Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захираҳои азими нафт дар шимоли Афғонистон


Кашшофони Иёлоти Муттаҳида ва Афғонистон пас аз таҳқиқи ду ҳавзаи геологӣ дар шимоли Афғонистон ба кашфи захираҳои бузурги нафту газ ноил шуданд. Онҳо мегӯянд, захираҳои нафт дар ин ҷо 18 ва конҳои газ се баробар беш аз интизор будаанд.
Дар ҳавзаи мавсум ба Тоҷик-Афғон 1 миллиарду 600 миллион бушка нафт ва дар минтақаи дигар дар имтидоди рӯдхонаи Ому 720 миллиард метри мукааб гази табиӣ ёфт шудааст.
Президенти Афғонистон Ҳомид карзай аз ин хабар истиқбол кард ва гуфт, "ин бисёр хабари мусбат аст, зеро кишвар ҳоло бо харҷи зиёд маводи инержӣ ворид мекунад, аз ҷумла нирӯи барқ."
Дар гузашта дар ин манотиқ заминшиносони шӯравӣ кор кардаанд, вале захираҳои нафту газро дар ин ҷо хеле камтар аз он чи акнун кашф шуд, тахмин задаанд.
Кафили мудири Баррасии маъданшиносии Иёлоти Муттаҳида Петрик Леҳӣ гуфтааст, аз эҳтимол дур нест, ки идомаи пажӯҳишҳо захираҳои наверо боз кунад. Сафири Афғонистон дар Иёлоти Муттаҳида Саид Тайиб Ҷавод мегӯяд, захираҳои кашфшуда дар сатҳи нисбатан болоии замин мавҷуд буда, истихроҷи нафт ва газ дар шимоли Афғонистон бо сармояҳои камтарин низ имконпазир аст. Вай тахмин задааст, ки дар ду ё се соли дигар истихроҷи нафт ва газ шурӯъ хоҳад шуд. Аммо коршиноси мустақил ва собиқ мудири идораи улуми байнулмилал ва фанноварӣ дар Вазорати инержии Иёлоти Муттаҳида Баррӣ Гейл мегӯяд, "бо дарназардошти вазъи амниятӣ дар Афғонистон ин як сармоягузории хатарнок хоҳад буд, аммо рақобати сахти байни ширкатҳои байнулмилал онҳоро таҳрик хоҳад дод, ки пой ба дари захираҳои инержии Осиёи Марказӣ гузоранд."
Моҳи гузашта ҳайъатҳои давлатии Тоҷикистону Афғонистон масъалаҳои интиқоли нирӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва гази Афғонистон ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Бо кашфи захираҳои азими нафт дар ҳамсоягии худ Тоҷикистон хоҳад тавонист, эҳтиёҷи худро аз ин ҷо таъмин кунад. Аммо муҳимтар аз ин Тоҷикистон метавонад, бо истифода аз мутахассисони худ дар истихроҷ ва коркарди нафту гази шимоли Афғонистон саҳм бигирад.
XS
SM
MD
LG