Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамони шатранҷи Тоҷикистон


Фаррух Амонатов, шатранҷбози 28-солаи тоҷик қаҳрамони шоҳмоти Тоҷикистон миёни мардон дар соли 2006 гардид. Вай дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, ки дар толори мактаби шоҳмоти шаҳри Душанбе тӯли дувоздаҳ рӯз идома кард, бар ҳамаи ҳарифони худ ғолиб омада, дар 15 бозӣ 15 имтиёз ба даст овард.

Фаррух Амонатов, ягона гроссмейстери байналмилалӣ миёни шатранҷбозони тоҷик аст, ки солҳои ахир дар шаҳри Маскави Русия ба сар мебарад ва дар мусобиқоти мухталиф фаъолона ширкат меварзад. Вай соли 2004 қаҳрамон ва соли гузашта барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти шаҳри Маскав гаштааст.
Ӯ мегӯяд, бо даъвати раиси Федератсиони шоҳмоти Тоҷикистон Ёралӣ Кукузов ба Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар омадааст. Вай афзуд, дар ин мусобиқот ҳарифонаш зӯртарин шатранҷбозони кишвар буданд ва ба ӯ муяссар шуд, ки нахустин бор соҳиби унвони қаҳрамони шоҳмоти Тоҷикистон гардад.

Шатранҷбозони пуртаҷрибаи душанбегӣ -- устоди байналмилалӣ Ҷамшед Исоев бо 11,5 имтиёз мақоми дуввум ва устоди варзиш Рашид Ҳусейнов бо 10,5 имтиёз мақоми севвумро ишғол карданд. Ҳамчунин шоҳмотбози ҷавону умедбахш Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев аз ноҳияи Исфара, ки маҳорати баланд зоҳир кард, бо 9,5 имтиёз дар мақоми чаҳорум қарор гирифт.

Ба гуфтаи Фаррух Амонатов чаҳор нафар беҳтарин шатранҷбози мусобиқоти қаҳрамонии кишвар дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шарафи кишварро дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Турини Италия баргузор мешавад, ҳимоя хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG