Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон --141-ум


Тими мунтахаби Бразил бо 835 имтиёз миёни 205 кишвари ҷаҳон дар мақоми нахуст аст. Тимҳои миллии Ҷумҳурии Чех бо 789 имтиёз мақоми дуввум, Ҳуланд бо 788 имтиёз мақоми севвум, Аргентина бо 765 имтиёз мақоми чаҳорум ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 764 имтиёз мақоми панҷумро ишғол кардаанд.

Беҳтарин тими қораи Осиё - Жопун мисли пешин бо 712 имтиёз дар мақоми 18-ум қарор гирифтааст.Тими миллии Эрон, ки дар Осиё мақоми дуввумро ишғол мекунад, дар ҷадвали FIFA бо 705 имтиёз се зина болотар - ба ҷойи 16-ум баромадааст. Дастаи мунтахаби Узбакистон бо 573 имтиёз ҷойгоҳашро дар мақоми шасту якум нигаҳ доштааст. Тими миллии Туркманистон бо 381 имтиёз ду зина поинтар - ба ҷойи яксаду ҳаждаҳум суқут кардааст. Тими мунтахаби Қазоқистон бо 323 имтиёз се зина болотар - ба ҷойи яксаду сиву чаҳорум баромадааст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 297 имтиёз дар ҷадвали нави FIFA ҷойгоҳашро дар зинаи яксаду чилу якум нигаҳ доштааст ва миёни кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ танҳо аз тими Қирғизистон пеш гузаштааст. Дастаи Қирғизистон бо 233 имтиёз мисли пешин дар ҷои яксаду панҷоҳу нуҳум қарор дорад.

Ҷойгоҳи дигар дастаҳои мунтахаби кишварҳои Шӯравии пешин чунин аст: 35. Русия (657 имтиёз), 42. Украина (624), 63. Белорус (565), 68. Латвия (555), 79. Эстония (539), 96. Литва (478), 104. Гурҷистон (459), 107. Молдова (437), 109. Арманистон (427), 114. Озарбойҷон (392).

Боз як хабар барои ҳаводорони футбол. Бино ба иттилоъи Мирзо Муҳаммадҷонов - муъовини раиси Федератсиони футболи Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 17 март дар шаҳри Душанбе мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона оғоз мешавад. Дар ин мусобиқот чаҳор дастаи мунтахаби бонувон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG