Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қонуни Асосӣ барои чист?


Коршиносон мегӯянд, Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон ҳеч вокунише дар мавриди баҳсҳои матруҳа сари масоили низоми пулии дармон, манъи мушорикати навҷавонони зери 16 сол дар маросими намозгузорӣ дар масҷидҳо, ҷилавгирӣ аз ҳузури духтарони ҳиҷобӣ дар макотиб ва ҳамин тавр дархости аҳзоби сиёсӣ ҷиҳати бознигарии натоиҷи интихоботи ахири порлумонӣ ба унвони ниҳоди қазоии ниҳоӣ дар кишвар нишон надодааст.

Бештари коршиносон нақши ин ниҳодро дар рафъи мушкилот ва мубоҳисоти ҳуқуқии ҷомеъа нокоромад ва номуваффақ арзёбӣ мекунанд. Ба назари коршиносон, ниҳоде, ки масъулияти аслии он санҷиши созгории асноди ҳуқуқӣ бо Қонуни асосии кишвар аст, маъмулан бетафовут ҷилва мекунад.

Муҳаммадшарифи Ҳимматзода - намояндаи Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон зимни интиқод аз фаъолияти Додгоҳи Қонуни Асосии кишвар гуфт, масъулони ин ниҳод вазоиф ва масъулиятҳои худро ба таври дақиқу рӯшан ва холисона анҷом намедиҳанд. Оқои Ҳимматзода барои намуна ба чанд дастури ахири вазорати омӯзиш ва парвариши кишвар дар мавриди манъи ҳузури навҷавонони зери 16 сол дар маросими намозгузории масоҷид ва ҷилавгирӣ аз вуруди духтарони ҳиҷобӣ ба макотиб ишора кард ва афзуд, ҳарчанд ин маворид боъиси нохушнудии бахше аз ҷомеъа шуда ва ба эътиқоди ӯ, бо Қонуни асосӣ ва меъёрҳои байнулмилалӣ муғоират дорад, аммо Додгоҳи Қонуни Асосии кишвар монеъ аз иҷрои онҳо нашуд. Вай афзуд:

"Мо аз худи Қонуни Асосӣ далелҳое овардем дар мавриди духтарҳо ва навҷавоне, ки зери фишор қарор гирифта буданд. Мутаассифона, фаъолияти Додгоҳи Қонуни Асосӣ назаррас нест. Дар ҳоле ки он бояд мутобиқати қонунҳоро бо Қонуни Асосӣ назорат кунад. Дар сурати аз тарафи мақомот пеш омадани хилофкорӣ, агар қонунҳое таҳия кунанд, ки хилофи Қонуни Асосӣ бошад, бидуни он ки аз касе дархост шавад, бояд вокуниш нишон диҳад. Дарки ман ин аст, ки то ҳол аз тарафи ҳамин мақом он қадар фаъъолияти ҷиддӣ зоҳир намешавад. Ҳамин масъалае, ки бархост - мақомоти давлатӣ ошкоро чизҳоеро хостанд татбиқ кунанд, ки бо меъёрҳои Қонуни Асосӣ муғоират дошт. Вале Додгоҳи Қонуни Асосӣ мавзеъи худро расман дар ин бора мушаххас накард".

Аммо масъулони Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон мегӯянд, танҳо дар сурати дархости катбии ин идора ҳаққи мудохила дар ин ё он масъалаи ҳуқуқиро доранд.

Мустафо Назаров, як додраси Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон дар ин бора гуфт:

"Қаблан мо чунин ҳаққе доштем. Мо ба ибтикори худ агар ошкор мекардем, ки як санади ҳуқуқӣ бо Қонуни Асосӣ созгор нест, худамон парванда боз карда, муҳокимаи онро шурӯъ мекардем. Вале вақте қонуни моро коршиносон омӯхтанд, ба хулосае омаданд, ки набояд чунин бошад. Онҳо гуфтанд, ки дар ин ҳолат шумо манфиъатдор мешавед - дар ҳоле ки худатон ҳам парванда боз мекунед, ҳам муҳокима мекунед ва ҳам ҳукм мекунед, ин нодуруст аст".

Вале ба бовари Раҳматулло Зоиров - ҳуқуқдон ва раҳбари Ҳизби Сусиёл-Демукроти Тоҷикистон Додгоҳи Қонуни Асосӣ набояд мунтазири дархости расмии созмон ё ниҳоди дигаре бимонад, то дар заминаи муқобила бо дастурҳои муғоир бо Қонуни Асосӣ дастбакор шавад.

Зеро Додгоҳи Қонуни Асосӣ баландтарин ниҳоди додрасии як кишвар аст ва истиқлоли амали он дар Қонуни Асосӣ зикр шудааст. Вай гуфт, вокуниши Додгоҳи Қонуни Асосӣ бояд мустақиму бевосита бошад:

"Додгоҳи Қонуни Асосӣ ваколатҳои зиёд дорад. Аммо то ҳамин рӯз ҳатто бист дарсади ин ваколатҳоро иҷро накардааст. Ин як баҳона аст, вақте мегӯяд, ки агар субъектҳое, ки ҳуқуқи муроҷиъат доранд, ба Додгоҳи Қонуни Асосӣ муроҷиъат накунанд ё ки тавофуқномаҳо қабл аз имзо барои санҷиш ба мо дода нашавад, мо наметавонем хулосаи худро эълом кунем. Ин нодуруст аст. Вақте президент бо фармон ба буҷаи давлатӣ тағйирот ворид мекунад ё ки аз буҷа пул ихтисос меёбад, ин ҳам ғайриқонунист. Зеро буҷаро танҳо бар асоси қонун метавон тағйир дод. Бо фармон ислоҳ кардан нодуруст аст. Ин ҳолатҳоро Додгоҳи Қонуни Асосӣ арзёбӣ накардааст".

Мустафо Назаров - додраси Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон ба навбаи худ мегӯяд, ҳарчанд ин додгоҳ аз салоҳияти мудохилаи мустақиму бевосита дар аснод ва меъёрҳои ҳуқуқӣ бархурдор нест, аммо бо ирсоли нома раисиҷумҳурӣ, Маҷлиси Олӣ ва мақомоти зидахлро аз мавориди ихтилоф ва таноқузи меъёрҳо бо Қонуни Асосӣ огоҳ мекунад.

Вале бисёре аз коршиносони умури ҳуқуқӣ мегӯянд, ки сукути масъулони Додгоҳи Қонуни Асосӣ дар баробари бархе аз дастурҳо ва қарорҳои муғоир бо Қонуни Асосӣ истиқлоли ин ниҳодро аз байн бурда ва онро бештар пойбанди қувваи иҷроия кардааст.

Ин коршиносон барои исботи иддаъои худ ба сукути Додгоҳи Қонуни Асосӣ дар баробари мавориде чун бахшидани порае аз хоки кишвар ба давлати Чин ва баҳси миёни Раҳматулло Зоиров ва порлумони Тоҷикистон дар бораи машрӯъияти фаъолияти раисиҷумҳурии феълӣ ва ҳаққи ширкати ӯ дар интихоботи оянда ишора мекунанд.
XS
SM
MD
LG