Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизб-ут-таҳрир ва занон


Аксари намояндагони мақомот, аҳзоби сиёсӣ ва коршиносони умури занон дар вилояти Суғд бар он ақидаанд, ки нодорӣ ва қашшоқӣ, ноогоҳӣ аз дини исломӣ ва пастии маълумоти ҳуқуқӣ як иддаи занони аз нигоҳи иҷтимоӣ барканормондаро ба сӯи Ҳизб-ут-таҳрир мебарад.
Саид Ҷӯрахонов, муовини аввали сардори раёсати идораи умури дохилаи Суғд ангезаҳои молиявиро омили асосӣ барои пайвасти занон ба Ҳизб-ут-таҳрир медонад:

«Омили аввал ба даст овардани моликият, пул аст, ки ҷавонону занонро ба ҳаракати таҳрир ҷалб мекунад. Мисли он ки ба ҳаракати инқилобии соли 1917 низ одамонро бо пулу мол ташвиқ мекарданд. Сабаби дуюм, шуурнокии пасти одамоне, ки ба ин ҳаракати мамнуъ ҳамроҳ мешаванд. Агар дар бораи донишҷӯён гап равад, ин ҷо низ омили пул аст. Яъне, варақа паҳн мекунӣ, маблағатро мегирӣ. Сабаби сеюм ин ки одаме, ки ба Ҳизб-ут-таҳрир шомил шуд, қасам қабул мекунад ва аз рӯи он қасам, масалан, як зан боз чаҳор зани дигарро ба ин ҳаракат даъват кунад.»

Аммо оқои Ҷӯрахонов дар мавриди сарчашмаи молиявии Ҳизб- ут-таҳрир гуфт, ки он асосан на аз дохил, балки берун аз қаламрави Тоҷикистон таъмин карда мешавад:

«Аз дохили ҳукумати Тоҷикистон инҳоро касе дастгирӣ намекунад. Асосан аз Покистон, Эрон ва Афғонистон дастгирии молӣ меёбанд.»

Вале Биҳоҷал Раҳимова, коршиноси Суғд дар умури занон бар он аст, ки набуди тарғибу ташвиқ алайҳи Ҳизб- ут -таҳрир аз ҷониби мақомоти масъули давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ роҳро ба густариши фаъолияти ин ҳаракати мамнуъ боз гузоштааст:

«Он ҷанбаҳои тундгароёнае, ки дар таълимоти Ҳизб-ут-таҳрир дида мешавад, ба мисли ҷиҳод ва масъалаҳои дигаре, ки дар варақаву адабиёти ин ҳаракат дида мешавад, ба назарам, ин чизҳоро одамон дуруст дарк намекунанд. Ва намедонанд, ки ин ақидаҳо бо фармудаҳои дини мубини ислом умумияте надоранд. Вале ба фикри ман, ин чизро намояндагони имрӯзаи дин ҳам ба дараҷаи лозимӣ ба одамон фаҳмонида натавониста истодаанд.»

Дар ин робита Ҳафиза Содиқова, масъули бахши бонувони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, ноогоҳии занон аз таълимоти ҳақиқӣ ва дурусти ислом боиси гароиши онҳо ба ҳаракатҳои ифротгароёнаи мазҳабӣ, ба мисли Ҳизб-ут-таҳрир гаштааст:

«Аммо пайравӣ ба исломи ҳақиқӣ чизи дигар асту гаравиш ба Ҳизб-ут-таҳрир чизи дигар. Имрӯз ба сабаби фарқ нагузоштан байни ин ду мафҳум кори чанд занону духтарони мо то ба боздошт шудан расидааст. Ман фикр мекунам, сабаби аслии ба Ҳизб-ут-таҳрир шомил шудани занон ин надонистани исломи ҳақиқӣ аст. Агар дар мактабҳои миёна фанни таърихи дин ба таври умумӣ неву ба шакли таърихи ислом омӯзонида мешуд, ҷавонону занон аз исломи ҳақиқӣ огоҳӣ пайдо карда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ намегаравиданд. Ғайр аз ин, ба назари ман, баста шудани дарҳои масҷид бар рӯи занон дарҳои касби илму маърифати исломиро низ бар рӯи онҳо баста, роҳи гароиш ба ҳаракатҳои мазҳабии ғайриқонуниро боз гузоштааст.»

Ба назари Муяссар Зокирова, сарвари Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати Суғд, ҷалби бештари занон ба кору фаъолият бо фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ ва баргузидани онҳо ба мақомҳои давлатӣ низ чораи муассире дар пешгирӣ аз пайвастани онҳо ба ҳаракатҳои тундгарои мазҳабӣ, ба мисли Ҳизб- ут-таҳрир хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG