Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи ҳифзи қаторкӯҳҳои Ҳисор


Бо пуштибонии молии созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Барномаи рушди Созмони Милал ва КARE Интернешнл, қарор аст, зимни татбиқи барномае таҳти унвони «Ҳудудҳои миллии муҳофизатшаванда ва идоракунии биологии қаторкӯҳҳои Ҳисор», дар панҷ соли оянда вазъи экологии беш аз се миллион ҳектар замину ҷангалзори Тоҷикистон беҳбуд бахшида ва сарватҳои табииву олами набототу ҳайвоноти он ҳифз карда шавад. Нино Нодирадзе, намояндаи созмони байналмилалии КАРЕ Интернешнл дар Тоҷикистон ва масъули барномаи мазбур гуфт, дар баробари қаторкӯҳҳои Ҳисор, ин барнома ҳамчунин, ҳудуди ноҳияҳои Шаҳринаву Турсунзода, мамнӯъгоҳи Ромит дар ноҳияи Ваҳдат ва ноҳияи Варзобро дар бар гирифтааст. Хонум Нодирадзе афзуд, ҳадафи аслии ин барнома зери ҳимояи қонун қарор додани ҳудудҳои табиии муҳофизатшаванда, боло бурдани донишҳои ҳуқуқӣ ва экологии аҳолӣ ва кормандони соҳаи ҳифзи табиат, таҷдид ва рушди сохтори соҳаи мазбур мебошад.
Кокул Кассиров, раиси идораи давлатии Боғи миллии Тоҷикистон, мегӯяд татбиқи чунин як барнома дар Тоҷикистон метавонад дар роҳи коҳиши фақр дар кишвар мусоидат кунад, зеро дар ҷараёни татбиқи он одамони зиёде бо ҷои кор таъмин мешаванд.
Созмонҳои байналмилалӣ барои татбиқи барномаи «Ҳудудҳои муҳофизатшавандаи қаторкӯҳҳои Ҳисор, Ваҳдат ва Варзоб» ҳудуди ду миллион доллари амрикоӣ кӯмаки билоиваз карданд. Вале, ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон барои татбиқи ин барнома ба даҳҳо миллион доллари амрикоӣ ниёз дорад.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG