Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуллори шумо чи рангист?


Шафақати Раҷабиён Давлати Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ахиран искиносҳои тозаи 10-дуллориро чоп кардааст. Тайи солҳои 2003 ва 2004 искиносҳои ҷадиди 20 ва 50-дуллорӣ вориди бозор шуда буд ва интизор меравад ба зудӣ искиносҳои 100-дуллорӣ низ бо намое тоза ба гардиш биуфтад.

Искиносҳои ҷадид камтар қобили ҷаълу тақаллубанд ва санҷиши асолати онҳо илзоман чашми коршинос намехоҳад. Мову шумо ҳам қодир ба ин кор хоҳем буд. Дигар ин ки ин искиносҳо тавассути тозатарин фанноварии зарби искиносҳо тавлид шудаанд. Хушбахтона, мутахассисони ҷаъли искиносҳо ҳанӯз ба ин навъи фанноварӣ дастрасӣ надоранд. Албатта, хушбахтона барои онҳое, ки коре бо ҷаъли искиносҳо надоранд.

Умдатарин тафовути искиносҳои нав аз куҳна рангҳои равшанест, ки бар заминаи искиносҳо афзуда шудааст. Истифода аз рангҳои мутанаввеъ мусалламан ба манфиъати ҷаълкорон нест. Зимнан, искиносҳо бо арзишҳои мухталиф рангҳову тобишҳои вижаи худро хоҳанд дошт ва агар касе қодир ба хондани шумораҳо набошад (мутмаиннан, ин нукта ба шумо рабте надорад), аз рангу рӯи искиносҳо метавонад арзиши онҳоро ташхис диҳад.

Аммо барои ин ки дили мову шумо танги дуллорҳои қадимӣ нашавад, тарроҳони искиносҳои ҷадид андоза, намои куллӣ ва ҳиссеро, ки дуллор ба ангуштони мо медиҳад, ҳифз кардаанд. Яъне роиҷтарин арзи ҷаҳон ҳамчунон қобили шинохт, маънус ва ба таври хоссе малмус хоҳад монд.

Дар заминаи искиносҳои ҷадиди 10-дуллорӣ рангҳои камъумқи норинҷӣ, зард ва сурх қобили руъят аст. Машъали сурхи Тандиси Озодӣ ва ҷумлаи "We the People" (Мо, мардум) аз Қонуни Асосии Омрико аз дигар мушаххасаҳои искиноси ҷадид аст.

Давлати Омрико тасмим гирифтааст ҳар 7 то 10 сол ба таҷдиди искиносҳо бипардозад, то дуллоре, ки ба заҳмат ба дасти шумо мерасад, ҷаълӣ набошад ва заҳамоти шуморо нақши бар об накунад.
XS
SM
MD
LG