Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури Чин дар Тоҷикистон


Агарчи чанд сол пеш Чин, ҳамсояи азими Тоҷикистон, бо моли камсифат, аммо муносиби ҷайби мардуми Тоҷикистон худро муаррифӣ карда буд, ҳоло ҷасурона барномаҳои сангини иқтисодиро бар дӯш мегирад ва мехоҳад, дар иқтисодиёти Тоҷикистон ҷойгоҳи қавӣ дошта бошад. Чунончи, ахиран Чин иҷрои барномаҳоеро ба монанди тармиму бозсохти шоҳроҳи Душанбе -- Ҷиргатол, кандани нақби Шаршар, бунёди нирӯгоҳи барқи обии Шӯробод, тақвияти нирӯгоҳи барқи обии Қайроқумро дар пеш гирифтааст. Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ҳаким Солиев мегӯяд, табодули мол бо Чин назар ба соли 2000-ум беш аз 20 мартаба зиёд шуда, танҳо имсол ин адад 53 дарсад афзоиш ёфтааст.
Аммо оё ҳадафҳои Чин танҳо иқтисодиянд? Чаро Пекин барои омӯзиши вазъ дар Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа, ба гуфтаи коршиноси тоҷик Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, ки чанде пеш аз Чин баргашт, як Пажӯҳишгоҳи инқилобҳои рангаро таъсис додааст?

Барои шунидани ин барнома ва ақидаи коршиносони гуногун, лутфан, рамзи радиоро дар охири сарлавҳа "ангушт" занед.
XS
SM
MD
LG