Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе дар ҷои аввал


Мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии шаҳри Душанбе оид ба карате-до бо пирӯзии дастаи пойтахти Тоҷикистон ба анҷом расид. Тими меҳмон -- мунтахаби Эрон мақоми дуввумро касб кард. Дастаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар мақоми севвум қарор гирифт.

Дар рақобатҳои инфиродӣ миёни бонувон Нигина Имомова, Нигина Хайруллоева, ҳарду аз Душанбе, Дилором Шерова аз ноҳияи Варзоб ва Таргули Бахтиёрванд аз Ҷумҳурии Исломии Эрон муваффақ ба дарёфти медалҳои тилло шуданд. Дар сабқати мардон мувофиқи синну сол ва вазни худ Суннатулло Ҳасанов, Абубакр Ҳусайнов, Комрони Пӯлодӣ, ҳарсе аз Душанбе, Сиёвуш Боев, Далер Сафоев ва Мадалӣ Умедов, ҳарсе аз Ёвон, Сӯҳроб Раҳмонзода аз Варзоб, Фирӯз Темуров аз шаҳри Турсунзода, Абдулазиз Ҳамидов аз Кӯлоб ва Хошоёри Бағоӣ аз Эрон пирӯз гаштанд.

Баҳром Ҳамидов, дабири кулли Федератсиони карате-дои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, варзишгарони тоҷик ба мусобиқоти қаҳрамонии кишвар, ки авоили моҳи апрел дар шаҳри Душанбе доир мешавад, омодагӣ мегиранд. Вай гуфт, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба карате-до барои дарёфти Ҷоми Сато Тетсуо - поягузори ин навъи варзиш дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки моҳи май дар шаҳри Маскав баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG