанд. Онҳо, агарчӣ аз демокросию иқтисоди бозор ҳарф мезананд, дар асл мекӯшанд, ки дар кишвар ҳамагон тобеъю вобастаи онҳо бошанд, ҳама зери фармони онҳо кору зиндагӣ кунанд, ҳатто корхонаҳои бахши хусусӣ. Музди каму хостҳои зиёд кормандони идороти давлатиро ба ришвахорӣ водор мекунад ва мақоми корманди ҳукумат барояшон имконияти ришваситониро фароҳам месозад. Аз сӯи дигар, сатҳи пойини маърифати ҳуқуқии мардум ва вобастагии онҳо аз мақомоти давлатӣ заминаи фасодкориро мусоидтар месозад.

Кӯтоҳи сухан, мубориза бар зидди фасод амри зарурист, аммо он дар сурате натиҷаи мусбат медиҳад, ки сабабҳои фасод, яъне фақру бекорӣ аз байн бурда шавад, сатҳи зиндагӣ ва маърифати мардум боло равад, мардум ва корхонаҳои тавлидӣ аз озодию мустақилияти бештар амалан бархурдор гарданд, ҳукуматдорон бомаърифату покдоман бошанд ва адлу дод дар ҷомеа хукмфармо гардад.
XS
SM
MD
LG