Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ва роҳҳои пешорӯи он


Шафақати Раҷабиён Гузоришҳои расида аз Вен, маҳалли баргузории нишасти 35 узви Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ, ҳокӣ аз он аст, ки ин шӯро дар ҳоли баррасии чанд роҳи бурунрафт аз буҳрони ҳастаии Эрон аст.

Яке аз ин гузинаҳо марбут ба муддатзамони таъвиқи амалиёти ғанисозии урониюм тавассути Эрон аст. Ба гуфтаи диплумотҳо, Эрон моил аст барои ду сол ғанисозии урониюмро мутаваққиф кунад, аммо аъзои урупоии Шӯрои ҳукком хостори эъмоли таъвиқе тӯлонитар ҳастанд, ки ба эҳтимоли зиёд мувофиқати Эронро дар пай нахоҳад дошт.

Бино бар ҳамин гузоришҳо, мумкин аст мавзӯъи додани иҷоза ба Эрон барои ғанисозии маҳдуди урониюм дар дохили Эрон низ дар дасти баррасӣ бошад. Дар ҳоле ки гуфта мешавад, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ин пешниҳодро намеписандад, зеро Омрико дар канори шуморе аз кишварҳои урупоӣ гумон мекунанд, ки Теҳрон қасди тавлиди бумби атумиро дорад. Вале Эрон иддаъо мекунад, ки барномаи ҳастаии он сирфан сулҳомез аст. Ин иддаъои Теҳрон то кунун эътимоди андак афродеро барангехтааст ва бахши аъзами ҷомеъаи байналмилалӣ ҳамчунон ба садоқати каломи мақомоти эронӣ бовар надоранд.

Скотт МакКлеллан - сухангӯи Кохи Сафед муътақид аст, ки то кунун давлати Эрон собит кардааст, ки сазовори эътимод нест. Вай афзуд:

"Режими Эрон ҳамчунон дар ҳоли ироди изҳороти иғвоангез аст ва ҳамчунон аъмоли дасисаҷӯёнае анҷом медиҳад ва бад-ин гуна беш аз пеш аз чомеъаи байналмилалӣ канор мемонад. Мо бо Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ ва аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милал дар бораи наҳваи бархурд бо ин масъала гуфтугӯ хоҳем кард, то чигунагии чилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба чангафзорҳои ҳастаӣ ба баҳонаи пешбурди як барномаи ғайринизомӣ равшан шавад".

Вале Муҳаммади Бародеӣ - раиси Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ, ки нақше калидӣ дар талош барои ҳалли ин буҳронро дорад, дар мавриди пайдо кардани роҳи бурунрафт аз бунбасти ҳастаии Эрон дар нишасти феълӣ изҳори бадбинӣ мекунад. Вай дар гузориши ахири худ ба Шӯрои ҳуккоми Ожонс гуфт, ки мутассифона, дурнамои феълии қазия ба монанди сиришти барномаи ҳастаии Эрон ҳамчунон тираву норавшан аст ва интизор намеравад, ки дар нишасти ҷории Ожонс ин норавшаниҳо бартараф шавад. Аммо вай ҳушдор дод, ки чанд нуктаи муҳимми барномаи ҳастаии Эрон бояд тайи ин нишаст равшан шавад.

Вале мақомоти эронӣ ҳамчунон аз эҳтимоли тарҳи масъалаи ҳастаии Эрон дар Шӯрои амнияти созмони Милал нигарон ба назар мерасанд. Алиасғари Султония - фиристодаи Эрон дар Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ мегӯяд:

"Боъиси таассуф аст, ки танҳо ба хотири оғози пажӯҳишҳои ҳастаии Эрон қатъномае содир шуда ва интизор меравад ин мавзӯъ дар Шӯрои амнияти Созмони Милал низ баррасӣ шавад. Дар воқеъ, мо шоҳиди муҷозоти як узви Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ ҳастем, ки хостааст дар заминаи ҳастаӣ зери назари Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ таҳқиқоте анҷом диҳад. Дар айни ҳол, кишварҳое, ки узви ин паймон нестанд, ба ин арса дастрасии бештаре доранд ва бо иттилоъоти фаннии марбута таъмин мешаванд ва як кишвари узви ин паймон тайи 3 даҳаи ахир аз ин ҳақ бебаҳра будааст".

Аз сӯи дигар, Маҳмуди Аҳмадинажод - раисиҷумҳурии Эрон аз Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ хостааст, ки ба хотири таъвиқи фаъолиятҳои ҳастаии ҳассоси Эрон аз соли 2003 бад-ин сӯ ба Эрон ғаромат бипардозад. Аммо ҳатто кишварҳое, ки дар бархурд бо Эрон лаҳни нармтаре иттихоз кардаанд, давлати Эронро ба ҳамкории тамому комил бо Ожонс фаро мехонанд. Аз ҷумла давлати Чин, ки вазири хориҷаи он Ли Жаошинг мегӯяд:

"Эрон ба унвони як узви Паймони манъи густариши ҷангафзорҳои ҳастаӣ дорои ҳаққи истифодаи сулҳомез ва ғайринизомӣ аз нирӯи ҳастаӣ ҳаст. Ва мусалламан, давлати Эрон бояд ба таъаҳҳудоти худ, ки дар он паймон омадааст, пойбанд бимонад. Мо умедворем, ки Эрон бо Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ ҳамкории танготанге барқарор хоҳад кард, то роҳи ҳалле барои ин мушкил пайдо шавад".

Дар ҳамин ҳол, Ванг Гуангйа - сафири Чин дар Созмони Милали Муттаҳид дишаб дар Нйу Йорк гуфт, ки Чин усулан ҳаргиз аз пешниҳоди эъмоли таҳрим алайҳи Эрон ҳимоят нахоҳад кард, зеро ба гуфтаи вай, ҳамеша аз таҳримҳо мардуми одӣ бештар зиён мебинанд. Бисёре аз таҳлилгарон бар ин боваранд, ки эъмоли ҳар навъ таҳрими иқтисодӣ бар Эрон ба равобити бозаргонӣ ва иқтисодии густардаи миёни Эрону Чин латма ворид хоҳад кард. Бархурди муҳтотонаи Русия бо қазияи Эрон низ маъмулан ҳамин гуна тавҷеҳ мешавад.
XS
SM
MD
LG