Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазьи маориф дар вилояти Хатлон


Қўрғонтеппа Зимни ҷаласаи сайёри як гурўҳи кории вазорати маориф, ки дар ноҳияи Қабодиён баргузор шуд, Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, мушкили аслии соҳаи маориф дар навоҳии минтақаи Қўрғонтеппа нарасидани омўзгорон, камбуди китобҳои таълимӣ ва таъмиру таҷдиди мактабҳост.

Вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, имрўз дар саросари кишвар зиёда аз 600 мактаб намерасад ва аз ин лиҳоз дарсҳо дар ду ва се баст доир мешавад. Ин дар ҳолест, ки Бонки ҷаҳонӣ ба вазорати маорифи Тоҷикистон барои бунёди мактабҳои нав беш аз нўҳ миллион доллари амрикоӣ ва ҳукумати Олмон панҷ миллион евро кўмаки билоаваз додаанд. Зимнан, бо истифода аз ин маблағҳо 15 мактаби дар ҳоли садамавӣ қарордоштаи ноҳияи Қабодиён таъмиру тармим мешавад. Абдуҷаббор Раҳмонов дар ин робита афзуд:

«Мо омодаем, ки мактабҳое, ки сохтмонашон нотамом ё нимтайёр аст, ё таъмирталаб аст, ҳамаи онҳоро аз таъмир барорем. Агар ҳамин сол мо ин маблағро хуб истифода бурда тавонем, соли оянда низ ба ҳамин миқдор маблағ барои пешрафти соҳаи маориф ҷудо карда мешавад ва дар маҷмўъ, ҳаҷми ин кўмакпулӣ 18,4 миллион доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод.»

Дар ҳамин ҳол, роҳбари гурўҳи кории вазорати маориф дар водии Вахш, Бибиҳаво Исоева вазъи омўзишу парвариш дар шаҳри Қўрғонтеппа, маркази вилояти Хатлонро мавриди интиқод қарор дод ва гуфт, шароити таълим ва савияи дониши муҳассилини коллеҷҳои омўзгории ин шаҳр ғайриқаноатбахш аст:

«Мо дар коллеҷи омўзгории назди Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа будем. Аввал ин ки бинои коллеҷ дар ҳолати ниҳоят ногувор қарор дорад. Бино таъмирталаб буда, ошхона ва як қисмати таълимии бино дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтааст. Хобгоҳи бино тамоман ҳолати ғайрисанитарӣ дошта, як қисми онро полиси андоз ва қисми дигари биноро нашрияи ҳукуматии «Хатлон» аз худ кардааст. Таълиму тарбия ҳам дар ин коллеҷ ниҳоят суст ба роҳ монда шудааст. Вақте мо дар ин коллеҷ будем, ягон донишҷў салом ҳам намедиҳад ва инҳо омўзгорони оянда ҳастанд.»

Бино ба иттилоъи идораи маорифи вилояти Хатлон, феълан, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии минтақа ба ҳудуди сеюним ҳазор омўзгор ниёз доранд. Сафарбек Тағойбеков, муовини раиси идораи маорифи вилояти Хатлон дар сўҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, айни замон дар риштаҳои омўзгории донишгоҳҳои вилоят ҳудуди 11 ҳазор донишҷў таҳсил мекунад ва ояндаи наздик ин мушкили муассисаҳои таълимӣ ҳал хоҳад шуд. Вале барои ҷалби омўзгорони ҷавон барои кор дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд? Сафарбек Тағойбеков, муовини раиси идораи маорифи вилояти Хатлон:

«Соли гузашта мо ҳудуди якуним ҳазор мутахассиси ҷавонро барои кор ба мактабҳои вилоят ирсол кардем, аммо танҳо 60 дар сади онҳо барои кор ба мактабҳо рафтанд. Мушкили дигар ин аст, ки мутахассисони ҷавон манзили истиқоматӣ надоранд ва аз ин лиҳоз шояд ба мактабҳои ноҳия ва деҳот намераванд. Дар ин робита мақомоти ноҳияи Қумсангир кори наҷиберо пеш гирифтаанд. Ба муаллимони ҷавон тамоми шароити рўзгор аз зарф то телевизорҳои ранга дода мешавад.»

Дар соли гузашта дар қаламрави вилояти Хатлон ҳафт муассисаи таълимӣ барои беш аз се ҳазор хонанда бунёд гардида, феълан сохтмони 17 мактаби дигар идома дорад. Аммо масъулини идораи маорифи Хатлон мегўянд, танҳо бо ин ки ҳудуди 40 мактаби нав сохта мавриди истифода қарор биирад, камбуди мактабҳо ва ҷойҳои нишаст бартараф хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG